Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст,
Хабари дил шунуфтанам ҳавас аст.
Тамаъи хом бин, ки қиссаи фош
Аз рафиқон нуҳуфтанам ҳавас аст.
Ҳамчу Ҳофиз ба рағми муддаъиён
Шеъри риндона гуфтанам ҳавас аст.
(Ҳофизи Шерозӣ)
Аз ин, ки устод Сафар Абдуллоҳ шеър мегӯяд, ман низ, мисли бисёре аз дӯстону ошноёни ӯ, ҳатто шояд аъзои хонаводааш, то дер гоҳе намедонистам. Метавон гуфт, бисёр тасодуфӣ огоҳ шудам, ки устод гоҳ-гоҳе аз фаъолияти аслии худ канор меравад ва фориғ аз гирифториҳо ва гирудорҳои зиндагии рутин, барои худ шеър менависад. Ба маҳзе, ки аз ин амр огоҳ ва бо ашъори зебои устод ошно шудам, ӯро ташвиқ ба чопу интишори ашъораш кардам, аммо канор намеомад ва розӣ намешуд. Солҳо пеш аз ин буд, ки мехостам худам маҷмӯаеро аз ашъори ӯ, бидуни огоҳии худаш, барои чоп таҳия кунам, вале далелҳои зиёда дар миён буд, ки ин корро то ҳол накардам. Аммо далели аслӣ ин буд, ки худи устод инро намехост. Мегуфт: “Ман барои чоп ва интишор шеър намегӯям, барои худам мегӯям, зеро инҳо, ки менависам, пеш аз он ва беш аз он, ки шеър бошанд, дарди дил ҳастанд. Ман феълан омода нестам дар миёни ҷамъ, пеши анҷуман, он ҳам ҷамъ ва анҷумани ошиқон ва огоҳони шеъри оламгири форсӣ ба ин шеваи хусусӣ дарди дил кунам”.
Албатта, аз як дидгоҳ ҳақ бо ӯст, ки худ устоди забону адабиёти форсӣ буда, солҳои тӯлонист, ки дар ростои таҳқиқу пажӯҳиш ва тарвиҷу таблиғи ин падидаи хориқ-ул-одда ва мунҳасир ба фарди торихи ҷаҳонӣ, яъне тамаддуни эронӣ заҳмат кашида ва барои пояндагӣ, зиндагӣ ва зояндагии он аз умри гаронқадри худ моя гузошта аст. Оё дар бораи шеър беҳтар аз як устоди забону адабиёт чӣ каси дигаре метавонад доварӣ кунад?
Олҷас Сулаймонов, шоири барҷаста ва шаҳири қазок, адиб, мутафаккир ва сиёсатмадори маъруф ва машҳури ҷаҳон, ки зимнан яке аз беҳтарин дӯстони Сафар Абдуллоҳ, “рафиқи роҳ”-и ӯ дар зиндагии хусусӣ, иҷтимоӣ ва адабиаш буда ва ҳаст, дар пешгуфтори яке аз китобҳои ашъори Муъмин Қаноат, яке дигар аз шаҳсутунҳои шеъри оламгири форсӣ, ки низ аз беҳтарин дӯстони Сафар Абдуллоҳ буд, менависад:
“Дар миёни шоирони даризабон бо сомиъа тафриқа наметавон гузошт. Дар ин забон шеъри Ҷомӣ ва назми як шеърбоф яксон садо медиҳад. Дарӣ забоне гуворо ва ҳамзамон фиребост. Мушкил аст ба шоъире дар ин мулк суханварӣ ва сухансозӣ, дар ҳоле, ки ҳар бозаргоне суханвар ва суханбоз аст. Ин фикрҳо дар Душанбе, дар як шаби мушоъира ба сарам омад. Ҳар тоҷик, ки ба шеър гуфтан мекунад, аз нахустин қадам боястӣ дар таносуб ва қиёси гузаштагони “Асри тиллоӣ” эҷод кунад”.
Ман баҳсе бо ин гуфтаҳо надорам. Воқеъият ҳамон аст, ки ин шоир ва андешаманди бузург мефармоянд. Фақат як нуктаро мехоҳам изофа кунам, ки дар таърихи шеъру адаби порсӣ, бар хилофи торихи сойири адабу шеъри бисёре аз дигар кишварҳои ҷаҳон, асрҳои “тиллоӣ” ва “нуқраӣ” надорем. Агар қарор бар ин бошад, ки барои арзишёбии адабиёт аз ин истилоҳот кор бигирем, метавон гуфт, ки тамомии рӯзҳо, моҳҳо, солҳо, қарнҳо ва асрҳои ин адабиёт “тиллоӣ” буда аст. Ва ҳар шоире, ки дар ҳар давру давроне ва дар ҳар мулку маконе аз қаламрави форсӣ ба ин забон шеър навишта аст, аз гумномтарини онҳо то бономтаринашон, аз Рӯдакии Панҷекатӣ то Қатрони Табрезӣ, аз Бедили Деҳлавӣ то Туғрали Самарқандӣ, Аз Хоқонии Шервонӣ то Шайх Абулҳайи Муҷихарфӣ, ҳама бо қалами “тиллоӣ” осоре “тиллоӣ” навишта ва барои ҷаҳониён ба мерос гузоштаанд. Дар ин сарзаминҳое, ки ҳамеша “айём фитнаангез” ва пайваста “замона хунрез” будаанд, ҳар фарде, ки ба қасди навиштани байте, ғазале, ҳикояте, ривояте қалам ба даст гирифта аст ва он қаламро дар баробари шамшер алам карда аст, бешубҳа ҷавонмарде айёр ва комилёр будааст. Талоши чунин афроди қаламбадаст буд, ки забони форсӣ ва тамаддуни эронӣ дастхуши турктози давронҳо нашуд ва аз дастбурди яғмои замонҳо эмин бимонд.
Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло, пеши худам ҳадс мезанам, ки шояд аз ҳамин ҷост ва ҳамин далоил аст, ки Сафар Абдуллоҳ ин ҳама солҳо ашъори худро ба чашми кам дида ва аз интишори онҳо худдорӣ карда аст. Аммо, баъзан чунин иттифоқоте меафтад, ки як шеъре ё ашъоре, ки на барои чоп ва интишор навишта шуда аст, балки шоир онро барои худаш гуфта ва бо навиштани он шеър бо худаш “дарди дил” карда аст, дар миёни ошиқону дилбохтагони “каломи мавзун” аз шуҳрату маҳбубияти вижае бархӯрдор мешавад. Таърихи адабиёти ҷаҳон борҳо шоҳид буда, ки ашъоре, ки бидуни такаллуфу иддао ва қайду шарт, бидуни худшефтагӣ ва маниши шоирона, ба содагӣ ва “худамонӣ” навишта шудаанд, беҳтару бештар ба сӯйи хонандагон роҳ ёфта ва бар дилу дидаи онҳо нишастаанд. Ба унвони намуна метавон аз ҳамон чанд ошиқонаҳои Байрон, Шекспир, Пушкин, Лермонтов ёд овард, ки худашон ба онҳо унвони “Барои…” ном ниҳодаанд. Яъне он шеърҳо дар ҳадде “худамонӣ” будаанд, ки шоирон ҳатто номи он “фулонӣ”-ҳоро ки шеър ба онҳо эҳдо шуда аст, зикр намекарданд. Аммо дар воқеъ чунин ашъоре ғайри интизор (ба назари ман, ҳатто ғайри интизори худи ин шоирон) аз маҳбубияти хеле бештар байни хонандагон бархӯрдор мешуданд. Ва бархе аз ин ашъор аст, ки бо гузашти садсолаҳо то ба имрӯз маҳбубияти худро аз даст надодаанд ва шояд башарро то Ҷовидон ҳамроҳӣ кунанд.
Лисон-ул-ғайб дар яке аз ғазалҳои қудсии худ менависад:
Аз садойи сухани ишқ надидам хуштар
Ёдгоре, ки дар ин гунбади даввор бимонд.
Ба назари ман, манзур ва хостаи Ҳофиз аз “Сухани ишқ” ҳамон ашъорест, ки шоирон барои худ ва барои ифодаи дарди дили худ менависанд. Аммо натиҷаи ниҳоӣ чунон мешавад, ки он шеър ба дарди ҳамагон мехӯрад, дар дили ҳамагон менишинад ва ҳамагонӣ мешавад. Ё тавре, ки дар урф мегӯянд, “бар дил нишинад ҳарфе, ки аз дил бархезад”. Садҳо мисолу намунаҳои дигаре вуҷуд дорад, ки як чунин шеъри содда, оддӣ, беиддаъо, беороиш тамоми хостаҳои як шоирро, ки шомили ҳамон дарду шодӣ, яъсу умед таҷрибиёти талху ширини рӯзгор, бозгӯи лаҳазоти тираву рангини зиндагӣ, ранҷу мушкилоти маъишӣ, иҷтимоӣ, тамаддунӣ ва ҳатто сиёсии ӯст, баён мекунад, ки дар асли худ ва дар ниҳояти худ хостаҳои ҳар як инсон аст.
Сафар Абдуллоҳ ба унвони ошиқи содиқ ва сарсупурдаи адабиёт ва шеъри форсӣ ҳануз дар даврони ҷавонӣ ва нахустин гомҳояш ба арсаи адабиёт барои аҳли адаби Тоҷикистон ва маҳофили адабии Масква, ки дар он даврон пойтахти адабӣ ва фарҳангии Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз қутбҳои илму фарҳанги ҷаҳон ба шумор мерафт, ба шахсияти шинохта табдил шуд ва кам- кам барои сойири кишварҳои Шӯравӣ, аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва Озарбойҷон гирифта то кишварҳои Соҳили Балтик муаррифӣ мешуд. Ӯ дар ин қаламрави адабиёти шӯравӣ, чуноне, ки дар ин маворид мегӯянд, баройи худ ҷойи по мекофт ва меёфт. Дар ин ҷода кӯлаборе ҳам бар дӯши худ дошт, ки пур аз ҳамон “куҳнаколо” буд. Ин “куҳнаколо” ҳамон девони Ҳофиз ва Бедил буд, ки волидайн дар кӯдакӣ бар сари гаҳворааш бигзошта буданд ва “Шоҳнома” буд, ки дар даврони бачагӣ зери таъсири он қарор гирифта ва ҳам акнун мехост бо ин сарват, қувват ва давлат, ки дар кӯлабори худ ва дар ихтиёри худ дорад, ҷаҳони адабро тасхир кунад. Аммо тақдир ва сарнавишт чизи дигареро барои ӯ таҳия карда буд. Даврони ҷавониаш бо давроне пур аз ошӯбу исён, инкору яқин, тардиду бовар, шикасту рехт, сӯзандагӣ ва созандагӣ, яъне ба охирин солҳои вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ мусодиф шуд. Ва ҳамон солҳо буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пошид ва он сохтори фарҳангӣ ва адабии вобаста ба он иттиҳод низ аз ҳам фурӯ рехт.
Дар он рӯзгори фаҷеъ ва ғамангез буд, ки дар саросари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, бисёре аз аҳли адаб – шоирон, адибон, рӯшанфикрон, зиёиён – худро, мавқеъ ва мавзеъи худро дар илм, дар адабиёт ва ҳатто дар зиндагӣ аз даст доданд. Бисёре дар шароите ҷадид, ки аз як сӯ дигар қолаб ва чорчӯбе набуд, идеолужии ҳатмӣ ва сонсуре вуҷуд надошт, ва аз сӯйи дигар, дидгоҳе тоза, ва роҳу равиши дигаре барои пеш рафтан пайдо набуд, сарсону саргардон шуданд. Ҳамин набуди идеолужӣ, адами сархату сарҳад баъд аз фурӯпошии шӯравӣ боис шуд, ки аввал шоҳиди хору залил гардидани адибони асил, донишмандони тавоно дар саросари Шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон ва баъдҳо шоҳиди ба майдони адаб ва ҳунар рехтани афроде дур аз ҳар адаб ва ҳар ҳунар шудем. Чунин вазъияти асафбор ва навмедкунанда тамоми фарҳанг ва адабиёти Шӯравиро фаро гирифта буд, ки мутаассифона то ҳанӯз идома дорад. Аммо дар ин миён теъдоде чанд аз адибон, шоирон ва нависандагон буданд, ки тавонистанд худро аз он бунбасти махуф ва хатарнок, аз он марҳалаи хориву зиллат ва аз он вартаи нобудӣ берун баранд. Ва дар ин миён Сафар Абдуллоҳ низ буд, ки худро аз он гумроҳӣ ва бероҳӣ дур кашид, руҷӯъ ба асли худ ва асолати миллии худ кард, рӯ ба ниёишгоҳи миллати худ овард ва бар ҷонибу ҷаноби Қиблаи қалбу рӯҳи худ – Сухани порсӣ намози ишқро бар ҷо овард.
Албатта, қабл аз ин ҳам рӯйи ӯ бар ҷонибе дигар ба ҷуз аз Қиблаи ишқаш, яъне Фарҳанги порсӣ, нагардида буд ва ниёишҳояш ҷуз Сухани порсӣ набуд. Аммо дар ҳамин даврон буд, ки ниёишҳои ӯ гармтар ва талошҳояш қатъитар ва азмаш дар роҳи расидан ба мақсад ва мақсуд бештар мешуд.
Ҳамон солҳои пурошӯби завол ва фурӯпошии Шӯравӣ буд, ки Сафар Абдуллоҳ дур аз меҳани худ Тоҷикистон, баъд аз сайру саргардониҳои зиёд дар ақсои ҷаҳон, баъд аз иқомат дар бархе кишварҳои Шӯравӣ собиқ ва сойири кишварҳои ғарбӣ ва шарқӣ, аз Масква ва Тошканд то Порис ва Лондон, бино бар далоили зиёде худро бидуни барномарезии пешакӣ, ғайри интизор, дар ҷои дигар, дар хоки Қазоқистони ҳамсоя, дар шаҳри зебои Алматӣ дарёфт. Ва дар ин ҷо буд, ки аз меҳру муҳаббати ҳамагонӣ, аз ҷумла аҳли адаби ин кишвар, ки дар тӯли таърих яке аз сарзаминҳои ҳавзаи тамаддуни порсӣ буда аст, бархӯрдор шуд ва дар он маҳалли иқомат гузид, ба зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ ва адабии худ, ба таълифи осори мондагори худ идома дод. Дар ҳамин ҷо Сафар Абдуллоҳ ҳамзамон бо кор дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар фаъолиятҳое, ки зиндагии рӯзмарра ва гузарони умри ӯро таъмин мекарданд, иқдом ба таъсиси маҷаллае ба забони русӣ бо номи “Эроннома” кард.
Маҷаллаи “Эроннома” дар воқеъ як падидаи мунҳасир ба фард, як посухи маҳкам ва нерӯманд ба даврони шикастурехт, ҳарҷумарҷ дар он фазои бесарусомонии пасошӯравӣ дар адабиёт буд. Ин як талоше муваффақ буд барои ҳифзи ҷойгоҳи тамаддун, адабиёт ва сухани порсӣ дар сарзамине, ки рӯзу рӯзгоре қадру қиммати худро дошт ва ҳатто аз қадосат бархӯрдор буд, ки мутаассифона ҳамакнун камранг ва ҳатто беранг мешавад. Ман, шоҳиди зиндаи он ҳама рӯйдодҳо будам ва медидам, ки устод Сафар Абдуллоҳ, ки вуҷуди худро ва маънои зиндагии худро дар вуҷуд ва маънои ҳазоронсолаи шеъри форсӣ медид ва мешинохт, бо таҳия ва нашри ин маҷалла дар роҳи шинохт ва маърифати шеъри форсӣ, таблиғ ва тарвиҷи ин тамаддуни созанда ва зоянда хидматҳои зиёде карда ва дар ин росто талошҳои зиёде ба харҷ дода аст…
… Дар ин даврони ҷаҳонватанӣ, ки дар воқеъ онро метавон беватанӣ номид, Устод Сафар Абдуллоҳ ихтиёр ва иҷбори худро дар иқомат гузидан дар сарзамине пок дид, ки номи он қаламрави Шеъри Форсӣ буд, ҳаст ва хоҳад буд. Ӯ саргузашти худро дар роҳе идома дод, ки сарнавишт барояш муқарар карда буд. Устод вазифаи худ, масъулияти худ ва рисолати худро дар зиндагӣ пайваста ва ҳамеша дар рафтан ва пайвастан ба он Дунёи бузург ва бекарони адабиёти порсӣ, ба гуфти яке дигар аз пайғамбарони ин адабиёт Муҳаммад Иқбол, дар гум нашудан чун Қатра дар Қулзум, балки пайвастан ба он Дарёи беоғозу беанҷом ва дар саранҷом табдил шудани худ ба он Дарё медид…
Сиёвуши ҶУНАЙДӢ