Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад,
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Воҳидзода Ҳабибулло Сайфулло
Муҳтарам раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ман ҳамчун шаҳрванди кишвар чанд бор аст, ки аз болои ҳалнома ва қарорҳои ғайриқонунӣ ва беасоси суди н. Фирдавсии ш. Душанбе бо шикояти кассатсионӣ ва назоратӣ муроҷиат менамоям. Мутаасифона, судҳои зинаи поёнӣ ваҷҳҳои дар шикоятҳо овардаи манро насанҷида, ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, бо ибораи «…асос барои бекор кардани ҳалнома ва қарорҳо мавҷуд нест» ба шикоятҳо ҷавоби рад медиҳанд. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди муроҷиат тариқи газета, итминони комил дорам, ки ин бор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии шумо, шикояти банда бо пуррагӣ баррасӣ гардида, ваҷҳҳои овардаам холисона мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода мешавад. Мутмаинам он саҳву хатоҳое, ки дар судҳои поёнӣ ҷой доранд, бартараф гардида, ба ҳар як ваҷҳ баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода мешавад.
Қазия ин аст, ки мувофиқи шартномаи гарав, ки аз тарафи Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 17 феврали соли 2021 дар феҳрасти таҳти № 4Г-33 сабт карда шуда, дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе 17 майи соли 2021, таҳти № 3720 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, гаравдеҳ-ҷавобгар Авғонов Ф. М. қисми мағозаи №16 ва анбор аз маркази савдои худро, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ (бе рақам)-ро, ки ба ӯ дар асоси шартномаи хариду фурӯши қисми мағоза, ки аз тарафи Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 25. 12. 2008 дар феҳрасти ЗДШ-251 тасдиқ карда шудааст ва дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе аз 30. 12. 2008 таҳти №1251 бақайд гирифта шудааст, шартномаи хариду фурӯши анбор аз маркази савдо, ки дар Идораи нотариалии давлатии н. Фирдавсии ш. Душанбе аз 07. 11. 2012 дар феҳрасти таҳти №ЗДШ-8ЗО тасдиқ шудааст ва дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе аз 23. 11. 2012 таҳти №1251 ба қайд гирифта шудааст, шартномаи хариду фурӯши қисми мағоза, ки дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 7. 11. 2012 дар феҳрасти таҳти № ЗДШ-829 тасдиқ карда шудааст ва дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Душанбе аз 23. 11. 2012 таҳти № 1251 ба қайд гирифта шудааст, тааллуқ дорад, барои иҷрои уҳдадории қарзӣ ба ман-Давлатов Сайдакобир Одинаевич ба гарав гузошт.
Авғонов Файзалӣ Миралиевич дар муҳлати дар шартномаи қарзии муайяншуда маблағи қарзи гирифтаашро ба ман баргардонида натавонист ва уҳдадории ба зимма гирифтаашро аз рӯи шартномаи қарзӣ таҳти № ЗДШ-127 аз 17 феврали соли 2021 иҷро карда натавонист. Дар ин давом баҳри иҷрои уҳдадории қарзии дар боло зикргардида ҷавобгар Авғонов Ф. М. дар асоси созишномаи ҳаққи дасткашӣ, ки дар Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 30.07.2022 таҳти феҳрасти №ЗДШ-1492 ба қайд гирифта шудааст, аз молу мулки ба гарав гузошташудаи худ, бо гирифтани иловапулӣ ба маблағи 105 060 сомонӣ, ки тавассути шахси ваколатдораш ҳамҷавобгар Авғонов Раҷабалӣ Миралиевич қабул намуд, даст кашид. Ҳамчунин, созишномаи мазкур дар КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки инро шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз санаи 05. 08. 2022 таҳти №69844 ҳам тасдиқ менамояд.
Моҳи августи соли 2022 Саидзода Қосим Аҳмад-тағои Авғонов Ф.М. бо ариза ба суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, худро соҳибмулки мағозаи мазкур муаррифӣ карда, аз суд талаб кардааст, ки тамоми шартномаҳои нотариалии аз соли 2008 то соли 2022 ( 6 адад шартнома) басташударо бекор намояд ва ӯро соҳибмулки мағоза эътироф намояд.
