Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло

Аз номи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, минтақаи Оқтош, кӯчаи Фарҳод, хонаи 62, шоира Воҳидова Нилуфар Зокировна

Фермаи хукпарварӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокинони маҳаллиро водор ба навиштани чандин номаҳои дастҷамъона ба мақомоти гуногун кардааст.

Бо корвони умеду боварӣ ва ихлосмандӣ доди худро ба Шумо мерасонам, раиси гиромӣ, чун то имрӯз кори судманде дар ҳалли мушкилоти дер боз ҳалношудаи маҳалли зисти ману аҳли оилаам на аз дасти мақомотҳои дахлдори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омадаву на аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд.

Соли 2006 инҷониб дар ҳамсоягии мо оилаи Темировҳо – Яҳё ва ду писараш -Шерозу Шерзод ғайриқонунӣ бо парвариши хук ва як қадар моли калони шохдор машғуланд. Аз ҳамон сол эътиборан мо -ҳамсояҳо сонияе наметавонем осуда нафас гирем ва на лаҳзае аз ифлосиву ғажд дур бошем. Ба таъкидҳои чандинкаратаи мо эътибор надода, онҳо оби дарёву кӯчаву роҳравҳоро чиркину бадбӯй намудаанд.

Доир ба ҳамин масъала Темировҳо аз ҷониби мақомотҳои гуногун огоҳиҳо гирифта ва ҳатто ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, вале то ба имрӯз он самараи дилхоҳ надодааст. Пас аз 19 соли тоб овардан ба бӯи ғализу ифлосиву нокасӣ ва ғуруру бадхоҳии ин хонавода қавл бар худу ҳамсоягон додам, ки минбаъд лаҷоми ин корро аз даст нахоҳам дод.

Мувофиқи оиннома иттиҳодияи мо баҳри солимии рӯҳиву ҷисмонии аъзоёни он ва насли ояндаи онон бояд саҳмгузор бошаду танҳо ва танҳо дар афзоиши ҳосилот ва ободу тоза нигоҳ доштани як порча замини хоки муаззам бикӯшад. Вале қитъаи замини ҷамъияти мо кайҳост, ки бесоҳиб мондаву ҳар намуд қонуншиканиҳо, аз қабили ғоратгариву заминфурӯшиву молпарварӣ сар мезанад.

Ба болои ҷароҳат намак пошидагӣ барин ҳар нафаре, ки хост, ғайриқонунӣ аз минтақаи мо замин мехарад ва бо сохтани оғилхонаҳо машғули нигоҳубини шумори зиёди сагу гову гӯсфанду хук ва намуди афзуни парранда мешавад.

Дар ин самт санаи 03.07.2024 бо дархости ҳалли мушкилот ба нозири минтақаи худ Маннонзода Ғайрат шахсан ва даҳонӣ муроҷиат намуда, хоҳиш кардам, ки аз маҳаллаи мо дидан намояду аризаи маро бевосита дар ҳамон ҷой қабул кунад. Аммо сол иваз гардиду ғайр аз “имрӯз-пагоҳ”-гуфтанҳои ӯ аз ғайрати нозири мо дарак нест…

Ногуфта намонад, ки чун сокини комилҳуқуқ ва инсони фарзонаву қаламкаше, ки дар ин ҷойгоҳ умр ба сар мебарам, ягона аз байни тамоми бошандагон бо фарзандонам қайди доимӣ ва ҳуҷҷати ҳавливу шаҳодатномаи замин дорам, ки ғайр аз мо касе чунинҳоро надорад, вале қонунвайронкуниҳо аз тарафи эшон беш аз пешанд.

Бо нияту умеди он, ки ин карат ҳатман бо ёрмандиву дахлнокии кормандони прокуратураи вилоят фаъолияти ин хонавода қатъ мешавад, ибтидои моҳи августи соли 2024 ба унвони ин мақомот ба тариқи электронӣ ариза навиштам (ҳамсояҳо ин бор аз ҳамҷоягӣ дар ариза худдорӣ намуданд, бо далели он, ки боз ҳам доди мо то додрас нахоҳад расид ва мутаассифона ҳақ ҷонибашон гардид) ва аз рӯи он “корбарӣ” оғоз шуд.

То ҷое маълумам гардид, вақти боз намудани парванда аз ҷониби прокуратураи вилоят, Темиров Яҳё, ки соҳиби хукхона ба ҳисоб меравад (ҳарчанд сарвару саркарда писари калониаш-Шероз аст), аз тарафи кадом мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷавобгарӣ кашида шуда будааст. Ва ин боис шуд, ки корбарони аризаи ман ғайр аз интизории ҳукми мақомоти ноҳия коре карда натавонистанд. Аниқтараш, ба он мақомот тавсия доданд, ки ба Темировҳо дар ҷои дуртар аз аҳолӣ барои давом додани фаъолияташон замин ҷудо карда шавад, чун онон андозсупоранда ба ҳисоб мераванд!

Ҳамаи аризаҳое, ки то ин дам ба унвони мақомотҳои дахлдор аз ҷониби ману дигар сокинони минтақа расидаанд, бенатиҷа мондаанд. Бо супоридани маблағи ҷарима ин оила бемалол фаъолияташро идома медиҳад.

Чун ғайр аз шаҳодатномае, ки соҳибкору андозсупоранда будани Темировро исбот мекунад, дигар ҳуҷҷате ин шахсият надорад, бо кадом ҳуқуқ ӯ дар минтақае, ки барои истироҳату боғчакорӣ пешбинӣ шудааст ва аз рӯи оинномааш ҳар хонавода метавонад танҳо 1 ё 2 сари майдаи ҳайвоноти хонагӣ дошта бошад, бо парвариши каму беш 1000 сар хуки бадбӯи касиф машғул аст?

То ҷое огоҳам, ҳоло барои кам кардани сари хук Темировҳо харидор надоштаанд. Аммо замоне дар дами дарвозаашон харидорон дар навбат меистоданд, оё онон аз ҳамсояву аҳволи санитарию эпидемиологии муҳити атроф андеша мекарданд, ки мо имрӯз аз набудани харидоронашон дар ташвиш бошему то муддати номуайян ба нопокиҳо тоб биёварем?

Бо муовини прокурори вилояти Суғд Раҳматов Кенҷабой Сангинович оиди дар тамос будану огоҳ намудани камина аз рафти бартарафкунии кори Темировҳо маслиҳат намуда будем, вале баробари расиданам ба шаҳри Тулаи Федератсияи Русия алоқа бо ин нафар канда шуд.

Раиси гиромӣ! Чун ҳоло дар шаҳри Тулаам ва пас аз чанд рӯзе нияти сафар ба Ватан дорам, умедворам, ки то рафтанам арзи ман то Шумо хоҳад расид ва корбарӣ оғоз хоҳад ёфту аз ин пас ману ҳамсоягон метавонем аз ҳавои дилкаши мулки азиз бе олудагӣ, бе ифлосӣ озод нафас бигирем.

Чун ситоиши Шуморо ҳамчун сардори одилу кордону закӣ бисёр шунидаам, бовар дорам, ки акнун дар ҳақиқат ин қонуншиканӣ бартараф мегардад.

Бо дунёи ихлосу умед: Воҳидова Н.З.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь