Наметавон гуфт, ки Сафар Абдуллоҳ кай, дар кадом марҳалае аз зиндагӣ ва дар куҷо шурӯъ ба навиштани шеър карда аст. Магар ин, ки рӯзе худаш дар ин бора чизе бигӯяд. Аммо, ман солҳо қабл аз ин низ пеши худам тахмин мекардам ва ҳадс мезадам, ки устод шеър менависанд, ҳарчанд ин розро пеши касе ошкор намекунад. Ин далиле дигар аз камоли хоксорӣ ва ниҳояти масъулиятшиносӣ ӯ дар баробари шеъри порсӣ аст.
Солҳо қабл аз ин, вақте аз шеър навиштани устод огоҳ ва аз хондани ашъорашон баҳраманд шудам, аз эшон боре суол кардам, ки чаро шеърҳоятонро чоп намекунед? Посухаш бисёр мухтасар ва оддӣ буд, бад-ин маъно: “Ман, ки огоҳам, ки гузаштагони мо чи шеърҳое навишта ва мақоми суханро дар чи сатҳе барқарор ва муқаррар кардаанд. Агар ман онҳоро Шоир ва навиштаҳои ононро Шеър медонам, оё аз инсоф хоҳад буд, ки худро низ шоир бихонам?!” Ин ҷо буд, ки ман бо камоли хоксорӣ ва шикастанафсии як инсони наҷиб рӯ бар рӯ шудам. Чунин суханонро танҳо аз касе метавон шунид, ки дар дунёи шеър як одами “худамонӣ” ҳастанд, тамомии умри худро дар ҳамин дунё зистаанд ва бо “сокинони” он аз Дақиқии Бухороӣ ва Рӯдакии Самарқандӣ то Ҳофиз ва Саъдии Шерозӣ, Аз Ҳасан, Хусрав ва Бедили Деҳлавӣ то Парӣ ва Турсунзодаи Ҳисорӣ, аз Нимо, Шаҳриёр, Ахавони Солис, Нодири Нодирпур, Фурӯғ ва Симини Машҳадӣ-Табрезӣ-Теҳронӣ то Лоиқ, Гулрухсор, Бозор Собир ва Фарзонаи Панҷекатӣ-Раштӣ-Файзободӣ-Хуҷандӣ ва Восифи Бохтарӣ, Латифи Пидром, Наҷиби Борвари Ҳиротӣ-Бадахшонӣ-Кобулӣ ҳамнишину ҳамнафасу ҳамсуҳбат буда аст. Касе, ки китобхонаи устодро дар манзили истиқоматии эшон дар Алматӣ дида аст, дарк мекунад, ки ман чи мехоҳам бигӯям. Вақте вориди ин манзили аз ҳама дидгоҳ ва ба ҳама маъно босафо мешавӣ, аввалин чизе, ки баъд аз чеҳраи поку мусаффо ва лабҳои хандон ва дастони меҳмоннавози эшон мебинӣ ва ламс мекунӣ, Китоб аст.
Китоб… Китоб… Китоб… Китоб… Ва боз ҳам Китоб!
Ангор, вориди на як хонаи маскунӣ, балки як китобхона шудаӣ! Ва ин ҳама китобҳо, аз ин ё он роҳе, албатта ба Шеър ва Адаби порсӣ марбут ва муртабит ҳастанд. Дар хонаи Сафар Абдуллоҳ имон меорӣ ва бовар мекунӣ, ки тоҷикон дар воқеъ Аҳли Китоб ҳастанд. Дар он ҷост, ки эҳсос мекунӣ, сарзамине амнтар, поктар, зеботар ва шоёну муносибтаре барои як адиб дар ин ҷаҳон наметавон пайдо кард ба ғайр аз Сарзамини Шеъри Порсӣ…
Устод Сафар Абдуллоҳ аз ҳамон нодир касоне ҳастанд, ки бо вуҷуди тасаллути комил дар адабиёт ва шеъри форсӣ ва ҷаҳонӣ, намунаи боризе аз хоксорӣ, фурӯтанӣ ва шикастанафсӣ ҳастанд, ки ба шоир будани худ иқрор надоранд. Ин мавзеъгирии ӯ худ гувоҳи садоқаташ ба шеъри форсӣ ва масъулияташ дар баробари ин падидаи воқеан фавқулъода ва беназир аст, ки номаш Сухани порсӣ аст. Аммо, ман, ки камубеш ба ашъори устод дастрасӣ дорам ва пайваста мутолиа мекунам, муътақидам, ки дафотири шеъри эшон имрӯзҳо ва баъдҳо дарсҳои ишқ, отифа ва садоқати як супурдаи адабиёт ба шеъри форсӣ хоҳанд буд. Ҳамин садоқат ва вафодории ӯ ба шеъри форсӣ, ба вижа ба таърихи пурифтихори он адабиёти пуршукӯҳи он аст, ки Сафар Абдуллоҳ бо вуҷуди муваффақ будан дар навиштани ашъор дар сабкҳои “шеъри нав”, “шеъри озод”, “шеъри сафед”, “арузи озод”, ағлаб худро дар қолаб, қавонин ва қавоъиди шеъри класики порсӣ мунҳасир мекунад. Ба ҳамин далил аст, ки на танҳо ғазалҳо, қасоид, рубоъӣ ва дубайтиҳои ӯ ки тамомии ашъори ӯ, сарфи назар аз он, ки дар чорчӯби чи навъе ва чи сабке, навишта шуда аст, рангу бӯйи қиммати шеъри классик доранд. Зеро дарду ғаме, ки ӯ дорад ва пайваста аз он менависад, бисёр қадимӣ ва решадор, ба истилоҳ “дарде кӯҳна” ва “беморие музмин” аст, ки мардуми тоҷик пайваста мубталои он буда ва ҳаст.