Муҳтарам раиси Суди Олӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аризаи худ даъвогар ягон ҳуҷҷати асоснок оид ба чӣ тавр ба даст овардани мағоза наовардааст. Инчунин, дар аризааш бардурӯғ навиштааст, ки гӯё ҳуҷҷатҳои аслии мағоза дар дасти ӯ буданд. Аслан даъвогар Саидзода Қ. А. ҳеҷ ҳуҷҷате дар даст надошт. Дар рафтимурофиаи судӣ ҳатто судя аз ман хоҳиш кард, ки ҳуҷҷатҳои мағозаро ба ӯ пешниҳод намоям, то маълумот пайдо намояд. Даъвогар Саидзода Қ. А. дар аризааш менависад, ки як қисми мағозаи мазкурро ба маблағи 95 000 доллар ва дигар қисми онро бо арзиши 1000 доллари амрикоӣ барои як метри мураббаъ харидорӣ намудааст, вале дар ин хусус ягон далели хаттӣ ба суд пешниҳод накардааст. Мувофиқи шартномаи хариду фурӯши қисми мағоза, арзиши он 40 000 сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст. Аммо мутаассифона, оид ба ин ҳолат суд аз даъвогар ягон далели хаттӣ дархост накарда, ҳолатро яктарафа баҳогузорӣ намуд.
Ҳамчунин, даъвогар Саидзода Қ. А, чӣ тавре дар аризаи даъвогиаш қайд кардааст, аз соли 2008 ва соли 2017 баъди ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он даъвогар ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуда буд, пурра имконият дошт, бозпас мағозаро ба номи фарзандон, ҳамсар ва ё бародаронаш ба қайд гирад, лекин бо сабабҳои номаълум ин амалро иҷро накардааст. Ва он ваҷҳе, ки дар аризаи даъвогиаш оид ба корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будану ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда натавонистанаш овардааст, асос шуда наметавонад, зеро харидорӣ кардани мағоза маънои фаъолияти соҳибкорӣ карданро надорад. Ин ҷо суоли дигар ба миён меояд, ки чаро даъвогар Саидзода Қ. А. мағозаро харидорӣ кардаасту ҳуҷҷатҳои аслии ҳуқуқмуайяккунандаи мағоза тӯли солҳои дароз дар дасти ҷавобгар Авғонов Ф. М. қарор доштааст ва ӯ озодона мағозаро соҳибихтиёрӣ мекардааст? Аз ин ҳолат маълум мешавад, ки мувофиқи қонун ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ҷавобгар Авғонов Ф. М. соҳибмулки мағоза мебошад на Саидзода Қ. А.
Муҳтарам Прокурори генералӣ ва Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рафти мурофиаи судӣ, ки алакай ҷавобгар Авғонов Ф. М. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, фикрашро иваз карда, даъвои Саидзода Қосимро қабул намуд. Сабаби эътироф намудани даъво аз ҷониби ӯ ин мавҷуд будани муносибати хешутаборӣ бо даъвогар Саидзода Қ. А. аст. Яъне, ҷавобгар Авғонов Ф. М. намехост, ки мағоза аз даст равад ва бо ин мақсад фикрашро тағйир дод. Чӣ тавре ки дар рафти мурофиаи судӣ аз нишондодҳои ҷавобгар Авғонов Ф. М. муайян гардид, мағозаи мазкур як маротибаи дигар низ ба гарав гузошта шуда будааст ва баъд аз иҷро гардидани ухдадорӣ аз гарав озод гардидааст. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавобгар Авғонов Ф. М. соҳибмулки мағоза буда, ӯро озодона соҳибихтиёрӣ мекардааст. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ҳолати зикргардида танҳо баъди маҳбас шудани Авғонов Ф. М. ва аз ҷониби даъвогар Саидзода Қ. А. пешниҳод шудани аризаи даъвогӣ пайдо шуд? Ин ҳолатҳо аз тарафи суди марҳилаи якум умуман ба инобат гирифта нашуда, нодуруст баҳогузорӣ карда шудааст.
Муҳтарам Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии парвандаи мазкур аз лаҳзаи аввал бо мақсади дастгирии манфиатҳои Саидзода Қосим Аҳмад сурат гирифта, ваҷҳҳо ва талаботе, ки ман дар аризаи даъвогӣ, норозигӣ ва дархостҳоям пешниҳод карда будам аз тарафи судҳои зинаи аввал тамоман ба инобат гирифта нашуданд.
Дар рафти мурофиаи судӣ маълум шуд, ки тамоми иштироккунандагон, шоҳидон ва иҷорагирандагони ин мағоза бо ҳамдигар хешу табор буда, падари Авғонов Ф. М. бародари модари Саидзода Қосим буда, бо маслиҳати пешакӣ бо гуруҳи хешовандонаш забон як намуда, гуё мағозаи баҳсиро 25. 12. 2008 дар Идораи нотариалӣ ба номи Авғонов Ф. М. ба расмият дароварда бошанд. Судҳои зинаи поёнӣ дар вақти баҳо додани амали соҳибмулкон, гузаштани муҳлати даъворо ба назар нагирифтанд. Пас аз муроҷиат ба Суди Олӣ судяе, ки парвандаи мазкурро ба баррасӣ гирифта буд, хатоҳои судҳои зинаи поёниро ошкор намуда, парвандаро барои бекор кардани ҳалномаҳои судӣ, ба Коллегияи Суди Олӣ ирсол намуд. Судҳои зинаи аввал мебоист нисбат ба гузаронидани муҳлати даъво ҳалнома қабул менамуданд, вале дидаю дониста, манфиатбинона, ин ҳолатро, ки аз муҳлати хариду фурӯши мағозаи мазкур 14 сол сипарӣ гаштааст, ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардаанд. Ин дар ҳолест, ки мутобиқи талаботи моддаи 222 КМ ҶТ муҳлати даъво 3 сол муқаррар шудааст.
Муҳтарам Раиси Суди Олӣ ва муҳтарам Прокурори генералии ҶТ, ҳолати мазкурро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида, оид ба бо роҳи қонунӣ соҳибмулк шудани ман ба ин мағозаи баҳсӣ қарори дахлдор қабул намуда буд. Дар маводҳои санҷишии Прокуратураи генералии кишвар ҷавобгар Авғонов Ф. М. худро соҳибмулк муаррифӣ карда буд, лекин ин ҳолат низ аз ҷониби суди марҳилаи якум пурра санҷида нашуда, ба инобат гирифта нашуд. Ҳамаи хулосабарории суди марҳилаи якум, ки қонеъ гардонидани талаботи даъвогии Саидзода Қ. А.-ро мувофиқи мақсад донистааст аз мазмуни аризаҳои даъвогии бе асос ва бе мантиқи даъвогар Саидзода Қ. А. сарчашма мегиранду ҷиҳати қонеъгардонии талаботҳои ӯ ягон далели боэътимод ва мушаххас асоснок карда нашудааст. Боиси нигаронии ҷиддӣ аст, ки судяҳо даъвои беасосу бепояи як гуруҳро ба инобат гирифта, ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлатӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои нотариалии ҷумҳурӣ дода мешаванд, нодида мегиранд. Пас фаъолияти идораҳои давлатии нотариалӣ чӣ зарурат доранд?
Илова бар ин, Авғонов Ф.М. дар забонхате, ки айни замон мо дар даст дорем, қайд намудааст, ки нишондодҳои дар суди н.Фирдавсии ш. Душанбе додааш бардурӯғанд, чунки зери фишор қарор дошт. Ҳамчунин, суди зинаи аввал бо мактуб аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои санҷишии вобаста бо аризаи Саидзода Қ. А. ва Давлатов С.О.-ро талаб намудааст. Авғонов Файзалӣ Миралиевич дар Прокуратури генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнот дода қайд намудааст, ки “…Саидзода Қ. А.-ро мешиносам ва бо ӯ муносибати хешу таборӣ дорам. Ваҷҳи дар ариза навиштаи Саидзода Қ. А.-ро бо сабаби туҳмат ва нодуруст буданаш тасдиқ намекунам, зеро як қисми мағозаи ба ном “Зебошка”, воқеъ дар маҳаллаи 65-и ш. Душанбе, ки Саидзода Қ. А. даъвои соҳибии онро дорад, аз рӯи қонун ба ман тааллуқ дорад”.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон оиди бо роҳи қонунӣ фурухтани мағоза ва дар кирдори Авғонов Ф. М. набудани аломатҳои таркиби ҷиноят Қарор дар бораи рад намудани оғози парвандаи ҷиноятиро нисбати Авғонов Файзалӣ аз 24.10.2022 қабул намуд. Ҳамчунин, мувофиқи ҳукми суди н. Фирдавсии ш. Душанбе аз 26 майи соли 2022 Авғонов Ф. М. тасдиқ намудааст, ки мағозаи баҳсӣ ба ӯ дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда тааллуқ дорад.
Бояд қайд намоям, ки қарзи андози чандсола ҷамъшудаи мағозаи мазкурро ман, пеш аз бастани шартномаи ҳаққи дасткашӣ, аз номи Авғонов Файзалӣ ба миқдори 11 347 сомонӣ ба хазинаи давлат супоридам, ки дар ин бора расиди аслии маблағ мавҷуд аст. Дар рафти мурофиаи судӣ бошад, суди зинаи аввал ба маводҳои санҷишӣ аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баёнотҳои дар мурофиаи судии ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба парвандаи ҷиноятии Авғонов Ф. М. додаи тарафҳо ва шоҳидон баҳои дурусти ҳуқуқӣ надода, яктарафа ҳалнома содир намуд. Инчунин, зарур мешуморам қайд намоям, ки судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар ҳалномаи судӣ, баёнотҳои додаи шоҳидонро ба манфиати даъвогар тағйир додааст.
Аз ин рӯ, муҳтарам Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳтарам Прокурори генералии кишвар бовар дорам, ки Шумо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъмини адолати судӣ ба эътибор гирифта, қазияи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳед ва ҳақро ба ҳақдор мерасонед.
Бо эҳтиром ҷабрдида Давлатов С. О.
Телефон: 905 00 20 92