Дар соли 2024-ум дар вилояти Хатлон 4 ҳазору 922 ҳолати вайронкунии қонугузории замин дар майдони беш аз 5 ҳазору 556 гектар ошкор карда шудааст, ки афроди қонуншикан ба маблағи 2 миллиону 478 ҳазору 716 сомонӣ ҷарима шуда, аз он 2 миллиону 423 ҳазор сомониаш ситонида шудааст.
Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Холзода Маҳмадшариф ба “Фараж” иттилоъ дод, ки бештари қонуншиканӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён-308 ҳолат, Панҷ-366 ҳолат, Ҷомӣ 294 ҳолат, Ҷайҳун-284 ҳолат, Балхӣ-280 ҳолат, Қубодиён-277 ҳолат, Носири Хусрав-253 ҳолат, Восеъ-259 ҳолат, Кӯлоб-140 ҳолат ва ба ин монанд дар ҳама шаҳру ноҳияҳо аз 64 то 200 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра ба прокуратура 432 маводи маъмурӣ ва 589 маводи дигар ба суд барои чораҷӯӣ фиристода шудааст. Аз 4 ҳазору 522 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин 4 ҳазору 380 ҳолати он дар майдони 5370,1 гектар бартараф карда шудааст, афзуд Холзода Маҳмадшариф.
Қонунгузории заминро чи гуна вайрон кардаанд? Ин худаш чи гуфтанӣ гап? Хабари бесаводона навишта шудааст, нофаҳмо.