Президенти Укроин Владимир Зеленский дар мулоқоти рӯзи 28-уми феврал дар Кохи Сафед аз муноқиша бо президенти ИМА Доналд Трамп изҳори таассуф кард. Ӯ узр напурсид, вале қайд кард, ки «вақти ислоҳи ҳама чиз расидааст».
Вай дар шабакаи иҷтимоии X навишт: “Мулоқоти мо дар Кохи Сафед рӯзи ҷумъа тавре набуд, ки бояд мебуд. Мутаассифам, ки ин ҳодиса рӯй дод. Вақти ислоҳи ҳама чиз расидааст”.
Зеленский изҳори хоҳиши ба роҳ мондани муколамаи созанда бо Иёлоти Муттаҳида ва омодагии худро барои кор кардан «таҳти роҳбарии қавии президент Трамп» барои ноил шудан ба сулҳ эълон кард.
Дар қатори аввалин қадамҳо дар самти ҳалли низоъ, ӯ пешниҳод кард, ки маҳбусон озод карда шаванд, ҳамлаҳои мушакӣ ва дурпарвози ҳавопаймоҳои бесарнишин манъ карда шаванд ва ба ҳамлаҳо ба инфрасохтори ғайринизомӣ ва энергетикӣ хотима дода шаванд. Вай инчунин ҷонибдори қатъи амалиёти ҷангӣ дар баҳр, дар сурати розӣ шудани Русия ба чунин тадбирҳо изҳори назар кард.
“Он гоҳ мо мехоҳем ҳама марҳилаҳои минбаъдаро зуд паси сар кунем ва дар якҷоягӣ бо Иёлоти Муттаҳида созишномаи сулҳи пойдор ба даст орем”, – таъкид кард Зеленский.