“Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар қаламрави ҷамоатҳои деҳот ва шаҳри Ваҳдат барои хизматрасонии аввалияи тиббию санитарӣ ва профилактикӣ ба аҳолӣ як Маркази саломатии шаҳрӣ (бо 450-600 қабул дар як баст) бо филиали он (бо 300-400 қабул дар як баст), 30 Маркази саломатии деҳотӣ ва 84 Бунгоҳҳои саломатӣ, дар умум 116 муассисаҳои тиббӣ фаъолият менамоянд.
Давоми 12 моҳи соли 2024 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд нисбати соли қаблӣ 793 нафар зиёд шудааст. Таваллуд дар хона 12 моҳи 2024-ум 316 нафар ва дар 12 моҳи 2023 бошад, 372 нафарро ташкил медиҳад. Саривақт дарёфт намудан ва ба қайд гирифтани ҳомиладорон аз кори хуби момодояҳо, ҳамшираҳои минтақавӣ, табибони оилавӣ ва дояпизишкон дар минтақаҳо дарак медиҳад.
Маъюбият
Айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат 5550 нафар ҳамчун маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳисоби умумии аҳолӣ 1,4 фоизро ташкил медиҳад. Маъюбони то 18-сола 1349 ва калонсолон бошад 4151 нафар ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор ба гуруҳи якум 633 нафар, гуруҳи дуюм 2423 ва ба гуруҳи сеюм 1095 нафар дохил мешаванд.
Муоинаи ройгон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ
Ҳар ҳафта, тибқи реҷаи тартибдодашуда, рӯзи чоршанбе мутахассисони шабакаи КАТС вазъи саломатии аҳолиро дар марказҳои саломатии деҳот ройгон муоина карда, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Дар назди ҷамъомадагон масъулини соҳа баромад намуда, дар мавзуҳои мухталифи соҳа, аз қабили пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, пешгирии бемориҳои фишорбаландӣ, пешгирии бемории камхунӣ, пешгирии бемории диабети қанд, пешгирии бемории ВНМО/БПНМ, пешгирии бемории сил, ғизои зани ҳомила, моҳияти саривақтии эмгузарониҳои тақвимӣ, пешгирии бемориҳои дарунравӣ дар байни кӯдакон ва дигар мавзуъҳо баромад менамоянд. Дар ин рӯз фаъолияти тамоми муассисаҳои сохтори КАТС-и шаҳри Ваҳдат ба таври комил ба роҳ монда шуда, машварат, муоина, ташхис, баргузории сабти барқии дил, ташхиси ултрасадоӣ, таҳлилҳои лабораторӣ ва ташхиси рентгенӣ ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.
Қабули беморон
Қабули беморон дар Марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳот дар давоми соли 2024-ум 4544 нафарро ташкил дод. 103 бемор дар қайди диспансерӣ гирифта шуд. Дар қабули ҳуҷраи эндокринологӣ МСШ дар давоми 2024-ум 6237 нафар ба қайд гирифт шуд. Беморони диабети қанди навъи 1 дар 12 моҳи 2024-ум 22 нафар ворид шудааст, ки дар умум 216 нафарро ташкил медиҳанд. Беморони диабети қанди навъи 2 дар ин давра 2861 ва дар умум 4679 нафар мебошанд. Дар соли 2024 дар КАТС 511 бемори ба фарбеҳӣ мубтало ба қайд гирифта шудааст, ки дар умум 2890 нафарро ташкил медиҳанд. Беморони аз инсулин вобаста (ДК навъи 1) 219 ва инсулинталаб (ДК навъи 2) 493 нафар мебошанд. Сабаби зиёд гаштани шумораи бемориҳои эндокринологӣ (диабети қанд) зиёд гаштани аҳолии шаҳр ва дар вақти гаштҳои хонагӣ сари вақт дарёфти беморон мебошад.
Дар шуъбаи профилактикии МСШ дар 12 моҳи соли 2024 ҳамагӣ 27 679 нафар муоина карда шудааст. Ба 649 шахсони имтиёзнок ба маблағи 20945 сомонӣ кӯмаки ройгон расонида шуд.
Қарори №600
Тибқи қарори №600 дар 12 моҳи 2024-ум 170 2925 сомонӣ ворид карда шуд, ки 114,1%-ро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2023-юм 329 936 сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи мазкур барои хариди доруворӣ, маводҳои конселярӣ, молҳои хоҷагидорӣ, маводҳои мулоим ва таҷҳизотҳои тиббии лозима сарф карда шуд.
Ободонӣ
Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ Бунгоҳи саломатии деҳоти Навободи ҷамоати А. Абдулвосиев аз нав сохта, бо тамоми таҷҳизотҳои тиббӣ ва ёрирасон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва шабакаи КАТС таъмин ва бо иштироки раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода М.И. ба истифода дода шуд.
Айни ҳол сохтмон дар муассисаҳои зерин идома дорад:
– Маркази саломатии Меҳрбахш ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов;
– Бунгоҳи саломати деҳоти Сорво ҷамоати деҳоти Ромит;
– Бунгоҳи саломати деҳоти Хушон ҷамоати деҳоти Ромит;
– Бунгоҳи саломати деҳоти Лошхарфи ҷамоати деҳоти Ромит;
– Бунгоҳи саломати деҳоти Ғалчагӣ ҷамоати деҳоти Чорсу;
– Бунгоҳи саломати деҳоти Ҷавонон ҷамоати деҳоти Б.Бурунов;
– Бунгоҳи саломати деҳоти Муминобод ҷамоати деҳоти К.Исмоилов;
Бо дастгирии шарикони Рушд Маркази саломатии Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон аз таъмир капиталӣ бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардид. Ҳамчунин, бо дастгирии шарикони Рушд Маркази саломатии Симиганҷ аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардид ва дар арафаи кушодашавӣ қарор дорад. Аз ҳисоби буҷети маҳалии шаҳри Ваҳдат Бунгоҳи саломатии “Маданият” аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Бо дастгирии аҳолии маҳалла Бунгоҳи саломатии “Панҷикон”-и ҷамоати деҳоти Симиганҷ, Бунгоҳи саломатии “Зулфӣ”-и ҷамоати деҳоти Б.Бурунов, Бунгоҳи саломатии “Найдара”-и ҷамоати деҳоти К.Исмоилов, ки дар вагон ҷойгир буданд, аз нав сохта ба истифода дода шуданд. Бунгоҳи саломатии Пистамазор, ки дар бинои почта ҷойгир буд, бо дастгирии шарикони рушд аз нав бунёд гардида, аз тарафи шабакаи КАТС бо тамоми таҷҳизотҳои зарурь таъмин карда шуд. Бо дастгирии шарикони рушд ташнобхонаи замонавӣ дар Марказҳои саломатии деҳоти Ромит, Симиганҷ, Гулрез, Ҳоҷиқатаған, Баҳористон, Дустӣ, Навобод, Меҳрбахш, Солеҳон, Қипчоқ ва Бунгоҳи саломатии Саричашма сохта ба истифода дода шуд. Бо дастгирии аҳолии маҳалла дар Марказҳои саломатии Гулрез, Маркази саломатии Чиламазор ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, Маркази саломатии Бостон ҷамоати К.Исмоилов, Маркази саломатии Наврӯз ҷамоати деҳоти Н. Розиқ ва Маркази саломатии Тангаи ҷамоати Симиганҷ таъмири касметикь карда шуд. Дар назди Маркази саломати шаҳрӣ чоҳи амудь бо дастгирии соҳибкорони маҳалла канда ба истифода дода шуд, ҳамаи ҳуҷраҳо бо оби ошомиданӣ таъмин карда шуданд. Ошёнаи якуми Маркази саломатии шаҳрӣ таъмири касметикӣ карда шуда, ҳуҷраи қабули беморон аз нав ба таври замонавӣ таъмир карда шуд. Ҳамчунин, ҳуҷраи сабтгоҳ пурра таъмир карда шуда, бо компютер таъмин карда шуд.
Аз ҳисоби маблағҳои махсус барои Маркази саломатии шаҳрӣ 4 компютер ва 3 принтер харидори намудем.
Нақшаҳо
1.Баланд бардоштани дараҷаи тахассуснокии кормандони шабака, ҳади ақал то 70% табибон ва то 65% кормондони миёнаи тиб;
2.Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаҳои касбии табибону ҳамшираҳои тиббӣ мунтазам баргузории мубодилаи таҷриба ва бозомӯзиҳо;
3.Таъмири Марказҳои саломатии деҳот ва Бунгоҳҳои саломатие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд;
4.Таъмин намудани базаи моддию техникии муассисаи КАТС, ҷиҳозонидан бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир баҳри саривақт гузаронидани ташхис ва табобат;
Роҳбари муассисаҳои шабакаи КАТС-и шаҳри Ваҳдат Абдуназаров С.М