Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти фаъолияти Муассисаи  таълимии «Коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ шаҳри Бохтар» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори коллеҷи мазкур Раҳмонзода Ғаюр Раҳмон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда бар ин назар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаи маорифи кишварро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат хонда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беш аз пеш баланд бардошта шавад. Пешвои миллат супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохар”-и ҶСК “Саодат”, дар асоси иҷозатнома оид ба  пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 марти соли 2021 фаъолият карда истодааст. Инчунин, коллеҷ фаъолияти худро дар асоси  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқи низомномаи онҳо), Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ  мондааст.

Коллеҷи тиббӣ – инноватсионии шаҳри Бохтар мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Сохтор ва ихтисосҳо

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар «Коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ шаҳри Бохтар» ҶСК “Саодат” шаш шуъба амал намуда, аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:

Бо таҳсилоти миёнаи умумӣ:

  1. Шуъбаи кори момодоягӣ бо тахассуси момодоя (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  2. Шуъбаи кори табобатӣ бо тахассуси ҳамшираи (бародарӣ) тиббӣ оилавӣ (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  3. Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
  4. Шуъбаи кори фарматсевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фармасевт (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
  5. 5. Шуъбаи кори табобати дандон бо тахасуси фелдшери дандон (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).
  6. 6. Шуъбаи кори дандонсозӣ бо тахассуси техники дандон (муҳлати таҳсил 2 солу 10 моҳ).

Бо таҳсилоти миёнаи асосӣ:

  1. 1. Шуъбаи кори ҳамширагӣ бо тахассуси ҳамшираи тиббӣ (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  2. 2. Шуъбаи кори фарматсевтӣ бо тахассуси ёрдамчии фармасевт (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).
  3. Шуъбаи кори табобати дандон бо тахассуси фелдшери дандон (муҳлати таҳсил 3 солу 10 моҳ).

Аз моҳи сентябри соли ҷорӣ сохтори коллеҷ таҳия карда шуда, барои  мувофиқа бо Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод  карда шуда, тасдиқ гардидааст. Тибқи сохтори ҷадвали воҳидҳои корӣ низ тасдиқ карда шуда,  то инҷониб фаъолият карда истодааст.

Бояд тазаккур диҳам, ки коллеҷ барои пешбӯрди фаъолият аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо иҷозатномаи (литсензияи) хадамоти атестатсия, иҷозатнома ва замима оид ба фаълияти таълимӣ Т-ИФ№001333  то 21. 07. 2026 эътибор дорад, доро мебошад.

Оинномаи коллеҷ аз  30.08.2021 № 1 бо фармоиши муассис ва директори «Коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ шаҳри Бохтар» ҶСК “Саодат” тасдиқ карда шудааст.

Низоми таълим

Мавсуф дар рафти суҳбат изҳор дошт, ки дар Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ  шаҳри Бохтар» ҶСК “Саодат” шакли таълим рӯзона буда, теъдоди донишҷӯён дар аввали соли хониши 2021-2022 ҳамагӣ- 912 нафарро ташкил менамоянд. Ҳамаи гурӯҳҳо ба тариқи шартномавӣ бо низоми кредитии таҳсилот таҳсил менамоянд.

Дар моҳи декабри соли 2021 ҷадвали имтиҳонҳои ҷамъбастии сессияи зимистона барои шуъбаҳои амалкунанда таҳия ва аз муовини директор тасдиқ карда шудааст. Мувофиқи нақшаи таълимӣ имтиҳонҳои ҷамъбастӣ  нимсолаи  якуми соли хониши 2021-2022 аз санаи 29-уми декабри соли 2021 то санаи 18.01 соли 2022 идома ёфтанд. Ҷараёни гузаронида шудани имтиҳонҳо аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ва дигар шахсони мутасаддӣ назорат карда шуданд. Ҳамаи имтиҳонҳо ба тариқи санҷиши тестӣ гузаронида шуданд. Имтиҳонҳо тибқи ҷадвали таҳия гардида сурат гирифт. Доир ба супорида шудани имтиҳонҳо ва натиҷаи онҳо маълумотнома дар Шӯрои омӯзгорон, ки аввали моҳи феврал баргузор гардид, баррасӣ ва муҳокима карда шуд.

Мувофиқи нақшаи таълимӣ санҷиши фосилавӣ 1-уми нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 аз санаи 28.03.2022 то 02.04.2022 идома ёфт. Санҷиши фосилавии 2-юм аз 30.05.2022 то 04.06.2022 гузаронида шуданд. Ҷараёни гузаронида шудани рейтингҳо аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ва дигар шахсони мутасаддӣ назорат карда шуданд.

Таъминоти кадрӣ

Дар ҷараёни суҳбат номбурда қайд кард, ки дар Коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ шаҳри Бохтар ҶСК “Саодат” 116 нафар коргарон фаъолият менамоянд, ки аз он 91 нафарашон омӯзгорон мебошанд. 53 нафар омӯзгори асосӣ ва 38- нафар омӯзгори соатбайъ буда, 44  нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.

Омӯзгорони асосӣ – 53 нафар ( занҳо 35 нафар);

Кормандони асосӣ бо маълумоти олии тиббӣ – 3 нафар;

Кормандони асосӣ бо маълумоти олии педагогӣ – 50 нафар;

Бо маълумоти миёнаи тиббӣ – 2 нафар;

Бо маълумоти миёнаи педагогӣ – 1 нафар;

Бо дараҷаи тахассусӣ олӣ- 23 нафар;

Бо дараҷаи тахассуси якум – 5 нафар;

Бо дараҷаи тахассуси дуюм – 8 нафар;

Бе дараҷа -17 нафар;

Теъдоди омӯзгорони соатбайъ чӣ тавре, ки дар боло зикр намудем 38 нафар буда, бештари онҳоро омӯзгорони собиқадор ва пуртаҷриба мебошанд. Гузаронида шудани машғулиятҳои омӯзгорони соатбайъ мунтазам аз ҷониби роҳбарияти коллеҷ ва мудирони кафедраҳо назорат карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои методӣ ва тавсияҳо дода мешаванд.

Бо омӯзгорони ҷавон ва соатбайъҳо семинари омӯзиши доир ба қайди дурӯсти мавзӯъҳои дарсӣ ва мутобиқати онҳо бо барномаи таълимӣ меъёри баҳогузорӣ ва дигар мавзӯъҳо доир ба ҷараёни таълим тааллуқ дошта, дар аввали моҳи октябр аз ҷониби шахсони мутасаддӣ гузаронида шуданд.

Шароит ва озмоишгоҳи таълимӣ

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки дар Коллеҷи тиббӣ-инноватсионӣ шаҳри Бохтар ҶСК “Саодат” 55 синфхона бо таҷҳизотҳо ва асбобу аёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудааст. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, саҳни коллеҷ бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳои кафедраҳо таҷҳизоти компютерӣ ва тахтаи электронӣ гузошта шуда, бештари машғулиятҳо бо истифодаи онҳо гузаронида шуда истодааст. Машғулиятҳо ба тариқи дарс-лексия ташкил карда шудааст. Дар кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар миқдори зиёди фанҳо дарс-лексия ташкил карда шуда, синфхонаҳои лексионӣ барои гузаштани лексияҳо омода карда шуданд. Дар коллеҷ 3 синфхонаи компютерӣ бо 45-адад компютер, 6-тахтаи электронӣ дар кабинетҳои технологияи информатсионӣ, биология, химия, асосҳои кори ҳамширагӣ мавҷуд мебошад. Дар ҳамаи синфхонаҳо таъмири пурра гузаронида шуда, бо мизу курсиҳои нав таъмин гардидааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, азхудкунии маҳорату малакаи касбӣ ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббии ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгӯ буда, кафедраҳо таъсис дода шудааст. Ҳамаи кафедраҳо дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошанд. Дар назди кафедраҳо маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шуда, ҷиҳати баланд бардоштани малакаи омӯзгорӣ, омӯзгорони коллеҷ мунтазам бо омӯзгорони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи тибии шаҳри Бохтар ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав робитаи ҳамкорӣ доранд.

Китобхонаи коллеҷ

Номбурда афзуд, ки дар китобхонаи коллеҷ 1863 адад китоб мавҷуд буда, теъдоди китобҳои таълимӣ 1493, бадеӣ 340 адад ва китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 ададро ташкил медиҳанд.

Бо супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри самаранок истифода намудани вақтҳои холигии донишҷӯён, махсусан дар вақти таътил корҳои таблиғотию ташфиқоти ҷиҳати хониши китобҳои бадеӣ дар китобхонаи коллеҷ ва китобхонаи вилоятӣ ба роҳ монда шудааст.

Маъмурияти Коллеҷи тиббӣ ба нақша гирифтааст, ки баҳри ғани гардонидани китобхона бо китобҳои таълимӣ-тахассусии бо забони давлатӣ чопгардида ва китобҳои бадеӣ аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, зина ба зина ворид намудани китобҳоро ба роҳ монад.

Китобхонаи электронӣ дар коллеҷ фаъолият менамояд, ки дар он 15 адад компютер мавҷуд буда, онҳо ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Модулҳои таълимии омӯзгорон дар ин китобхона ҷой дода шудааст. Аз ин китобҳо ва дастурҳои методӣ донишҷӯён васеъ истифода намуда истодаанд.

Назорати дохили таълимгоҳӣ

Назорати дохилитаълимгоҳӣ  яке аз бахшҳои муҳими фаъолияти таълимгоҳ, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ба шумор меравад.

