Маросими бузургдошти Рӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бо ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шахсиятҳои адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар маҳалли Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Итттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ин маросимро ифтитоҳ карду гуфт: “Бузургдошти рӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар ҳақиқат бузургдошти шеъри олӣ ва саршор аз розу рамзи ҳақиқати ҳастӣ аст”.

Вай нақши Хоҷа Ҳофиз ва дигар бузургони адаби форсро дар таъмин ва таҳкими пайванд миёни мардумони Тоҷикистон, Эрону Афғонистон беназир хонду гуфт: “Ҳеч миллате дар дунё ба андозаи адабиёти муштараки мо натавонистааст теъдоди бешумори бузургони адаб ва бавежа шеърро ба башарият тақдим кунад. Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Умари Хайём, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Аттор, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо шоири дигар осори ҷаҳоншумул аз худ ба мерос гузоштаанд”.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ бо ибрози хушҳолӣ аз рӯ ба густариш будани равобити фарҳангӣ миёни ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистону Эрон баён дошт: “Роҳе, ки Тоҷикистону Эрон мепаймоянд роҳи ишқ аст ва ба қавли Хоҷа Ҳофиз дар ин роҳ бурузи мушкилот табиӣ аст. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ҳамаи мушкилот дар сояи арзишҳои муштараки бисёр фаровон ва вуҷуди иродаи қотеи ду миллати дӯсту бародар ҳамвора аз байн рафта ва хоҳад рафт. Бинобарин эҳсоси хушбахтӣ мекунем, ки як давра камранг шудани барномаҳои муштараки фарҳангӣ байни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон пушти сар шуда ва имрӯз бузургдошти рӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ моро дигарбора ба ҳам оварда ва бо каломи малакутии хеш таъкид мекунад:”

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Сипас муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо қадрдонӣ аз ҳамкорӣ ва мушорикати сафорати Эрон дар Душанбе  ҷиҳати баргузории ин маросим, риштаи сӯҳбатро ба Муҳаммадтақӣ Собирӣ  сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон вогузор кард.

Ҳофиз дурахшонтарин ситораи фарҳанги порсӣ аст

Сафири Эрон бо тақдир аз баргузории ин маросим ва ба фоли нек гирифтани тақоруни он бо айёми мелоди босаодати паёмбари гиромии ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамчунин ибрози хушҳолӣ аз фурсати сухан гуфтан дар ҷамъи асҳоби донишу адаби кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон, баён кард: 20 меҳрмоҳ дар тақвими расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи бузургдошти Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, шоире, ки меҳраш дар умқи ҷони мардуми порсизабон нишаста ва шоире, ки мутааллиқ ба ҳамқарнҳо ва маҳбуби ҳамқишрҳост, номгузорӣ шудааст. Рӯзи бузургдошти Ҳофиз, лисон-ул-ғайбро гиромӣ медорем ва ба тамоми алоқамандони ин шоири суханпардоз, андешаварз ва нуктасанҷ, ки банд банди каломи манзум ва ошиқонааш, пас аз ҳафт қарн, тозаву бетакрор ва рӯҳпарвар ва рӯҳафзо аст, бар тамоми порсизабонони ҷаҳон, бавежа аҳли маърифату хирад Эрону Тоҷикистон гиромӣ бод.

Собирӣ идома дод: Ҳофиз дурахшонтарин ситораи фарҳанги порсӣ аст ва дар тӯли чанд қарн то имрӯз, қишрҳои гуногуне ба забони ӯ шарҳи васфи ҳоли худро ёфтаанд. Дар тӯли ин чанд қарн то имрӯз ҳеҷ шоире ба қадри Ҳофиз дар аъмоқ ва завоёи зеҳну дили мардуми порсизабон нуфуз накардааст. Ӯ шоири тамоми қарнҳост ва ҳама қишрҳо аз урафои маҷзуб ҷилваҳои илоҳӣ то адибон ва шоирони хушзавқ, то риндон ва мардум маъмулӣ ҳар кадом дар Ҳофиз, сухани дили худро ёфтаанд ва ба забони ӯ шарҳи васфи ҳоли худро сурудаанд.

Шоире, ки девони ӯ то имрӯз ҳам пурнашртарин ва пурфурӯштарин китоб баъд аз Қуръон аст ва девони ӯ дар ҳама ҷо ва дар бисёре аз хонаҳо ё бештари хонаҳо бо покӣ ва ҳурмат дар канори китоби илоҳӣ гузошта мешавад. Шоире, ки лафзу маънову қолаб ва мӯҳтаворо бо ҳам ба авҷ расондааст ва дар ҳар замина баргузидатарин ва шигифтангезтарин ва ширинтарин гуфтаро дорад. Девони ашъори ӯ дар Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддунӣ мавриди таваҷҷуҳи ошиқон ва алоқамандони ӯ аст.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ, иброз дошт: дар бораи Ҳофиз суханҳо гуфтаанд ва қаламҳо задаанд ва садҳо китоб дар шарҳи ҳоли ӯ ё девони ашъораш навиштаанд, аммо ин шоири бузург ва ғазалиёташ агарчи дар таърих номдор ва шинохташудаанд, аммо бояд эътироф кунем ва бигӯем эшон ва ҳам шеъраш то кунун ончунонки сазовор аст, шинохта нашудаанд.

Мо имрӯз дар инҷо ҷамъ шудаем то аз Ҳофиз таҷлил кунем. Зеро ин шоири бузург ду вежагии муҳим дорад, ки моро во медорад аз эшон таҷлил кунем ва ёди ӯро зинда нигоҳ дорем, вежагии аввал забони фохири ӯст, ки ҳамчунон бар қуллаи забону шеъри порсӣ истодааст. Вежагии дувум, маърифати Ҳофиз аст, ки худи ӯ таъкид мекунад, ки аз Қуръон баҳра гирифтааст ва дар сурудани ашъораш аз мафоҳими Қуръон истифода кардааст.

Ҳофизо дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,

То бувад вирдат дуову дарс, Қуръон ғам махур.

Сафири Эрон бо баёни ин ки «шинохти абъоди ҷаҳонии шахсияти ҳунарии Ҳофиз, дар воқеъ эътило бахшидан ба фарҳангу маърифати ҷаҳонӣ аст», изҳор дошт:

«Ба шаҳодати таърих, бузургони андеша ва фарҳанг дар тӯли ҳаёти башарӣ ҳамвора машъалдорони роҳи пешрафти фарҳангӣ будаанд. Албатта ингуна афрод, ҳеҷ гоҳ маҳдуд ба замон ва муҳити хосе набуда ва нахоҳанд буд. Балки мутааллиқ ба тамоми ҷаҳони ҳастӣ ҳастанд. Ба вежа замоне, ки шоире чун Ҳофиз, саршор аз эҳсос, вусъати андеша, диди васеъ ва каломи устувор бошад, шеъраш замону маконро дар ҳам менавардад ва коми муштоқони завқу ҳунарро дар тамоми сарзаминҳо сероб мекунад.

Собирӣ дар бахши дигаре аз суханони худ баён дошт:

«Беш аз 700 сол аст, ки ғазалёти ноби Ҳофиз дар дилу дасти эрониёну тоҷикон ва порсидӯстон ҷой дорад, онон ин ғазалҳоро мехонанд ва азизаш медоранд ва ҳакимон ва орифон ва муаллимони ахлоқ аз он нуктаҳо меомӯзанд ва мақолоту китобҳои худро бо байтҳои он зинату тароват мебахшанд. Ҳамонгуна, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  бо ин ки солхурдатар аз Ҳофиз буд ва мақоми баланде дошт, дар замони ҳаёти Ҳофиз, шарҳе бар яке аз ғазалиёти ӯ нигошт ва дар Шероз ба дидораш шитофт.

Аз вежагиҳои мумтози шеъри Ҳофиз, метавон ба фаро хондани инсонҳо ба муҳаббату дӯстӣ, истифодаи ҳунармандона аз қолаби ғазал барои расондани паём, тасвиргарӣ дар ғазал,  шӯрофринии каломӣ, истифодаи муносиб аз мусиқӣ ва алфози гӯшнавози калимот ва ба коргирии маонии рамзӣ ва киноӣ ном бурд.

Вай бо ишораи «мо эрониёну тоҷикон, имрӯз ҳақ дорем ба худ биболем ва ифтихор кунем, ки Ҳофизи Шерозӣ дорем, ки метавонем шеърҳои нағзи ӯро ҳама ҷо ва назди ҳама порсизабонон бихонем ва бифаҳмем ва аз он лаззат бибарем. Ба ростӣ кадом эронӣ ва тоҷик аст, ки аз шунидани ғазалёти Ҳофиз сармаст нашуда бошад:

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем, 
Фалакро са
қф бишкофему тарҳе нав дарандозем. 
Агар
ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад, 
Ману со
қӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.

Инак моему инсоне ба номи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки устувор бар баландои таърихи мо истода ва моро ба ишқ ва меҳрварзӣ даъват мекунад.

Аз  дами субҳи азал то охири шоми абад,

Дӯстиву меҳр бар як аҳду як мисоқ буд.

Сафири Эрон дар бахши поёнии суханони худ гуфт: «адаб ва ҳақшиносӣ иқтизо мекунад ӯро гиромӣ бидорем ва ғазалиёти гаронбаҳои ӯро, ки шоҳкори адабиёти ғиноӣ дар ҷаҳон аст арҷ бигузорем. Умедворам тарҳҳо ва таҳқиқоти Ҳофизшиносӣ дар донишгоҳҳо ва маҳофили илмии Эрону Тоҷикистон беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад».

 Ҳофиз шоири миллии тоҷикон аст

Абдунабӣ Сатторзода  муҳаққиқи шинохтаи адабиёт ва узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ таи суханоне рӯзи бузургдошти Хоҷа Ҳофизи Шерозиро ба ҳамаи форсизабонони дунё табрик гуфт:

«Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» аз номи яке аз азизони силсилаи хоҷагони нақшбандӣ фармудааст, ки ҳеҷ девоне беҳ аз девони Ҳофиз нест. Агар ин гуфта ҳақиқат намедошт, талош барои гирдоварии девони шоир дуруст дар ҳамон соли марги эшон, яъне дар 1390, оғоз намешуд.

Вай ба истиноди манобеи илмӣ аз вуҷуди наздик ба 1700 нусхаи хаттии девони Ҳофиз дар миёни форсизабонон ёд кард. Бар пояи феҳристҳои мавҷуд, шумори махтутоти девони Ҳофиз дасти кам дар китобхонаҳои Эрон ва дар қиёс бо нусхаҳои хаттии осори дигар бузургони адаби форсӣ дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад. Пас аз он бузургоне чун Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Низомии Ганҷавӣ, Аттор ва Саноӣ қарор доранд. Девони Ҳофиз натанҳо дар миёни мардумони форсизабон, балки дар дигар кишварҳои шарқ, аз ҷумла шибҳиқораи Ҳинд, Туркия ва кишварҳои арабӣ низ шӯҳрати тамом дорад. Ин амрро вуҷуди нусхаҳои хаттии бисёр зиёди девони Ҳофиз дар ин сарзаминҳо ва пайдо шудани силсила шарҳҳое боарзиш ба девони Ҳофиз, нашр ва таҳқиқи осори Ҳофиз ва ҳамчунин тарҷумаҳои гуногуни шеъри Ҳофиз ба забонҳои мардуми шарқ, аз қабили урду, панҷобӣ, санадӣ, ҳиндӣ, пашту, балучи, арабӣ, туркӣ, озарӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра таъйид мекунад.

Ин муҳаққиқи тоҷик аз он ёд кард, ки доктор Парвиз Хонларӣ,  донишманди номии Эрон дар соли 1971 пас аз сафари хеш ба Тоҷикистон ва ҳузур дар ҷашни бузургдошти Ҳофиз сафарномае пур аз муҳаббат ба мардуми тоҷик ва сарзамини тоҷикон зери унвони «Аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рӯдакӣ» навишт ва дар он ишқу алоқаи фавқулодаи тоҷикон ба Ҳофиз ва шеъри ӯро ин гуна ба қалам дода буд: «…аммо дилбастагии тоҷикон ба шеъри Ҳофиз агар бештар аз эрониён набошад, камтар нест. Ҳамаи эшон лоақал чанд шеъре аз ин шоири ҷодусуханро аз бар доранд. Дар онҷо ҳам дар замонҳои гузашта ва ҳам дар мактабҳои қадим хондану навиштанро бо шеъри Ҳофиз меомӯхтанд ва баъзе аз модарони тоҷик девони Ҳофизро барои таяммум ва табаррук зери сари кӯдакони хеш мегузоштанд. Хулоса инки агарчи Ҳофизро, ки зодгоҳи ӯ ва маҳалли зиндагониаш садҳо фарсанг аз онҷо дур аст, шоири миллии худ мешуморанд ва ин ба ҷо ва сазовор аст, зеро марзҳои сиёсӣ ғайр аз марзҳои фарҳангӣ аст».

Сатторзода идома дод:

«Шоири барҷастаи тоҷик устод  Мирзо Турсунзода  мегӯяд, ки «Мардуми тоҷик дар байни ҳамаи китобҳо девони Ҳофизро китоби муқаддастарин мешуморанд». Ва шоири дигари номдори тоҷик устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат байти машҳуре дорад, ки:

Агар дар хонаи тоҷик тамоми чиз ночиз буд,

Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд.

Вай дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ дар мавриди нашр ва таҳқиқи осори Хоҷа Ҳофиз дар Тоҷикистон ва корҳои арзишманди анҷомшуда иттилоъ дод. Вай дар робита ба далели шӯҳрати беандозаи Ҳофиз, изҳор дошт: «…нигоҳи Ҳофиз ба оламу одам, махлуқоту мавҷудот, кун ва макон, олами сағиру кабир, ҷомеа, дирӯз, имрӯз ояндаи зиндагӣ, зиндагӣ ва марг, хулоса ба ҳама чиз ҷаҳонӣ аст ва аз доираи нигоҳи фарогири ӯ чизе берун намемонад. Ҳама мардумони дунё, қавм ва қабоили мухталиф, пайравони адёну мазоҳиби гуногун, ҳама тавоиф, дорову нодор шеъри Ҳофиз яксон пазируфта мешавад. Ҷолиб аст, ки дар миёни ноширон, мутарҷимон ва пажӯҳишгарони шеъри Ҳофиз намояндагони риштаҳо ва касбҳои мухталифе ба назар мерасанд.

Сабки Ҳофиз ингуна аст, ки хуштарин, зеботарин, поку беғаштарин, латифтарин ва дилкаштарин, ширинтарин ва мавзунтарин калимотро ба кор гирифтааст. Ҳамчунин истеҳком дар забону баён аз дигар аносири барҷастаи шеъри Ҳофиз аст. Ҳамаи воситаву васила, асбобу абзор, санъати бадеъ ҳамагӣ муносиб, мувофиқ ва табиӣ буда ва ҳаргиз маснуӣ ва намоишӣ намебошад».

 

Беҳтарин муфассири Ҳофиз худи Ҳофиз аст

Дар бахши дигаре аз ин маросим, Рустам Ваҳҳобзода шоири мардумии Тоҷикистон, узви вобастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ва сардабири маҷаллаи адабии Садои шарқ  дар хусуси вежагиҳои ашъори Ҳофиз ба чандин нукоти қобили таваҷҷуҳ ишора кард.

Вай гуфт: «…дар бораи тафсир, таъбир, чеҳранамоӣ ва ботинкушоӣ шеъри Ҳофиз он қадар осори таҳқиқотӣ, тавсифӣ ва тафсирӣ навишта шудааст, ки шояд як китобхонаи бузургро ташкил диҳад. Вале боз ҳам муҳиммтарин муфассири Ҳофиз худи Ҳофиз аст. Дар мавриди баҳсҳое, ки рӯи ашъори Ҳофиз мешавад, дар ниҳоят посухро аз худи ашъори Ҳофиз метавон пайдо кард. Ин нукта дар мавриди дигар шоирон ҳам сидқ мекунад, зеро муфасссир ва маъбари ҳар шоире қабл аз ҳама худи ӯ аст. Таваҷҷуҳ ба осори худи шоир моро аз хеле аз баҳсҳои тӯлонӣ мераҳонад. Имтиёзи Ҳофиз қабл аз ҳама дар забони мубарро, фохир, шукӯҳманд ва устодонаи ӯ аст. Ба ин нукта худи Гёте,  шоир ва суханвар бузург, ки худро муриди Ҳофиз медонист, ишораи донишмандона ва дақиқе дорад. Мегӯяд, ки Ҳофиз ба забони форсӣ то ҷое тасаллут дорад, бидуни онки худ эҳсосеро аз қалбаш рад кунад, бо ҷо ба ҷоии калимот метавонад шунавандаро бихандонад ва бигирёнад. Чунин шинохти дақиқ аз шеъри Ҳофиз мумкин аст ба ин далел бошад, ки Гёте забони форсиро балад буд.

Дар ҳақиқат ин нукта то ҷое таъйиди худро дар мисоли тасарруфҳое, ки Ҳофиз бар ашъори дигарон кардааст, ёфтааст. Хеле аз абёти Саъдӣ, Хоҷу ва дигар пешиниёни Ҳофиз дар девони Ҳофиз гирд омадаанд. Ҳофиз гоҳе бо ҷо ба ҷоии як байт ду калима дар ин абёт онҳоро ба авҷи камол расондааст. Тибқи қонуни адабӣ истифода аз пораҳои ашъори дигарон натанҳо айб нест, балки ҳунар аст. Зеро шоире, ки ин корро мекунад, метавонад сирфан сухани худро бигӯяд. Вале чаро ба суханони дигарон мутавассил мешавад? Чунки он реша дар зеҳни ҷомеа дорад ва аз ин фурсат ва мавқеият шоири тавонои баъдӣ истифода ва иртибот худро бо мардум ҳифз мекунад.

Масалан Ҳофиз мегӯяд «Ман аз бозуи худ дорам басе шукр, ки зӯри мардумозорӣ надорам»  ва Саъдӣ мегӯяд «Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам, ки зӯри мардумозорӣ надорам». Ҳофиз бо афзудани як мисроъ, ба ин байт фазо ва мӯҳтавои комилан дигаре мебахшад. Худи Ҳофиз ҳам дар бораи мақоми шеъри худ ишораҳои сареҳӣ дорад:

Шеъри Ҳофиз ҳама байтулғазали маърифат аст,

Офарин бар нафси дилкашу лутфи суханаш.

Ё ин маврид аз тафохури зебандаи Ҳофиз:

Шеъри Ҳофиз дар замони Одам андар боғи хулд,

Дафтари насрину гулро зинати авроқ буд.

Мо Ҳофизро ҳамеша дар ҳоли илтиҳоб, гудохтагии ботинӣ ва сириштӣ мебинем. Мавқеи шеъри Ҳофизро мехонем ин эҳсосро надорем, ки фазои шеъри ӯ фазоӣ аст, ки фақат зимни навиштан вориди он мешавад ва дар ҳолоти дигар берун аз он қарор дорад. Ин ҳолат шавқ, шааф ва шӯрӣ аст, ки сатҳи маърифати ӯро ба намоиш мегузорад, сатҳе, ки ҳаргиз аз он поин наомадааст. Дар ҳар сурат имтиёзи Ҳофиз ин аст, ки бо вуҷуди чунин як ҳолате хештандор аст ва ҳудудро риоят мекунад. Ва илло ба лиҳози ҳолати равонӣ дар ҷойгоҳи Мансур қарор дорад. Аз инҷост, ки мегӯяд:

Кашад нақши аналҳақ бар замини хун,

Чу мансур ар каши бардорам имшаб.

Ҷои дигар тасреҳ мекунад:

Гуфт он ёр к-зу гашт сари дор баланд,

Ҷурмаш ин буд, ки асрори ҳувайдо мекард.

Яъне бо ҳама пардабарандозӣ, ки дар шеъри Ҳофиз мушоҳида мекунем, ӯ боз ҳам Ҳофизи асрор аст. Бинобарин бо вуҷуди чунин як ҳолате боз ҳам риндӣ, озодандешӣ ва ихтиёри Ҳофиз болотар аз Хайём аст. Ба унвони мисол Хайём мегӯяд:

Гар  даст ба лавҳаи қазо доштаме,

Бар майлу муроди хеш бингоштаме.

Ғамро зи ҷаҳон яксара бардоштаме,

В-аз шодӣ сар ба чарх афроштаме.

Инҷо «Гар»-и Хайём машрут аст, балки узри нотавонӣ аст. Аммо Ҳофиз мегӯяд:

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.

Агар  ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,

Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.

Чунин шаҳомате дар ҳеҷ як аз шоирони дигар зинҳор дида намешавад. Бинобарин бо таваҷҷуҳ ба баёноти мукаррари Ҳофиз дармеёбем, ки ӯ касе аст, ки шавқ, шӯр, мастӣ ва ворастагиаш ҳосил дарку маърифати бисёр пурэҳсос ва наздик ба яқин мартабаи инсонӣ аст, ки аз тарафи Худованд ба вай дода шудааст. Ҳофиз ваъдаҳои илоҳиро, ки дар китоби осмонӣ аст, ба ҳадди яқин дарк кардааст.

Файзи Руҳулқудс ар боз мадад фармояд,

Дигарон низ кунанд ончи масеҳо мекард.

Манзури «дигарон»  худи Ҳофизи лисон-ул-ғайб аст. Ва ҳамин гуна Ҳофиз устураи бузурге чун ҷоми ҷамро, ки аз Шоҳнома омада, ба яке аз баргузидатарин символҳои шеъри худ ва ба рамзи ҷомеъ қалби бино ва донои ориф табдил кардааст.

Ваҳҳобзода ҳамчунин дар мавриди дигар вежагиҳои осори Ҳофиз сӯҳбат кард ва ба суханони худ бо қироати шеъреро, ки ба тозагӣ ба муносибати бузургдошти рӯзи Ҳофиз эҷод кардааст, хотима бахшид:

Ҳофиз, ба пайкари адабиёт ҷон туӣ,

Дар қалби хок гавҳари ҳафт осмон туӣ.

Дасти замон ба нури вуҷудат намерасад,

Дунё куҳан шудасту ҳамоно ҷавон туӣ.

Мардум ба фоли неки ту умед мекунанд,

Дар ин ҷаҳони ҳодисапарвар амон туӣ.

Гӯянд, ки дарист забони биҳиштён,

Ҳаққо агар айёргари ин забон туӣ.

Арзанда вориси падари шеъри форсӣ,

Мафтуни нағмаҳои хушмулиён туӣ.

Сози каломи ту, ки басе тоҷикона аст,

Тӯмори  меҳри кӯдаки ҳар хонадон туӣ.

Ҳар ҷо, ки соя мефиканӣ марзи ваҳдат аст,

Симурғи қофи қурби баландошён туӣ.

Дар дафтарат навои ду олам фароҳам аст,

Боғе нишаста дар самари меҳргон туӣ.

Бинҳуфта дар сиришту даромехта ба хун,

Бо умри халқу ҳикмати ҳақ ҷовидон туӣ.

Дар бахши дигаре аз ин маросим Фирӯз Умаров ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Бузургмеҳри Ҳаким  шоири ҷавон, Саодат Шарифзода  дӯстдори шеъру адаби форсӣ-тоҷикӣ ва дигарон пораҳое аз ашъори ҷовидонаи Ҳофиз қироат карданд.

Ҳамчунин сафири Эрон омодагии сафорат барои ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар заминаҳои мавриди алоқаи мутақобил эълом кард ва аз ҷумла хостори табдили сӯҳбатҳои ин маросим ба силсила баҳсҳои адабӣ ва пажӯҳишӣ дар мавриди осори Хоҷа Ҳофиз шуд.

Собирӣ ҳамчунин эълом кард, ки сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии эъзоми ду нафар аз адибони ҷавони тоҷикро, ки дар мавриди Ҳофиз матлаб навишта ва пажӯҳиш анҷом додаанд, ба Эрон дорад то ҳамчунин аз оромгоҳи Фирдавсӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ боздид кунанд. Вай ҳамчунин девони нафиси Ҳофизро ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тақдим кард.

Дар поёни ин маросим Сайфиддин Акрамов, овозхони шинохтаи тоҷик, чанд ғазале аз девони Ҳофиз иҷро кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь