Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии 15-и шаҳри Душанбе хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисаи мазкур Ғайратзода Тоҳир Ғайрат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад ва мо худ бевосита шоҳид ҳастем, ки Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд ва дар ҳар баромади худ баҳри пешрафти соҳаи тандурустӣ дастуру супоришҳои созанда медиҳанд ва дар яке аз паёмҳои худ ҳам таъкид карда буданд, ки роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст бо мақсади беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Роҳбарияти вазорат ҳамчунин вазифадор карда шуд, ки барои таъмин намудани аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда, ҷиҳати ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд ва барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки боварии комил дорам, ки соҳаи тандурустӣ беш аз пеш дар кишвар рушд хоҳад кард, зеро фазои созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат барои ҳамагуна соҳаҳо фароҳам овардаанд ва ин ба мо имкон медиҳанд, ки соҳаи хешро рушд диҳем. Зимнан, бояд бигӯям, ки дар остонаи фасли баҳор ва ҷашни бонунвон қарор дорем ва аз ин минбари шумо истифода карда, сокинони кишвари азизамонро муборакбод мегӯям ва таманнои онро мекунам, ки мисли баҳор сабзу хуррам ва гулгулшукуфон бошанд!

Замоне мо бо беморон ва корафтодагон ҳамсуҳбат шудем, ҳамагон бо қаноатмандӣ нисбати табибони Марказ суханони хуб гуфта, изҳор доштанд, ки табибон нисбати беморон ғамхору дилбардор ҳастанд ва сифати хизматрасониашон низ хеле олӣ буда, сари вақт ба дардмандон ёрии шифобахшии худро мерасонанд.

Марказ дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи тандурустӣ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, нақшаи кории Марказ, Оиннома ва дигар асноди дахлдор фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Хизматрасонӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки Марказ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин зерсохтори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, пешгирии бемориҳо, ташхис ва муолиҷаи беморон, иҷроиши барномаҳои миллию соҳавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва ҷобаҷогузории мутахассисон равона карда шудааст.

Марказ ба 56461-нафар аҳоли кӯмаки аввалияи хизмати тиббию профилактики мерасонад.

Дар ҳудуди хизматрасонии Марказ боғчаҳо 6- №111, 20, 63, 109, 119, 76, муассисаҳои таълимӣ бошад, 1 гимнази, 1 коллеҷ, №111, 28, 49, 51, 72 МТМУ фаолият дорад, ки дар байни онҳо мунтазам корҳои прафилактики-табобати гузаронида мешавад.

Барномаи миллии мубориза бар зидди сирояти ВНМО ва БПНМ

Бо мақсади амали намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 27 –уми феврали соли 2021 тахти №50 дар бораи “Барномаи милли оид ба муқовимат бар зидди эпидемияи вируси норасогии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” паст намудани суръати паҳншавии сирояти ВНМО бо роҳи таъмини дастрасии умумии аҳолӣ, пешгирӣ, муолиҷа, нигоҳубин ва дастгирӣ, инчунин мусоидат намудан ҷиҳати татбиқи барномаву чорабиниҳои давлатӣ дар ин соҳа, дар МД “ МСШ №15” корҳои зерин ба анҷом расиданд:

Дар раванди татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сохтори кӯмаки аввалияи тиббию-санитарӣ татбиқ намудани дигар барномаҳои миллӣ, соҳавӣ, аз ҷумла барномаи Ташаккули тарзи ҳаёти солим, барномаи Пешгирии аҳолӣ аз бемории ВНМО (ВИЧ/СПИД), Дурнамои ҲБК, барномаи миллии иммунопрофилактикӣ, барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, барномаи фарбеҳӣ ва ғизои солим, барномаи миллии пешгирии аҳолӣ аз нашъамандӣ, барномаи миллӣ оиди солимии репродуктивӣ дар байни занони қобили таваллуд ва иҷрои дигар барномаҳои ғайрисоҳавӣ зери назорати роҳбарият қарор дорад.

Духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббӣ- оилавӣ бо ҳамкорӣ бо табибони шӯъбаи машварати ҷавонон, мутасаддии тарзи ҳаёти солим, наврасон ва сироятшинос дар байни сокинони маҳалаҳои зист оид ба ин мавзӯъ, паҳншавӣ ва пешгирии он семинар ва суҳбатҳо мунтазам мегузаронанд.

