12-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуд, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров пешвоз гирифт.
13-уми март маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи биноҳои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд. Дар мулоқоти президентҳо ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сипас, президентҳодар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Мувофиқи амри сарони ду давлат дар назар аст, ки рафту омади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардад. Маросим бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.