Ромиш Шералӣ, фарзанди шоири бузурги тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ аз олам даргузашт.
Марҳум 54-сол дошт ва дар нашриёти “Адиб” кор мекард. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии театрии Шепкин буд. Ба гуфтаи наздиконаш, Ромиш Шералӣ чанд сол инҷониб аз бемории дил ранҷ мекашид ва дар бемористонҳои Душанбе табобат мегирифт.
“Фараж” ба наздикони марҳум таслият мегӯяд ва аз Худо мехоҳад, ки ӯро раҳмату мағфират карда бошад! Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Блоки рекламавӣ