Ба Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нусратулло Салимзода

 

SOS: Давоми 1,5-2 соли охир аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Ғозиён ва Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки беш аз 110-130 ҳазор аҳолӣ доранд, ба як мушкилоти басо сангини экологӣ гирифтор шудаанд.

 

 

Дар замони Шӯравӣ шаҳри Чкаловск (ҳозира Бӯстон) яке аз шаҳрҳои аз ҷиҳати мудофиавӣ лозима ва дорои низоми махсус ба шумор мерафт. Системаи корезӣ онро дар ҳудудҳои Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Хуҷанди гузашта имрӯза Бобоҷон Ғафуров дар майдони 21,6 га бунёд намудаанд, ки бояд ифлосиҳои корезӣ дар 27 ҳавзҳо яъне оби канализатсияи шаҳри Бӯстон ва шаҳраки Ғафуров тоза карда шуда пасон тариқи сойҳо ва системаи иригатсиёнӣ обаш ба дарёи Сир мерехт.

Он солҳо обҳои ифлоси 4 мурғхона, қасобхонаҳо, чандин беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС, 6-8 осиёбҳо (корхонаҳои истеҳсоли орд) оби ифлосашон ба ин хатти корезӣ намерехт.

Ҳоло бошад дар сӯҳбат бо мо Ахмедов Аъзам, муовини Раиси маҳаллаи Асирӣ, ҷамоати Деҳоти Унҷӣ иброз намуд, ки дар гузаштаи 1,5-2 сол пеш оби ин хатти корезӣ ҳамаги 4-6 кӯлҳои сохташударо нимкола пур мекарду халос:

“Мо бо мактубҳои аҳлонаи мардуми маҳалаи Асирӣ ба тамоми идораҳои дахлдори вилоят рафтем, вале дар ягонҷо ба доди мардум нарасиданд. Танҳо ҳар кадом аъзои комиссия дар дафтарҳои ғафси худ кадом нишондодҳоро сабт мекунанду ба мо ваъдаҳои хушку холиро мерос гузошта ғайб мезананд”.

Мардум намедонанд додашонро ба кӣ гӯянд. Аҷоиби кор дар он аст, ки Раиси ноҳияи мазкур, ҷаноби Салимзода Нусратулло, ки худ собиқаи беш аз 30 солаи корро дар соҳаи тандурустии кишвар доранд ва ҳатто 10 сол Вазири тандурустӣ ва сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон кор карда бошанд ҳам, доди мардумро шунидан намехоҳанд.

Дар суҳбат бо мо Набиев Мақсуд, раиси маҳаллаи Арбоб иброз намуд, ки “наҳри Бабай” бо тамоми ифлосиҳояш аллакай то ба ҳудуди шаҳри Хуҷанд рафта расида истодааст ва бӯйи ғализи он ба маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва Ҳайдар Усмонов ва ба гирду атрофи ҳудудҳои хоҷагии Урунхоҷаев, кӯчаҳои Пулод Қосим, Ленин, Мирсаид, Умаров, Абдумавлон Ғаниев, 9 Май, 8 Март, Самадов, Ҳайдар Усмон, Абдуқодир Усмонов, Дадаҷон Ҳошимов паҳн шуда истодааст ва ин  мардумро сахт ба ташвиш овардааст, вале масъулини дахлдори Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти Давлати ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро не.

Маҳмудов Алишер, муовини раиси маҳаллаи деҳаи Ҷон иброз намуд: “Мо бо мактубҳои дастаҷамъонаи халқ бо иштироки раиси ҷамоати деҳоти Унҷӣ Фозилов Акмалҷон дари ҳамаи сохторҳоро чанд бор кӯфтем. Дар давраи аввал каме мехостаанд ба мардум ёрдам кунанд дар охир ҳавсалаи масъулини дахлдори экология, санитарию эпидемологӣ ва ҳатто прокуратураю раиси ноҳия пир гашт ва имрӯз касе намехоҳад проблемаи хатти оби полезии “Бабай” – ро ҳаллу фасл намояд ва мардум ягона илоҷашонро дар ин муроҷиат, ки ба Пешвои муаззами миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст, мебинанд”.

Саид ҲАЙДАР,

махсус барои “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь