Собиқ президенти Филиппин Родриго Дутерте бо дастури Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (ICC) дар Манила боздошт шуд.
Боздошт пас аз расидани ӯ ба фурудгоҳи байналмилалии Манила замоне сурат гирифт, ки полиси Филиппин нусхаи расмии дастури боздоштро дарёфт кард. ICC Дутертеро дар содир кардани ҷиноят алайҳи башарият дар робита бо “ҷанги ваҳшиёнааш алайҳи маводи мухаддир” муттаҳам мекунад. Таҳти раҳбарии Дутерте дар кишвар амалиётҳое сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар боиси куштори оммавии ғайриқонунӣ шудаанд. Интизор меравад, ки тафтишот куштори ҳазорон нафарро, ки шояд аксари онҳо ба маводи мухаддир робитаи мустақим надоштанд, таҳқиқ кунад. Дутерте борҳо аз маъракаи зидди маводи мухаддир ҳимоят карда ва гуфтааст, ки ба куштани гумонбарон фармон надодааст, магар ин ки ин як амали дифоъ аз худ бошад. Ӯ ҳамчунин иддао кардааст, ки шахсан худаш се фурӯшандаи маводи мухаддирро куштааст. Ба дунболи боздошти раисҷумҳури пешин, вакилони мудофеи Дутерте боздоштро ғайриқонунӣ хонданд. Қаблан, ҳангоми дар Ҳонконг буданаш, Дутерте изҳори омодагӣ кард, ки дар сурати содир шудани ҳукми ҳабс ба додгоҳ ҳозир мешавад. Ӯ ҳоло дар Манила дар боздошт қарор дорад.