Президенти ИМА Доналд Трамп қасди худро барои музокира бо президенти Русия  Владимир Путин эълон кардааст, ки мумкин аст, дар ин ҳафта анҷом шавад, хабар медиҳад Reuters.

Ба гуфтаи вай, агар Маскав ба оташбас дар Укроин розӣ шавад, ин “75 дарсади роҳ” барои хатми низоъ хоҳад буд. Трамп ҳамчунин гуфт, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроинро дубора ба Кохи Сафед даъват хоҳад кард.

Қаблан Киев баъди мулоқоти ҳайатҳои Амрико ва Укроин дар Ҷидда омодагии худро барои оташбаси 30-рӯза бо имкони тамдид изҳор карда буд, ба шарте ки Русия низ ин созишҳоро иҷро кунад. Дар посух, Иёлоти Муттаҳида аз нияти азсаргирии кумакҳои низомӣ ва табодули иттилоъот бо Укроин эълом кард.

Котиби давлатии ИМА Марко Рубио қайд кард, ки Вошингтон мунтазири вокуниши Маскав аст ва мушовири раисҷумҳури ИМА Майк Уолтс ният дорад, ки дар ояндаи наздик бо ҷониби Русия машваратҳо анҷом диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь