Давлати Эрон қасд надорад, масоили марбут ба коҳиши барномаи ҳастаии ин кишварро баррасӣ кунад. Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии Эрон дар СММ дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.

“Агар ҳадаф аз байн бурдани барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон бошад… чунин музокирот ҳеҷ гоҳ сурат нахоҳад гирифт”, – омадааст дар изҳорот. Зимнан зикр гардид, ки агар баҳс ба ҳалли мушкилоти марбут ба “милитаризатсияи эҳтимолии барномаи ҳастаии Эрон” дахл дошта бошад, пас “чунин баҳсҳо метавонанд мавриди баррасӣ қарор гиранд.”

Пештар аз ин, рӯзи 7-уми март, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, ӯ ба раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ нома фиристода, дар бораи созиш дар мавриди барномаи ҳастаӣ пешниҳод кардааст. «Агар Эрон музокира накунад, бароияш хеле бад хоҳад буд. Эрон набояд ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Имконоти дигар вуҷуд дорад”, – гуфт Трамп. Аммо баъдтар сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон Исмоил Бақоӣ изҳор дошт, ки аз мақомоти Амрико ҳеҷ нома нагирифтаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь