Бонки Эсхата иқдоми наву муфиди маҳсулоти қарзии «Эсхата Экспресс» – қарз то 100 000 сомонӣ бе гаравро ба муддати 36 моҳ ва дар муҳлати 1 рӯз бо 1 кафил ба мизоҷони худ пешниҳод менамояд. Фоизи қарз барои мизоҷони доимии бонк 2,33% ва барои мизоҷони нав 2,5% дар як моҳ муқаррар карда шудааст.
Кӣ метавонад қарз гирад? Соҳибкорони инфиродӣ бо мақсади васеъ намудани фаъолияти худ. Қарз аз санаи 04.01.2022 то 30.04.2022 дастрас аст.
«Мо тасмим гирифтаем, ки соли навро бо пешниҳоди судманд барои мизоҷони қарзии хурд оғоз кунем. Бо назардошти эҳтиёҷоти мизоҷони ин сегмент мо шартҳои гарав ва талаботи ҳуҷҷатиро содда карда, инчунин муҳлати баррасии дархостҳои қарзиро дар доираи маҳсулоти нави «Эсхата Экспресс» то 1 рӯз ихтисор кардем. Акнун бо шарофати модели нави хизматрасонӣ ба мизоҷон, мо метавонем дар як муддати кӯтоҳ пешниҳоди қарзро ташкил кунем, яъне ҳангоми муроҷиат барои гирифтани қарз дар субҳи рӯзи корӣ додани қарз пас аз нисфирӯзӣ сурат мегирад, ки талаботи мизоҷони моро аз ҷиҳати дар муҳлати кӯтоҳ гирифтани қарз қонеъ мегардонад»,- қайд намуд Умарҷон Умаров, сардори Департаменти тиҷорати корпоративӣ ва миёнаи ҶСК «Бонки Эсхата».
Бо мақсади гирифтани қарз мизоҷон метавонанд ба наздиктарин филиали Бонки Эсхата муроҷиат намоянд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед. Барои гузоштани дархост ба қарз бо ин дастурамал шинос шавед: http://eskhata.tilda.ws/eskhata-express
Соли навро бо пешниҳоди хуб аз Бонки Эсхата оғоз кунед!
Бонки Эсхата: “Бо ҳам ба сӯйи комёбиҳо!”.
Ман мехом 50000 гирам 30 моха
Ман мехохам бе гарав 3 сола 150 000
Бе гарав гирам
Салом МАН мехохам 3 Сола 100000 карз гирам
Салом алейкум бе гарав бошад ман метавонам 3 сола 80000 хазор сомони карз горам?
Асалом алейкум агар бе гарав бошад 25000 сомони метавонам карз гирам як Сола