Дар муассиса ҳуҷраи маслиҳатдиҳии пеш аз тестӣ ва баъди тестӣ дар ШТМЧ оид ба ВНМО ва БПНМ мавҷуд аст, инчунин ҳуҷраи махсусгардонидашуда барои хизматрасониҳои иҷтимои барои кӯдакони мубталои бемории ВНМО фаъолият дорад.

Дар ҳамаи ҳуҷраҳои бо хун алоқаманд воситаҳои худмуҳофизатӣ ва профилактики (қуттиҳои зиддисадмавӣ) мавҷуд аст.

Чорабиниҳои пешгирию маърифатӣ

Дар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо МД “Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим” дар 5-мактаби миёнаи умумӣ ва ба 5-маҳалла иттилоот оид ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сил гузаронида шуд. Инчунин, дар 4-мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди хизматрасонӣ бо иштироки роҳбари муассиса ва дигар мутахассисон чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Барои табибони оилавӣ 11-семинар машварат, барои ҳамшираҳои тиббии оилавӣ 7-семинар машварат оид ба самтҳои афзалиятноки бемории сил, хусусан иҷроиши индикаторҳои ба КАТС вогузор карда шуда: дарёфти бемории сил, ҷамъоварии балғам, муоинаи атрофиён, назорати табобати беморон дар давраи табобати амбулаторӣ, гузаронидани химиопрофилактика, оиди шаклҳои устувори бемории сил гузаронида шуданд.

Созандагӣ

Директори маркази номбурда қайд намуд, ки маъмурияти МД МСШ №15-и шаҳри Душанбе оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд корҳоро ба самар расонидаанд.

Аз ҷумла, Марказ бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳаз гардонидашуда, ки ба мардум хизмат мерасонанд, аз ҷумла, соли 2024 дастгоҳи рентгени рақамӣ, ки барои муаян намудани пешгирии бемориҳои сил бо дастгирии сафорати Ҷумҳурии Ҷопон ба муассиса ворид карда шуд ва асбобҳо нав ва замонавӣ низ дар Марказ мавҷуд мебошанд, ки албатта, он ҳама таҷҳиҷоҳотҳо баҳри беҳбудии мардум мебошанду ба мардум хидмат мерасонанд.

Базаи кадрӣ

Номбурда афзуд, ки таъминоти табибон дар Марказ қонеъкунанда мебошанд, дар марказ 103 табиб (зан 79 нафар, мард 24 нафар), корманди миёна тиб- 195 нафар (зан 194 нафар, мард 1 нафар), корманди хурди тиб- 37 нафар (зан 33 нафар, мард 4 нафар), дигарон- 15 нафар (зан 7 нафар, мард 8 нафар), мутахасиси ҷавон- 197 нафар, табиб 50 нафар, корманди миёнаи тиб- 147 нафар, дараҷанокии табибон- олӣ 26 нафар, якум- 15 нафар, дуюм- 13 нафар, дараҷанокии кормандони хурди тиб-     олӣ 21 нафар, якум 10 нафар, дуюм 17 нафар, Аълочии тандурустӣ- 11 нафар, 10 табиб, 1 нафар корманди хурди тиб, номзади илмҳои тиб- 2 нафар хидмат ба мардум мекунанд. Инчунин, тибби оилавӣ- 6 шуъбаи тибби оилавӣ, табиб- 34 нафар фаъолият мекунанд.

Номбурда изҳор дошт, ки табибон ва ҳамшираҳои шафқати беморхона аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, сари вақт аз курсҳои такмили ихтисос мегузаранд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки баҳри дурнамо ва фардои дурахшони кишвари азизамон дар назди Муассисаи давлатии маркази саломатии шаҳрии №15 ҲХДТ – ташкилоти ибтидоии “Мадади Сино” фаъолият менамояд ва дар соли 2024 шумораи умумии аъзоён 258 нафар мебошанд ва дар ин самт корҳои созандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Ва албатта, мо табибон тамоми талошу кӯшиши худро баҳри боз ҳам беҳтар кардани хизматрасонӣ ба аҳолиро рӯи даст хоҳем гирифт ва ҳамзамон барои пешрафти илми тиббӣ миллӣ мекӯшем саҳми арзандаи хешро гузорем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь