Воқеан, зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Ба таъбири дигар зан–модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмону ташкилоти байналмилалӣ ва таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамзамон барномаҳои зиёде бо мақсади баланд бардоштани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии репродуктивии аҳолӣ, беҳтар намудани саломатии занон, тарбияи ахлоқии ҷинсӣ, ҷалб намудани шарикони рушд, ташкилоти ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ барои таъмин намудани муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо маводи контрасептивӣ, омӯзонидани кормандони соҳа оид ба солимии репродуктивӣ, фаъолкунии идорасозии таъминот ва тақсимоти маводи пешгирандаи ҳамл, таҳияи маводи иттилоотӣ, маърифатӣ, баланд бардоштани маърифатнокӣ ва дониши аҳолӣ оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ, беҳбудии саломатии модарон ва навзодон, кӯдакону наврасон ва ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ дар заминаи фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ таҳия шудааст.
Ҳадафи барнома ба ҳифзи солимии репродуктивии аҳолӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии солимии репродуктивӣ, паст намудани фавти модарон, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо техника ва технологияи муосир, беҳтар намудани вазъи молиявии муассисаҳои тиббӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи таълимии зарурӣ ҷиҳати самаранок баргузор намудани дарсҳои таълимӣ вобаста ба солимии репродуктивии аҳолӣ равона шудааст.
Барнома дар се марҳила амалӣ мешавад. Аз ҷумла, марҳилаи якум барои солҳои 2023-2025, ки Нақшаи амалӣ он аллакай бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 тасдиқ шудааст.
Марҳилаи дуюм соли 2026 ва марҳилаи сеюм соли 2027-ро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки ин барнома дуюмин Барномаи давлатӣ оид ба солимии репродуктивӣ ба шумор рафта, бо маблағгузории буҷети давлатӣ амалӣ мешавад.
Дар фурсати муносиб, ки дар остонаи ҷашни модарону бонувон қарор дорем, тамоми модарону бонувони кишвари азизамонро бо ин ҷашни бузург муборакбод мегӯям ва таманно мекунам чун фасли баҳор гулгулшукуфону шоду пирӯз бошанд!
Ғанизода Мунира Худойдод
Тарҷумаи ҳол
Ғанизода Мунира Худойдод Номзади илмҳои тиб 6-ум августи соли 1975 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
Солҳои 1994 – 2000 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2000 – 2003 – Табиби акушер гинеколог акушер – гинеколог дар Таваллудхонаи вилоятии Хатлон, шаҳри Бохтар.
Солҳои 2003 – 2006 -Табиби акушер гинеколог дар Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон.
Солҳои 2006 – 2012 – Мудири шуъбаи Маркази солимии репродуктивии №6, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2012 – 2015 – Мудири шуъбаи иттилоот ва робитаи воситаҳои ахбори оммаи Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2019- дар Донишкада таҳсилоти баъди дипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ихтисоси менеҷменти соҳаи тандурустиро хатм кард.
Соли 2024- Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултаи Идоракунии давлатиро хатм намудааст.
Айни ҳол вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.
Солҳои 2015 – 2023 – Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз моҳи феврали соли 2023 дар мансаби директори Маркази саломатии шаҳрии №5-и шаҳри Душанбе кор мекунад.