Таърихи Тӯрон ва тӯрониён яке аз мавзуъҳои доғи рӯз мебошад, ки ҳам дар сомонаҳои интернетӣ ва ҳам дар рӯзномаю маҷаллаҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст. Ҳамзамон кишварҳои туркзабон бо мақсади ташкили давлатҳои муттаҳид дар Осиёи Миёна ва берун аз он мехоҳанд ин минтақаро Тӯрон номгузорӣ кунанд. Мақоллаю гузоришҳои гугогун нашру паҳн карда мешаванд. Аммо мутаассифона, далелҳои камтар барои исбот дар мавриди ҳақиқати Тӯрон ва сарзамини тӯрониён ба назар мерасад. Пеш аз ҳама, вақте ки мо номи Тӯронро мешунавем “Шоҳнома”-и бузургмарди тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ пеши назар меояд. “Шоҳнома” асарест, ки нотакрор ва розҳои зиёде дар он нуҳуфтааст. Дар ҳар куҷое, ки дар “Шоҳнома” аз Тӯрон ва тӯрониён ном бурда шудааст, исме аз қабилаҳои муғулӣ ба назар намерасад. Танҳо исми туркон истифода гардидааст, ки дар мавриди он ба шумо дар поинтар маълумот хоҳем дод. Исмҳои куҳани зиёд аз сарзамини форс хеле фаровон истифода шудааст. Барои мисол Афросиёб ва писаронаш Салм, Тур ва Эраҷ …
Дар “Шоҳнома” дар бисёр маврид аз ҷумлаи туркону Чин истифода гардидааст, ки ин гувоҳӣ медиҳад, ки аз Осиёи Марказӣ то сарзамини Чин бештари вақт дар зери роҳбарии тоҷикон қарор дошт ва туркону чиниён дар зери назари тоҷикон буда, дар артиши тӯрониён сарбоз буданд. “Шоҳнома” яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме мебошад, ки дар исботи сарзамини тоҷикон будани Тӯронзамин истифода карда мешавад. Хушбахтона, мо тавонистем, ки далелҳои зиёди дигареро низ дар мавриди исботи сарзамини тоҷикон будани Тӯронзамин пайдо намоем.
Ба тахти каён андаровард пой,
Ҳама хонадонаш ховархудой.
Дигар Турро дод Тӯронзамин,
В-аро кард солори тӯркону Чин.
“Шоҳнома” “Достони Фаридун” бахши 5.
Чу дашт аз гиёҳ гашт чун парниён,
Бубастанд гурдони Турон миён.
Сипоҳе биёмад зи туркону Чин,
Ҳам аз гурздорони Ховарзамин.
“Шоҳнома” “Подшоҳии Нузар” бахши сеюм.
Аз ин марз то он басе роҳ нест,
Самангону Ирону Тӯрон якест.
“Шоҳнома” достони “Суҳроб”. Бахши шашум.
Аввалтар аз ҳама дар мавриди калимаи турк мехостам, ки ба шумо маълумот пешниҳод намоям. Бисёриҳо фикр мекунанд, ки сарзаминҳои ғарбии Эрон ва Анатолии қадим дар ҳазорсолаҳои гузашта мутааллиқ ба туркҳо мебошад. Аммо дар асл ин тавр нест. Ҳузури туркҳо дар ин сарзамин танҳо баъд аз ҳузури дини ислом бармегардад. Пеш аз он дараке аз қабоили муғулӣ дар ин минтақа дида намешуд. Дар асри 5-и мелодӣ дар атрофи кӯҳҳои Олтой яке аз қабилаҳои муғулӣ бо номи жуон зиндагонӣ менамуданд, ки ҳамвора бо Чин дар набард буданд. Чиниҳо ин қавмро тукиё мегуфтанд, ки баъзеҳо ин вожаро ба турк нисбат доданӣ мешаванд. Дар воқеъ сарзаминҳои аслӣ ва аввалияи нажодҳои муғулӣ саҳрое дар шимоли Чин ва ҷануби Сибир то канораҳои рӯди Сайҳун буд. Дар ин минтақа қабилаҳои нажоди муғулӣ аз гуруҳҳои парокандае иборат буданд. Ин қабилаҳо аз равияи шаманӣ пайравӣ менамуданд. Шароити номуносиби иқлимӣ сабаб шуда буд, ки ба кишоварзӣ таваҷҷуҳ накунанд ва бештар аз тариқи шикору чорводорӣ зиндагиашонро пеш баранд. Ин шароити сахт онҳоро водор менамуд, ки даст ба ғорати шаҳрҳо ва рустоҳо бизананд. Чиниҳо аз тарси ҳуҷуми қабилаҳои муғулӣ девори бузурги Чинро бино намуданд ва ба ин восита аз хатари ин қавм дар амон шуданд.
Сарзаминҳои Туркияи имрӯза ба хусус Анатолӣ сарзамини юнониҳои бостон, ё ин ки империяи Руми шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1081-и мелодӣ Империяи туркони Салҷуқиён аввалин маротиба ба самти Анатолӣ ҳуҷум намуданд ва омезиш бо нажоди муғулон аз он давра оғоз гардид. Мардумони Туркияи имрӯзӣ ҳамон румиёне ҳастанд, ки забон ва фарҳанги дигар миллатҳо аз ҷумла, форсҳо, муғулон ва арабҳоро қабул намуданд. Аммо исми қабилаи аслии худро тавонистанд, ки то ба имрӯз ҳифз намоянд.
Дар қисмати шимолии Месапотамия фарҳангҳои қадимии зиёде вуҷуд доштанд, ки ба 10-12 ҳазор соли пеш бармегардад. Дар 4500 соли пеш дар ин минтақа қабилае бо номи трукиё, трукишо зиндагӣ менамуданд, ки ба эҳтимоли зиёд аз аҷдодони юнониёни бостон ва аз қабилаи ҳуриян-урортиян буда, зогрусӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ин қабиларо трукиян низ хитоб мекарданд, ки гуруҳе аз мардуми кӯҳнишини Зогрусӣ аз Анатолии қадим ба ҳисоб мерафтанд.
Пас ба мо маълум мегардад, ки туркони Туркияи имрӯзӣ аз аҷдоди он қабила буда, номи аслии қавми худ “трукиё”-ро то ба имрӯз дар шакли турк ҳифз намудаанд. Қабилаи Трукиё дар натиҷаи ҳамлаи муғул ва тасаллути онон бар ин минтақа забону фарҳанги худро ба тадриҷ аз даст доданд. Трукиё тавассути муғулон забони муғулӣ ва дини исломро пазируфтанд. Аммо онҳо номи қабилаи худро бо каме тағйирот аз трукиё ба турко табдил дода ва онро нигоҳ доштанд. Натиҷаи омӯзиши илми бостоншиносии генетикӣ аз туркҳои Туркия ин назарияро сад дар сад тасдиқ менамояд. Озмоиши генетикии ин мардум нишон медиҳад, ки гени туркони Туркия на ба қавмҳои Олтой, балки бештар ба ҳамсоягони имрӯзаашон дар мисоли юнониҳо шабоҳат дорад. Албатта, шабоҳатҳое аз олтоиҳо вуҷуд дорад, аммо ба миқдори кам, ки он ҳам дар омезиши ин қавм бо муғулон дар садсолаҳои гузашта ба вуҷуд омадааст. Мисоли дигар ин аст, ки дар байни ақвоми туркзабон танҳо мардуми ду кишвар бо ин ном ёд карда мешавад, турк ва туркман. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро дигар ақвоми кишварҳо, ки худро туркзабон медонанд аз вожаи турк барои қавмҳои худ истифода нанамудаанд? Ҷавоби мантиқи ин аст, ки дигар қабилаҳои туркзабон ба қабилаи туркиё ҳеҷ иртиботе надоранд ва онҳо аз нажоди олтойи-муғулӣ мебошанд.
Вожаи туркман, ки аслаш туркмон аст аз исми турк ва пасванди форсии “монанд” гирифта шуда, ба маънои “монанд ба турк” мебошад, ки ба эҳтимоли зиёд дар мавриди шабоҳати забонӣ номгузори карда шудааст. Дар ин ҷо далели аввал, ки исми туркон аз “Тукиё”-и Чинӣ гирифта шудааст, рад шуда, мисоли дувуми “трукиё”, “трукишо” ё “трукиян” бартари дода мешавад.
Пас маълум мегардад, ки вожаи турк танҳо хоси он мардуми урупоие мебошад, ки дар Анатолии қадим зиндагӣ менамуданд, ва бо ҳуҷуми муғулон забону фарҳанги худро аз даст доданд, аммо тавонистанд исми қавми худро ҳифз намоянд. Номи туркман чуноне, ки дар боло зикр намудем, баъдҳо аз ҷониби мардуми эронинжод ба хотири шабоҳат доштани ин ду қавм дар аввал “Монанд ба турк”, “Турк-монанд” ва баъдан дар омезиши забони туркӣ калими “Турк-монанд” ба “Туркмон” ва баъдҳо ба “Туркман” табдил дода шудааст. Паҳлӯи дигари қавӣ будани ин назария дар он аст, ки дигар қабилаҳои муғули олтойӣ бо исми турк ёд намешаванд. Ҳамаи онҳо бо исмҳои қадима ва муғулии худ боқӣ мондаанд. Ба мисли қазоқ, қирғиз, узбек, қарақалпоқ, уйғур, қалуғ, лақай, қунғурот ва дигарон.
Яке аз сабабҳое, ки қавмҳои муғулӣ худро туркнажод ном бурданд дар он аст, ки қавмҳои муғулие, ки дар сарзаминҳои Рум ва Анатолӣ сокин ва шаҳрнишин шуданд ба тадриҷ пешрафт намуданд. Ин пешрафтҳо аз он замон то давраҳои империяи усмонӣ сабаб гардид, ки дигар қавмҳои муғулӣ олтойӣ худро аз табори турк муаррифӣ намоянд. Дар ҳоле, ки табори онҳо на аз шарқи Урупо, балки аз минтақаҳои Олтой сарчашма мегирад. Сабаби дигаре, ки ақвоми муғулӣ худро туркнажод донистанд, ин дури ҷустан аз гузаштаи худ ва пинҳон намудани чеҳраи хашини Чингизхони муғул мебошад, ки миллионҳо инсони бегуноҳро ба қатл расонида буд. Дар ин миён мардумони узбек, қирғиз, қазоқ ва уйғур (Қарахониҳо) бо омезиши фарҳангу тамаддунҳои гуногун шаҳрнишин гардида дар эҷоди фарҳангҳои мустақили худ муваффақ гардиданд. Аммо қабилаҳои дигари олтойӣ ба мисли қалуғҳо, лақайҳо ва қунғуротҳо дар шаклҳои пароканда боқӣ монданд.
Яке аз сабабҳои парокандагӣ ва рушд накардани онҳо дар он аст, ки онҳо пас аз таҳоҷум ва муҳоҷират намудан аз даштҳои Олтой ва Муғулистон ба сарзаминҳои Осиёи Миёна ба ҳар шаҳру рустое, ки шабохун мезаданд, ғаниматҳои худро гирифта он маконро тарк менамуданд. Сабаби дар як макон назистани онҳо ин доштани фарҳанги бодиянишини ва чорводории онҳо буд. Аз ин сабаб то ҳанӯз ин қабилаҳои олтойӣ дар шаклҳои пароканда дар кишварҳои Осиёи Миёна бахусус, Узбекистон, Тоҷикистон ва қисми зиёди онҳо дар Афғонистон бо ҳамон фарҳанги қадимаи худ яъне чорвопарварӣ умр ба сар мебаранд. Пас то ин ҷо маълум гардид, ки турк ва туркнажод ба ақвоми муғули олтойӣ ҳеҷ рабте надорад.
Акнун мехостам дар мавриди Тӯрон ва Тӯронзамин маълумоти мушаххас пешниҳод намоям. Вожаи тур бо вожаи турк ҳеҷ иртиботе бо ҳам надоранд. Вожаи Тур аз замонҳои қадим ва пеш аз пайдоиши калимаи турк вуҷуд дошт. Вожаи тур дар ду сарчашмаи муҳими таърихи “Авасто” ва “Таврот” оварда шудааст. Дар навиштаҳои Авасто ин вожа на ба шакли тур ва на ба шакли тӯрон, балки “Туро” зикр гардидааст. “Авасто” вожаи “Туро”-ро ба маънои қабилаи чодарнишин тавсиф намудааст. Аммо дар мавриди маънои аслии калима шарҳ дода нашудааст. Дар манбаъҳои ошурӣ, 640 пеш аз мелод “Туро” қабилаи чодарнишини сакоӣ шинохта шудааст. Дар каъбаи Зардушт Тӯрон ҷузъе аз вилоятҳои Эронзамин гуфта шудааст, ки куҳантарин манбаъ ба калимаи Турон дониста мешавад.
Муаррихон тӯрониҳоро шохае аз қавми ориёӣ-сакоҳо медонанд. Ҳангоме ки дар қарни шашуми мелодӣ сарзамини сакоҳо ба зери султаи туркон даромад ин ду вожа бо ҳам даромехта шуданд ва номи Тӯрон ба туркон гуфта шуд.
Дар “Шоҳнома” номҳои тӯрониён ба мисли Пашанг, Аржанг, Афросиёб, Турвӣ, Каҳрум, Сипаҳрум, Фарангис, Манижа, Фаршедвар, Ҳумон, Пирон, Шавосб, Арҷосб турк набудани тӯрониёнро исбот мекунад. Мутаассифона, бисёре аз муаррихон дар солҳои баъдӣ калимаи турро танҳо барои мисол аз “Авасто” истифода намуда сарчашмаи ин вожаро Авасто медонанду халос. Дар китоби “Авасто” вожаи туро ҳамчун сифати гуруҳе аз одамон оварда шудааст. Аммо маънои аслии решаи ин калима шарҳ дода нашудааст. Аз рӯйи мушоҳидаҳо ба назар мерасад, ки манзур аз тур дар “Авасто” ба маънои пораи матоъ гуфта шудааст. Чодар ва тӯр мушобеҳи ҳамдигар буда, барои паноҳ намудан ва манфиат овардан истифода карда мешавад. Чун турониён дар аввал ба чорводорию кишоварзи машғул буданд аз чодарҳо барои хобидану нишастан истифода менамуданд, аз ин хотир дар “Авасто” ба онҳо тӯрониён гуфта шудааст.
Дар ҳоле, ки вожаи тур дар китоби муқаддаси Таврот ба маротиб равшану возеҳ оварда ва маънидод карда шудааст. Тӯри Сино вожаест, ки ҳамагон онро ба хубӣ медонанд. Тӯри Сино ба маънои кӯҳи Сино мебошад, ки дар китоби Талмуд оварда шудааст. Тӯр ба маънои кӯҳ мебошад, ки аз забони куҳани арамаик сарчашма гирифта, баъдан ба китоби Талмуд ворид мегардад. Арамаик забони қадимие мебошад, ки баштари қавми яҳуд дар замонҳои қадим бо ин забон суҳбат менамуданд. Тӯрон аз решаи калимаи арамаики тӯр гирифта шуда ба маънои кашфиёт, ва ё ин ки кашф кардан мебошад. Пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки Тӯрон ба маънои макони кашфиёт ва ё ин ки мавзеи назару дидор мебошад. Аз ин хотир шаҳраке низ дар шимоли Исроил воқеъ мебошад, ки Туран номгузорӣ шудааст. Мазмуни дигари Туран дар забони ибронӣ ба маконе гуфта мешавад, ки он ҷо сарчашма, сарбанди об ва ё ин ки чашмаро мегӯянд. Аммо мазмуни аслии вожаи тӯр ва Туран дар забони қадимаи арамаик ба маънои тоҷ, тоҷи шоҳӣ, тоҷгул, ва гулдаста омадаст, ки далолат аз рамзи шоҳигарӣ, сарварӣ ва шарафу иззат мекунад.
Пас ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки ба таври рамзӣ истифода гардидани калимаи тӯр ва тӯрон аз замони паҳн гардидани қиссаи ҳасрати Мусо дар кӯҳи Сино оғоз мегардад. Тоҷикон, ки дар гузаштаҳои дур аз равияи муъминин ва китоби Тавроти Мусо пайравӣ менамуданд, баъд аз муҳоҷиратҳои маҷбурӣ аз сарзаминҳои аҷдодии худ аз Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ барои пинҳон нигоҳ доштани асолати аслии худ, худро қавми тӯр муаррифӣ намуда ва маконҳое, ки дар он ҷо зиндагӣ менамуданд, Тӯрон, яъне тоҷдорон номгузорӣ намуданд. Баъдҳо, ки ба забони форси ошнои пайдо намуданд дар баробари вожаи Тӯрон аз калимаи тоҷикон, ки мазмуни тарҷумашудаи Турон дар забони форсӣ мебошад истифода карданд.
Тӯронзамин ватани аслии тоҷикон буда, калимаи тӯрон яъне, тоҷдорон, ки аз решаи забони қадимаи арамаик сарчашма мегирад марбут ба ин қавм мебошад.
Ҳотам ФАЙЗУЛЛОЕВ,
адиб ва муҳаққиқ.
Салому дуруд ба аҳли эчод.