Баҳри амалисозии назорати дохилитаълимгоҳӣ дар коллеҷ комиссияи назорати дохилитаълимгоҳӣ дар ҳайати  7 нафар, бо фармоиши директор таъсис дода шудааст.

Фаъолияти комиссияи назорати дохилитаълимгоҳӣ дар асоси нақшаи ягонаи таълиму тарбияи коллеҷ ва бахши назорати дохилитаълимгоҳӣ сурат мегирад. Натиҷаи санҷишҳо ва кори комиссияи дохилитаълимгоҳӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои омӯзгорон баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор ва мушаххас қабул карда мешаванд.

Иштирок дар ҷорабиниҳо

Дар рафти суҳбат номбурда изҳор дошт, ки чорабиниҳои оммавӣ ва сиёсӣ, фарҳангӣ бахшида ба таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, идҳои касбӣ, ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳо дастовардҳои варзишӣ ва дигар намуди чорабиниҳо кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ фаъолона иштирок мекунанд.

Барои мисол, мехоҳем якчанд чорабиниҳое ташкил ва гузаронида шуд, қайд намоем:

Бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ва таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 22.02.2022 дар толори китобхонаи муассиса чорабинии фарҳангӣ аз тарафи китобдор гузаронида шуд.

Инчунин аз моҳи ноябри соли сипари ҳамарӯза дар саҳни коллеҷ ҳар субҳ пеш аз оғози дарс аз тарафи донишҷӯёни шуъбаҳои амалкунандаи коллеҷ дар мавзуҳои тиббӣ ва бемориҳои сироятию – маавзуҳои мубрами рӯз баромадҳо ташкил карда шуд, ки барои водор намудани ҳамшираю- бародарони шафқати оянда оиди бемориҳое, ки онҳо дар оянда дар рафти фаъолияти кории худ бо онҳо во мехуранд хеле зарур ва донистанӣ буд. Ногуфта намонад, ки дар нимсолаи якуми соли равон дар кафедраҳои Гуманитарӣ ва Тиббӣ- биологӣ олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуда, ғолибони даври аавали ин олимпиадаҳо дар байни дигар донишҷӯён дар линейкаҳои пагоҳирӯзи аз ҷониби маъмурияти муассиса бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Санаи 05.03.2022с дар муассиса инчунин дар асоси мактуби Вазорати маориф барои таҷлили идҳои баҳорӣ – Иди модарон ва Наврӯзи байналмилалӣ як қатор чорабиниҳо аз тарафи муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, сардори шуъбаи таълим, декани факултет ба монанди шоҳмот ва шашка байни донишҷудухтарони коллеҷ ва намоиши унсурҳои миллӣ, шеъру сурудхонӣ гузаронида шуд.

Санаи 12.04.2022 дар китобхонаи Коллеҷи тиббӣ аз тарафи китобдор Авсамадзода С. ва муовини тарбиявӣ конференсияи илмӣ таҳти унвони “12-рӯзи Кайҳонавардон” бо итироки роҳбарияти коллеҷ ва омӯзгорону донишҷуёни коллеҷ баргузор гардид.

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи муовини директор оид ба таълим дарки фарҳангу таърихи қадимаи халқи тоҷик ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи донишҷуёни коллеҷ аз руйи ҷадвал ба осорхонаи вилоятии шаҳри Бохтар сафарбар карда шудаанд,ки дар ин чорабини донишҷудухтарони гуруҳи 101 кори фарматсевтӣ бо роҳбарии муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ низ иштироки фаъолона доштанд.

Бояд бо ифтихор ва сарфарозмандӣ бигӯям, ки донишҷӯёни бахши дуюми Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ – инноватсионӣ шаҳри Бохтар ва ҳамзамон, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Абдураҳимова Сабоҳат дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои сеюм ва ифтихорӣ гардиданд. Дар баробари ин, донишҷӯёни мазкур ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷӯён аз ҷониби директори Муассисаи таълимии Коллеҷи тиббӣ – инноватсионӣ муҳтарам Раҳмонзода Ғаюр Раҳмон ба ширкаткунандагони ин озмун сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки боиси тазаккур аст, ки ин иқдоми хирадмандони Пешвои муаззами миллат баҳри баланд намудани маърифатӣ китобхонӣ, илму донишомӯзӣ, донистани таърихи ғанӣ ва қадимаи миллати хеш, арҷ гузоштан ба тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик мебошад.

Дар фароварди суҳбат номбурда изҳор дошт, ки иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ ва ҳамоишҳои илмиву фаннӣ намудани ҳайати кормандон ва донишҷӯёни коллеҷ дарак аз он медиҳад, ки ҳисси ватандӯстиву сатҳи саводнокии бахусус донишҷӯёни коллеҷ зин ба зина боло рафта истодааст ва мо дар ин росто, мекӯшем, ки тамоми имконияти мавҷударо барои боз ҳам пешрафти сатҳи саводнокии донишҷӯён истифода намоем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь