Дар порлумони Сербистон вакилони мухолифин талош карданд, ки бо барангехтани ошӯб ва истифода аз маводи пиротехникӣ ҷаласаро халалдор кунанд.
Ин занозанӣ аз он сабаб сар зад, ки мухолифин эълом доштанд, дар муҳокимаи ислоҳи қонун дар бораи таҳсилоти олӣ ва қарзи манзил барои ҷавонон ширкат намекунанд. Пас аз эълони тазоҳурот, намояндагони мухолифин оташафшонӣ карданд, бомбҳои дудзо андохтанд ва ба раиси маҷлис Ана Брнабич об пошиданд.
Дар маркази маҷлисгоҳ навиштаҷоте бо ин маънӣ кушода шуда буд: «Сербистон хаста шудааст. Бигзор режим суқут кунад”.
Дар ҷараёни ошӯб ду зан ҳангоми бархӯрдани норинҷакҳои гозгир ба сари онҳо ҷароҳат бардоштанд. Як зани дигари ҳомила дар ҳолати шок ба бемористон интиқол ёфт. Дар назди бинои парлумон донишҷӯёни эътирозгар низ буданд. Онҳо бо талаби истеъфои ҳукумат гирдиҳамоӣ ташкил карданд.