Вазири саноат ва фановариҳои иттилоотии Чин Ҷин Жуанлун ба далели он, ки ду моҳ боз дар назди мардум пайдо нашуд, аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора нашрияи South China Morning Post хабар додааст.

“Дар Чин Ҷин Жуанлунро пас аз ду моҳи аз назари мардум нопадид шуданаш аз мақоми раҳбари вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотии Ҳизби коммунист барканор карданд”, – омадааст дар гузориш.

Ба гуфтаи манбаи нашрия, Ҷин аз охири моҳи декабр дар чорабиниҳои муҳими давлатӣ ҳузур надошт. Ба ҷои вазири гумшуда Ли Леченг, волии вилояти шимолу шарқии Ляонин, таъйин шудааст.

Ҷин аз рӯйхати мансабдорони баландпояи вазорат дар вебгоҳ хориҷ карда шуд. Аммо нашрия ишора намекунад, ки ӯ таҳти тафтиш қарор дорад, ё на.

Тӯли панҷ сол Ҷин Жуанлун раёсати шӯрои мудирони ширкати давлатии кайҳонии «Comac»-ро бар ӯҳда дошт. Соли 2022 вай Сяо Ячинро иваз карда, вазири саноат ва фановарӣ шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь