ИМА бо дастури Доналд Трамп ҳама гуна пуштибонии низомӣ ба Укроинро мутаваққиф мекунад ва фишор болои Владимир Зеленскийро пас аз баҳси ахири онҳо дар Кохи Сафед афзоиш медиҳад. Дар ин бора Bloomberg ва CNN хабар доданд.

Ба гуфтаи як намояндаи Вазорати дифои Амрико, ки аз ӯ ном бурда намешавад, захираҳои аслиҳаи амрикоии воқеъ дар берун аз Укроин муваққатан боздошта шудаанд. Ин ба таҷҳизоте, ки дар транзит қарор дорад, инчунин ба таҷҳизоте, ки интизори интиқол дар минтақаҳои транзитӣ, аз ҷумла Лаҳистон ҳастанд, дахл дорад. Бино ба хабари расонаҳо, президент ба вазири дифоъ Пит Ҳегсет дастур додааст, ки ин тадбирро амалӣ созад.

Ҳанӯз рӯшан нест, ки тасмими Трамп чӣ миқдор кумакро таҳти таъсир қарор додааст. Раҳбари Амрико баъди таниши лафзӣ бо президенти Укроин гуфт, ки Зеленский “ба сулҳ омода нест” ва ояндаи пуштибонии низомӣ аз Укроин аз он вобаста хоҳад буд, ки вазъ чӣ гуна хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь