Ватанро танҳо кадрҳои баландихтисосу соҳибмаърифат ва забондону дорои касбу ихтисоси ба талаботи замона ҷавобгӯ обод карда метавонанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Фаъолияти “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” аз соли 1953 оғоз гардидааст. Бо фармони шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14-уми октябри соли 1953, № 01/10 мактаби тиббии ш. Кӯлоб таъсис дода шуд, ки ин нахустин муассисаи таълимии касбӣ дар вилоят буд. Соли 1956 омӯзишгоҳро аввалин шуда 48 нафар бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ хатм намуданд. Солҳои минбаъда баробари рушди иқтисоди ҷумҳурӣ низоми шароити таълим низ дар Омӯзишгоҳи тиббӣ такмил ёфта, дар он аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ ва дандонсозӣ мутахассисони миёнаи тиб омода карда мешуданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 1996, № 91 омӯзишгоҳ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дар соли хониши 2024-2025 таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, баҳри ҳиссагузорӣ дар ободии кишвар мебошанд. Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати ҶТ, ВМ ва И ҶТ, ВТ ва ҲИА ҶТ тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст. Айни замон Коллеҷ дорои 5-бинои таълимӣ. 1-бинои хобгоҳ барои донишҷӯён, 3-ташхисгоҳҳои таълимӣ-лабораторӣ. 1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсептӣ. 1-маркази таълимӣ-табобатии стоматологӣ бо устохонаи дандонсозӣ. 1-маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ. 141-кабинетҳои таълимӣ. 3-синфхонаи компютерӣ. 1-майдончаи варзишӣ. 1-толори варзишӣ. 1-толори маҷлис барои 110 нафар ва 1-китобхона мебошад. Дар гирду атроф ва саҳни ҳавлии коллеҷ зиёда аз 2 300 қаламчаҳои гули садбарг, 600 бех гулу гулбуттаҳо, 400 дона тухми гули лола ва 12 бех дарахтони гуногун шинонида шуданд. Дар муассиса шумораи камераҳои мушоҳидавӣ ба 49 адад расонида шудаанд. Сохтмони бинои хобгоҳи донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. То имрӯз ба маблағи 21 млн 462 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ дар хобгоҳ ба анҷом расонида шудаанд. Дар давоми соли 2024, 21 кабинетҳои корӣ, 18 синфхонаи таълимӣ ва дигар нуқтаҳо аз таъмири капиталӣ бароварда шуданд. Ҳамзамон барои муҳайё намудани шароити таълим дар соли 2024, 150 адад миз, 490 адад курсӣ ва 20 адад тахтаи синфӣ харидорӣ карда шуд. Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 206-адад, принтерҳо 60-адад, тахтаҳои электронӣ 14-адад, проектори мултимедӣ 22-ададро ташкил медиҳад.
Ҷараёни таълим
– Дар соли 2024 аз тарафи омӯзгорони кафедраҳои гуногун 56-дарси кушоду намунавӣ, 36-конференсияи назариявӣ – сиёсӣ, 10-конференсияи илмӣ-адабӣ, 5-конференсияи илмӣ-амалӣ, 12-мизи мудаввар, 1-семинари омӯзишӣ ва 14-озмунҳои дохилимуассисавӣ ташкилу баргузор карда шудаанд. Имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2023-2024 тибқи ҷадвал ба анҷом расонида шуд. Имтиҳонҳои сессияи тобистонаи соли таҳсили 2023-2024 низ, мутобиқи нақшаҳои таълимӣ дар асоси ҷадвалҳои имтиҳонии аз тарафи директори коллеҷ тасдиқшуда, тариқи тестӣ ва шифоҳӣ ба роҳ монда шуд. Дар қиёс нисбат ба сессияи тобистонаи соли таҳсили 2022-2023 дар сессияи тобистонаи соли таҳсили 2023-2024 сифат ба +1,0% ва азхудкунӣ ба +2,0% боло рафтааст. Соли 2024, дар коллеҷ 5 нафар донишҷӯёни аълохон барои гирифтани стипендияи номӣ пешниҳод гардидаанд, аз ҷумла 1 нафар барои стипендияи Президентӣ ва 4 нафар барои стипендияи раиси вилояти Хатлон. Дар коллеҷ стипендияи ба номи профессор Раҳмонзода Р.А аз тарафи фарзандони ӯ таъсис дода шудааст ва соли 2024 мисли солҳои гузашта, 20 нафар донишҷӯёни фаъоли муассиса бо стипендияи мазкур сарфароз гардонида шуданд. Донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” дар Олимпиадаи байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз фанҳои тахассусӣ фаъолона ширкат намуда, шаш нафар донишҷӯёни мо соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гаштанд. Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳисоби гурӯҳӣ дар байни коллеҷҳои тиббӣ дастаи донишҷӯёни коллеҷ сазовори ҷойи II гаштанд. Нақшаи қабули довталабон дар соли таҳсили 2024-2025, барои 1019 нафар тасдиқ карда шудааст. Дар феҳристи тақсимоти се давраи қабул, мувофиқи натиҷаи имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тести назди Президенти ҶТ 1249 нафар донишҷӯ қабул карда шудааст. Айни замон дар муассиса 4324 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз 1024 нафар хатмкунадагон 40 нафарашон бо дипломи аъло коллеҷро хатм карданд. – мегӯяд, Азиззода Зубайдулло, директори МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” доктори илмҳои тиб.
Заминаи кадрӣ, фаъолияти методӣ
Дар коллеҷ айни замон 253 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. 18 нафар омӯзгорони коллеҷ бо мукофотҳои соҳавии “Аълочиии тандурустии Тоҷикистон”, 12 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 49 нафар бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва 17 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудаанд. Аз ҷумлаи умумии омӯзгорон 112 -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ 7 нафар унвони илмӣ доранд, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 2 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ ва 1 нафар номзади илмҳои таърих фаъолият доранд. Дар соли 2024 31 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд. Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти методӣ тибқи нақшаи кории шӯъбаи илмӣ-методӣ ба амал бароварда шуд. Дар муассиса аз 15.01 то 20.01 соли 2024, вақти таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон оиди раванди низоми кредитӣ семинар дар мавзӯи «Истифодабарии услубҳои муосири таълим-роҳҳои асосии беҳтар намудани сифати таҳсилот» гузаронида шуд. Аз тарафи омӯзгорон дар давоми солҳои 2023-2024 зиёда аз 117 мақолаҳои илмӣ аз чоп бароварда шудаанд.
Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
Дар Коллеҷ тамоми намуди таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар Коллеҷҳои тиббии ҶТ”, ки бо фармони ВТ ва ҲИА ҶТ ба роҳ монда шуда, раванди таҷрибаомӯзиҳо аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълими амалӣ, мудирони кафедраҳо ва декани факултетҳо назорат карда мешавад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ ва муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартнома гузаронида мешаванд. Кабинетҳои таълимии воқеъ дар муассисаҳои тандурустӣ, ки дар онҳо машғулиятҳои амалии фанҳои тахассусӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд аз таъмир бароварда шуда, бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози таълимӣ таъмин карда шуда истодаанд.
Ҳамкориҳои дохилию хориҷӣ
Азиззода Зубайдулло роҳбари муассиса иброз медорад, ки Коллеҷ баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст. Аз он ҷумла коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии ҶТ, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва ғайра. Инчунин шартномаҳои ҳамкорӣ байни коллеҷҳои тиббии ҶТ ва як қатор коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла Коллеҷи олии тиббии ҷумҳуриявӣ (Алма-Ато), Коллеҷи олии тиббии шимоли Қазоқистон, Коллеҷи олии тиббӣ-стоматологии профессор Рузуддинов (Алма-Ато) ба имзо расонида шуданд. Ҳамчунин бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили (ТУТ), UNFPA (Хазинаи нуфузи СММ), Коллеҷҳои тиббии шаҳри Санкт-Петербург, ш.Бишкек, ш. Нур-Султон, ш.Волгоград, ш.Тошканд барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.
Билоли ШАМС