Вақте шеърҳои Сафар Абдуллоҳро мехонӣ, чунин эҳсосе дорӣ, ки ангор дар як шаҳре, дар ҳар куҷое ё нокуҷое аз ин Кураи хок раҳгум задаӣ ва баногоҳ ҷавонмарде пешат меояд ва пешниҳоди раҳнамоӣ мекунад ва аз ӯ мефаҳмӣ, ки ин шаҳр ҳазор сол аз ин пеш чи ном дошт, дар он чи мегузашт, ҳоло чи ном дорад ва дар он чи мегузарад. Ё гузорат уфтода ба як ғоре қадимӣ бар домани кӯҳе дар даште дурафтода, ки мардуми он сарзамин сандуқҳои китоби худро дар он ғор зери хок кардаанд, то дур аз инқилоби давр, дур аз ошӯбу исёнҳо, дур аз юриш ва таҷовузҳо, дур аз чашмҳои тангу дастҳоии дарози ғоратгарон эмин бимонанд ва дар ояндаи дур ё наздик ба ворисони худ бирасанд. Меравӣ, он сандуқҳоро боз мекунӣ ва бӯе қадимӣ, вале ошно бар машомат мерасад ва аз шиддати ғаму андӯҳи ҳазоронсола беихтиёр, ба гуфти устод Саъид Нафисӣ, “саратро фурӯд ва сиришкатро равон” мекунӣ.
Сафар Абдуллоҳ ҳарчанд зодаи кӯҳистон аст ва ишқу алоқаи ӯ бо кӯҳистону мардуми кӯҳистон сари ҷояш ҳаст ва ҳаргиз гусастанӣ нест, ба унвони як коршинос ва донишманди торих ва адабиёти Осиёи Миёна борҳо исбот карда аст, ки тоҷикон дар ин марзу бум ҳаргиз як қавми ҳошияӣ (кӯҳистонӣ) набудаанд, ва дуруст баръакс – созандаи аслии ин шаҳрҳо ва фарҳангҳо, ин тамаддун ва ин адабиёт будаанд. Аз ин нигоҳ, ашъори Сафар Абдуллоҳ талоше нохудогоҳ (ё шояд худогоҳ) барои идомаи вижагиҳои таҷриба, бархӯрд ва бардоштҳо аз рӯзу рӯзгори рутин, падидаҳои оддӣ ва содаи зиндагӣ дар шеър аст. Ҳамон таҷрибаҳое, ки дар сарзамини шеъри порсӣ дар Мовароуннаҳр мушоҳида мешуд. Дар ҳамин сарзамин буд ки, дар тӯли таърих, дар давронҳое гуногун бузургоне чун Дақиқии Бухороӣ, Рӯдакии Самарқандӣ, Робиъаи Балхӣ, Арӯзии Самарқандӣ, Сайфи Фарғонӣ, Сайфи Исфарангӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва садҳо шоъирони дигар суннати шеъри ноби порсиро бунёд гузоштанд ва алорағми ҳама марзу мавонеъ идома доданд, ки баъдҳо тамоми ҷаҳонро фаро гирифт ва сокинони ин Кураи хокро баройи ҳамеша мусаххар ва маҷзубу мафтуни худ кард.
То ба ҳол номи Сафар Абдуллоҳ дар маҳофили шарқшиносӣ дар саросари олами форсизабон дар як радиф бо донишмандони барҷаста, пажуҳишгарони мӯшикоф, муҳаққиқони адабиёт ва мунтақидони шеъри форсӣ қарор дошт ва ҳам акнун замоне фаро расида, ки ӯро ба унвони як шоир низ дар ҳамин радиф бубинем ва бишносем.
Сафар Абдуллоҳ дар як шеъри бисёр зебо, самимӣ, ошиқона ва орифонаи худ мегӯяд: “Худо ҳофиз” магӯ бо ман!”
Ҳоло, ки мо тоза бо ашъори ин шоири тавоно ошно мешавем, пас ҳарфе аз “худоҳофизӣ” дар миён нест. Ҳанӯз, ки фурсати “дуруд”-ро надоштем, пас чаро аз “бидруд” бигӯем? Бо вогузории ин маҷмӯъа аз ашъори Сафар Абдуллоҳ дар ихтиёри хонандаи азиз, ҳамзамон бо он, ки аз Худованди бахшоянда ва меҳрубон мехоҳам, ки ҳамеша ва дар ҳама ҷо Ҳофизи ӯ ва ба гуфти Худованди шеъри порсӣ Рӯдакӣ аз “ҳама бад бар тани ӯ ҷавшан” бошад, бо истифода аз ин фурсат мегӯям: Дуруд ва ануша бизӣ, устод!
Хутути қирмизӣ ва сабз
Адабиёти тоҷик як шохаи пурбори дарахти барӯманди адабиёти форсӣ аст, ки бо ҳамин забоне, ки имрӯз гуфтугӯ мекунем, торихи куҳан дорад. Шуҳрати шеъри порсиро Устод Рӯдакӣ оламгир кард ва кохи буланди адабиёти моро Фирдавсии Тусӣ барафрошт. Адабиёт ва гавҳари дурахшандаи он – шеър беш аз ҳазор сол аст, ки посбони асолати аввалии забони мост. Шоирони мо, ки суханро гиромӣ дошта, чун амонат дар осорашон ҳифз кардаанд, забони моро дар ашъорашон то ба замони мо бегазанд расонидаанд.
Адабиёти навини тоҷик асосан дар ҳавзаҳои Хуросон (Афғонистони имрӯз) ва Осиёи Миёна (Тоҷикистон ва Узбекистон) эҷод мешавад. Изофа бар ин дар дигар қитъаҳои ҷаҳон низ, як шохаи дигари ин адабиёт – ба истилоҳ адабиёти бурунмарзии форсӣ, дар панҷоҳ соли охир рушд меёбад. Аз адибони муҳоҷири тоҷик чанд адиби номошноро метавонам ёдовар бишавам, ки барои рушди адабиёти навини мо бо эҷодашон саҳми намоён гузоштаанд: Устод Латифи Пидром – шоир ва пажӯҳишгар, Гулнури Баҳман – шоир ва пажӯҳишгар, Ҳоруни Роун – шоир (аз Афғонистон), Шаҳзодаи Самарқандӣ – шоир ва нависанда, Зафари Суфии Фарғонӣ – шоир (аз Узбекистон), Сафар Абдуллоҳ – олим ва шоир, Сиёвуши Ҷунайдӣ – шоир, Исфандиёри Назар – шоир ва пажӯҳишгар, Бахтиёр Аминӣ – шоири ҳойкусаро, Фирдавси Аъзам – шоир (аз Тоҷикситон) ва дигарон.
Аслан ин ҷониб тарафдори дар яклухтӣ пазируфтан ва пажӯҳидани адабиёти форсию дарию тоҷикӣ ҳастам, чун ин ҳар се бо як забон ва аз ҷониби меросбарони забони форсии дарӣ эҷод гардида. Аммо чун илми адабиётшиносии муосир ин се шохаро дар алоҳидагӣ бо номҳои адабиёти муосири Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон тақсимбандӣ кардааст, маҷбур ҳастам аз ҳамин дидгоҳ ба ин мавзуъ нигарам. Перомуни адабиёти муосири тоҷик як нуктаро мехоҳам таъкид намоям, ки ин адабиёт танҳо бо доираи адабии Тоҷикистон маҳдуд намешавад, чун шумори зиёди адибони тоҷик дар Афғонистон ва Узбекистон низ зиндагиву эҷод мекунанд ва онҳо тоҷикони асил ҳам ҳастанд. Пас, вақте мутуни китобҳои адабиёти муосири тоҷик таълиф мегарданд, бояд дар онҳо роҷеъ ба рӯзгор ва осори адибони тоҷик, сарфи назар ҷуғрофиёи ҷои зистшон, пажӯҳиш сурат бигирад. Изофа бар ин бояд адабиёти бо саъйи адибони тоҷики берун аз марзҳои кишварҳои фавқуззикр эҷодшуда низ чун бахше аз адабиёти тоҷик пазируфта шавад.
Устод Сафар Абдуллоҳ яке аз олимони шинохтаи тоҷик аст, ки солҳост дар кишвари Қазоқистон зиндагӣ ва кор мекунад. Устоди забон ва адабиёти форсӣ дар Донишгоҳи Олмотӣ ба номи Абилайхан аст. Дар баробари корҳои илмиву пажӯҳишӣ солҳост, ки ӯ дар эҷоди шеър неруи истеъдодашро меозмояд. Маҷмуаҳои ашъораш дар Эрон ва Афғонистон ба нашр расидаанд. Маҷмуаи ҳозир мунтахаби ашъори ӯст, ки аз чанд дафтари шеъраш гулчин шудааст. Перомуни арзишҳои ҳунарӣ ва мундариҷаву муҳтавои ашъораш инҷо сухан намегӯям ва довариро бар зиммаи мунаққидони адабиёт вомегузорам. Ҳолиё дар ин муқаддимаи кӯтоҳ ҳамчун як шоир чанд бардошти хешро роҷеъ ба ашъори Устод Сафар Абдуллоҳ мехоҳам бинвисам.
Ашъори Сафар Абдуллоҳ дар сабки мудерни хуросонӣ эҷод шуда, забони шеъраш аз такаллуфу печидагӯӣ барист. Дарунмояи аксари ашъораш андеша аст, яъне кӯшидааст шеъри андеша бигӯяд. Аммо ашъори ангезабахши ошиқонаро ҳам хубу дилчасп сурудааст. Дар тамоми ашъораш як хатти қирмизӣ мустақим ҳаракат мекунад, ки он хатти меҳри поённопазири шоир ба зодбум, ба ёру диёр аст.
Чун аксари шеърҳояшро дар ғурбат ва дар пазмонии ёру диёраш навиштааст, садои ҳузнагези нойи бурида аз найистон аст оҳанги шеъраш. Вақте ашъори дар ғурбат сурудаи ӯро мехонем, ба ёд байти аввали Маснавии Мавлоно мерасад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
В-аз ҷудоиҳо шикоят мекунад…
Фикр мекунам, шеър барои Устод Сафар Абдуллоҳ як василаест барои баёни латифи андешаҳои олимонааш. Вақте як олим сари сарнавишти Ватан ва мардумаш андеша мекунад, баёни он андеша бо каломи мавзун ба маротиб таъсирбахштар аст дар қиёс бо асаргузории як мақолаи мансури илмӣ.
Дар шеъри андеша, ба назари ман, беш аз ҳад корбурди саноеъи бадеӣ чандон зарур ҳам нест, зеро дар ин анвоъи шеър муҳимм баёни муассири андеша аст, на ҳунарнамоӣ дар обуранги шеър. Дар шеърҳои Устод Сафар Абдуллоҳ ҳамин фазилате, ки ишора шуд, ба назар мерасад. Ва чунон. ки пештар таъкид кардем, шеъри ӯ бо сабки хуросонии мудерн аст ва холӣ аз такаллуфу печидагӯӣ.
Устод Сафар Абдуллоҳ, то ҷое, ки мушоҳида кардаам, як шахсияти ҳамосӣ аст бо ҷуръату ҷасорат, бо ҳикмату ҳиммат, бо кӯшишу ҷӯшиш ва бо донишу биниши худ. Ҳузури ҳамин шахсияти ҳамосиро дар фазои шеърҳояш низ эҳсос мекунем. Тамҷид аз ойини ҷавонмардону айёрон, ифтихор аз родмардону паҳлавонони асотирии мардуми ориётабор, ситоиши фазилатҳои ворастагону сарфарозон муҳтаво ва дарунмояи ашъори ҳамосии ӯст.
Аммо Ишқ як хатти сабз аст дар ашъори ошиқонааш – хатти ҳамешабаҳори меҳру муҳаббат аз дили ӯ то ба дили ёри ҳамешавафодор. Ошиқонаҳои Устод Сафар Абдуллоҳ номаҳои меҳр ҳастанд, ки бар боли кабутари шеър бастааст.
Мехоҳам батафсил перомуни фазилатҳои ашъори Устод Сафар Абдуллоҳ бинвисам, аммо намехоҳам он лаззатеро, ки хонандаи ҳушманд худаш аз маърифати шеъри ӯ бармедорад, рабуда бошам. Беҳтар аз худи шеър ҳарфи дигаре наметавонад ҳусну қубҳи шеърро рӯнамоӣ бикунад.
Абдуҷаббори Суруш