Бо ин марди нуронии доим ҷузвдон ба даст дар хиёбони гулпӯшу сабзпӯши устод Рӯдакӣ қариб ҳар рӯз рӯ ба рӯ меомадам. Ҳангоми наздик шудан дуруд мегуфтам, он кас ҳам бо чеҳраи доимо бо табассум оро ёфта лутфи ҷавоб бо як меҳрубонии хос ба ҷо меоварданд. Аз рафтори он кас ҳаловат мебурдаму аз дил мегузарондам, ки ин марди наҷиби ба сурату сират зебои фариштахисол кӣ бошад. Аз чеҳраи зиёии он кас маълум буд, ки аҳли зиё – илму донишанд. Ба худ нақша мекашидам, ки ҳатман рӯзе аз он кас хоҳиши ҳамсуҳбат шудан мекунам.

Хиёбони устод Рӯдакӣ дар асл қадамҷои бузургони миллат аст, чун дар  инҷо, наздик ба чорроҳаи “Хонаи матбуот”-и аввалину ба ном машҳур, бинои Академияи миллии илмҳо, махзани ақлонии кишвар ҷойгир шудааст. Шояд таровату зебогии дигари ин хиёбон ҳам дар ҳамин бошад.

Аслан бо ин марди нексиришт ғоибона, аз рӯи ному насабашон, осори илмиашон ошно будам, вале аз файзи суҳбаташон баҳра набурда будам. Медонистам, ки ин марди хирадманди сар то по ғурури миллӣ маҳфили рӯшанфикриву озодандешӣ, фалсафию фарҳангиеро бо номи “Ҷаҳони андеша” созмон дода ба ин васила мехоҳанд дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии мардум, огоҳиву озодандешӣ, шарафу ғурури миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳамчун олим – ҳакими ҳикматшинос рисолати худро ба ҷо оранд. Баъди дастрасам шудани китоби гаронбаҳои устод “Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ”, соли 2012 шавқи вохӯрдани маро бо муаллифи он зиёд кард. Аз расми устод, ки дар муқоваи китоб омадааст, дарёфтам ки он марди наҷибе, ки гоҳе бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам, устод Комил Бекзода аст. Аз толеъ хушнудам ки маро бо ин шарифзода рӯ ба рӯ кард. Ба қавли Саъдӣ:

Фурсат нигаҳ дор, ки олам дамест,

Даме пеши доно беҳ аз оламест.

Ва ба гуфти Соиб:

Чун файзи субҳ суҳбати равшандилон дамест,

Аммо даме, ки боиси эҳёи оламест.

Дар ҳақиқат чунин аст, ки суҳбати донову равшандил дареро ба рӯят боз мекунад. Хондани китоби “Таърихи равшанфикрӣ” ба ман чӣ дод? Ин китоб ба ман дари худогоҳӣ, худшиносӣ, озодандеширо боз кард. Худро, яъне тоҷик буданамро, ориёӣ буданаму аз насли озодазодагон буданамро хубтар шинохтам, ҳуввияти миллиамро афзуд. Фикр мекунам, ки ба ин китоб ва муаллифи он ҳанӯз баҳои сазовор дода нашудааст.

Лаҳзаеро ёдовар шудан мехоҳам. Дӯсте меҳмони утоқи кориам шуду рӯйи миз китоби “Таърихи равшанфикрӣ”-ро дида пурсид: – Ту бо муаллифи ин китоб шинос астӣ ? Гуфтам, не баъди хондани ин китоб нияти вохӯрдан дорам. Он рафиқ гуфт: Комил Бекзода маҳфили атеистиеро бо номи “Ҷаҳони андеша” кушодааст, боз аъзои он нашавӣ, ки кофир мешавӣ. Пай бурдам, ки устоди азизи моро бесаводон, кӯрдилони асолатбохта бо чашми бад менигаранду нисбаташ ҳисси хусумату душманӣ доранд. Аз он афсӯс мехӯрам, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти “Ҷаҳони андеша” аъзои он набудам. Чи соату лаҳзаҳои қиматро аз дарси худшиносиву маънавӣ аз даст додаам.

Дарди миллат аввал ба чашму дили олиму донишманд, зиёии боасолати миллат мезанад. Ҳар давру замон барои миллатҳо шахсиятҳоеро медиҳад, ки дар ҳимояи таъриху фарҳанг, шаъну шараф, асолати миллаташон таъсиргузору сипар мешаванд. Шахсиятҳои миллӣ дар дигаргунсозиҳои сохти иҷтимоии кишварҳои худ, пояи аслӣ ниҳодаанд. Лев Толстой аз тарзи таълиму тарбия ва рӯ ба пастӣ овардани маънавиёти мардуми худ андуҳгин шуда, тарки хидмати афсарии артиши шоҳӣ карду худ мактаб кушода усули таълими навро ба роҳ монд. Маҳатма Гандӣ бо бедордилӣ, озодандешӣ тавонист ғосибро “гусел” кунаду мардуми худро соҳибмаърифат созад. Устод Айнӣ барои мактабҳои нави ҷадидӣ китобҳо навишт.

Вақте ҷомеа дар анбуҳи тирагиҳои хурофотиву ҷаҳлӣ гирифтор мешавад, бедордиле, худогоҳе чун офтоб бо нуру зиёи илму дониши худ рӯ мезанад, то ба мардум дастури бедорӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ диҳад.

Нафаре ҳаст ҳамавақт мисли анкабут ба майнаи одамҳо тори заҳрогини хурофот метанад. Ва шахсе ҳаст бо нури илму дониш ин торҳоро пора мекунад. Ин нафар олим аст, рӯшанфикр аст. Яъне, яке ба беасолатӣ, беҳуввиятӣ (манқуртӣ) мебарад, дигарӣ ба худогоҳӣ, озодандешӣ, ба илму донишҳои ақлонӣ мебарад. (маънӣ аз Гюго).

Устод Комил Бекзода аз аввалин шахсоне ҳастанд, ки дар худогоҳӣ ва шинохти асолату ҳуввияти миллӣ саҳми арзанда доранд. Ғафлатзадагӣ ва бегонапарастии мардум ба қавли Нимо Юшиҷ хоб аз чашмони ӯ гурезонд:

Метаровад маҳтоб,

Медурахшад шабтоб.

Ғами ин хуфтаи чанд,

Хоб аз чашми тарам мешиканад.

Хуни ориёӣ ва маълумоти кофӣ бо омӯзиши зиёд аз таърихи гузаштаи миллати худ қарору оромиро аз устод рабуд. Ҳамчун олим ва ҳаким мушоҳида карданд ки мардум ниҳоят сахт дар ҷаҳлу хурофот гирифторанд. Ӯро ҳолате фаро гирифт, ки замоне ҳазрати Мавлоно ҳам аз хурофотзадагии мардум ошуфта шуда буд:

Донӣ ки чаро дори мукофот шудем,

Нокарда гунаҳ чунин муҷозот шудем.

Куштем хирад, дор задем донишро,

Дар банду асири сад хурофот шудем.

Ва ҳазрати Мавлоно дарёфта буд, ки мардум аз ақл дур мондаву вобастаи хурофот шуданд. Ва зоти одам, агар аз ақл кор гирад аз малоик фузунтар мешавад.

Гоҳ кофир гоҳ муъмин мешавам,

Бадамал аз куфр бадтар мешавам.

Гар намоям ақлро фармонбарӣ,

Аз малоик бал фузунтар мешавам.

Руҳи миллӣ, ҳуввияти миллӣ устод Бекзодаро водор кард, ки чун Мавлоно роҳи наҷоти хуфтагии миллатро ҷуста аз ғафлатзадагӣ  раҳоӣ бахшадаш. Чун донишманд ягона роҳро дар таълифи китобҳои бедорфикрӣ ва созмон додани маҳфили фалсафию фарҳангӣ ва худшиносии “Ҷаҳони андеша” ёфт. Мардумро аз хурофотзадагӣ ба сӯи ақлгароӣ бояд раҳнамоӣ кард. Ислоҳотчии маъруфи Русияи подшоҳӣ П.А.Столыпин гуфтааст “Қавми маҳрум аз худшиносии миллӣ, мисли поруест, ки ба рӯи он қавмҳои дигар рушду нумӯ хоҳад кард”.

Асари илмии олим, ба хусус файласуф, он вақт қадр пайдо мекунад, ки дар он то кадом андоза руҳи миллӣ, ғурури миллӣ, асолати миллӣ сазовор, бозгӯ ва баҳогузорӣ шуда бошад. Дар мавриди наҳзати “Шуубия” ҳамчун равияи бедорфикрӣ аз олимони тоҷик кам касон таваҷҷуҳ кардаанд, агар гӯем умуман ба ин мавзӯъ даст назадаанд хато намешавад. Китоби устод Бекзода “Таърихи равшанфикрӣ” ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Замони хурофотиву мутаассиб шудани мардуми мо баъди таҷовузи аъроби қотил сар шуда буд. Бе ҳуввиятиву хурофотзадагии мардумро Мавлонои бузург чунин баён мекунад:

Аз он, ки нагунбахту сияҳрӯз шудем,

Ки ҷои падар ба паямбар фурӯхтем.

Аз он рӯ, ки бо фармони шамшергир

Падарро бикуштему кофараш хондем.

Таҷовузи ғосибонаи аъроб бо номи ислом натанҳо як империяи бузурги форсҳоро бо таъриху фарҳангаш ба хок баробар кард, балки бо тарсу ҳарос додану қатлу куштор ғуруру шарафу ҳуввияти миллии мардуми эронинажодро кушт. Таҷовузи ақлонӣ бадтар аз таҷовузи ҷисмонӣ аст, ки аз ҷониби ғосиб, аҷнабӣ сурат гирифт. Дар китоби мазкур устод бо овардани далелҳои муътамад баён кардаанд, ки чӣ гуна номуси мардуми эронитабор помолу таҷовуз шудааст. Мо он қадар дар банди ҳадису қиссаҳои хурофотиву ҷоҳилонаи қотили решасӯзи худ гирифтору мафтун мондаем, ки ҷонибаш саҷда мекунему ҳамду сано мефиристемаш. Барои бедормағзии як дилсӯз кофист, ки ин китоби худшиносиро ақаллан як бор бихонаду ба андеша равад.

Бунёди аслии як шахси фарзона се ҳикмати Зардушт аст. Дар ҳақиқат амали ҳар як фард аз андеша сар мезанад. Андеша пок бошад шахс растагор аст. Устод Бекзода ба ҳамин маънӣ ҳамчун ҳаким маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро кушоданд. Аз номи маҳфил маълум аст, ки устод чӣ мақсаду маромеро роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Мақсаду мароми ӯ, маслаки ӯ танҳо ва танҳо бедории миллӣ, худшиносии миллӣ мебошад. Адиб ва муҳаққиқи пуркор Нозим Нурзода маслаки ҷаҳони андешаро бисёр ҳам зебо баён кардаанд:

Бо хирад даври дигар, дигар замон меоварӣ,

Андар ин фарсудатан аз нав равон меоварӣ.

Банду зиндони ҷаҳолат шеваи маргофарист,

Зиндагисоз ақли озодибаён меоварӣ.

Дар замони муосир, бо бозиҳои геополитикии абарқудратҳо огоҳӣ аз гузаштаи миллати худ, таъриху фарҳанги он барои аҳли ҷомеа ба хусус ҷавонон хеле зарур аст. Моро дигар дар ин замони пуршӯру шарри миллат маҳвсозӣ, таърихдуздиву таърихсозӣ, фарҳангдуздиву фарҳангсозии ақвоми чодарнишини аз неъматҳои башарӣ бе насиб на ақидаву эътиқодотамон, на “қории Қуръон” буданамон на саидзодаву эшонзода буданамон ки бо ин рутбаҳои сохта ҳуввияти моро куштанд, на чандин карат ҳоҷиву ҳоҷибобо буданамон берун мекашад, балки танҳо худогоҳӣ, озодандешӣ, равшанфикрӣ,  роҳбаладиву роҳнамоии маҳфилҳое чун “Ҷаҳони андеша” ва донишмандони бо асолату бо шарафи миллат чун Бекзодаҳо чароғи роҳ мешаванд. Вақте шахс андешиданро омӯхт, ба худ савол гузошта тавонист, фарқи афсонаро аз воқеият тавассути тафаккур дарк карда тавонист, пайроҳаи хештаншиносӣ, донишомӯзию худогоҳӣ боз шудаву васеъ шудан мегирад.

То замоне як нафар аз минбари беҳуввиятӣ аз қиссаҳои ғосиби миллаткуш вазъ мегӯяд, умеди худшиносӣ, озодандеширо доштан ғалат аст. Ҳар нафаре минбари муносибро дар ихтиёр дорад, бояд онро барои хештаншиносӣ, худогоҳӣ, рӯшанфикрӣ истифода барад.

Хусусияти хоси асарҳои илмии устод Бекзода ҳамчун дастури бедорӣ дар он аст, ки хонандаро ба ваҷд оварда ҳатман ба андешидан водор месозад. Фаъолияти маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ро бояд дар толорҳои васеъ ба роҳ монд.

Чаро имрӯз ҷавонон ба хурофоту таассуб дода шуда, ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд… Чунки ҳанӯз аз хурдӣ дар оила ва дар мавъизаҳои уламои дин, инчунин зери таъсири наворҳои ифротии шабакаҳои интернетӣ монда ба гумроҳӣ мераванд, асолатбохта мешаванд. Барои он ки мафкураи ҷавон солиму созанда бимонад, самти идеологии ҷомеаро тавассути маҳфили “Ҷаҳони андеша”-ҳо ба роҳ монду ривоҷ дод. Чун дар ин гуна маҳфилҳо на шахси динзадаи камхонда, балки олим, донишманд ҳарф мезанад. Намояндагӣ ё бахши маҳфили “Ҷаҳони андеша”- ро дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бояд ба роҳ монд, то дар он муаллимону донишмандон ҳафтае ё моҳе як бор ба ҳаводорони таъриху фарҳанги миллӣ семинар – суҳбатҳо барпо намоянд.

Чи тавре имрӯз маъракаи озмуни китобхонии “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар ноҳияҳо фаъол шуду садҳо нафар рӯ ба китоб оварданд, ба роҳ мондани фаъолияти “Ҷаҳони андеша” низ дар самти худшиносии  миллӣ нақши муҳим хоҳад бозид. Ҷомеаи солимро идеологияи солим ба пеш мебарад. Аз ин рӯ, фаъолияти маҳфили “Ҷаҳони андеша” бо як барномаи ҳуввиятсоз ва худогоҳӣ як рукни идеологияи давлатро ба хубӣ пеш бурда метавонад.

Зиҳӣ устод Бекзода, ки бо нияти нек, дилсӯзиву дилгармӣ нисбат ба миллати худ чунин як барномаро тарҳрезӣ карда кӯшиши аз хурофоту таассуб вораҳонидани онро доранд.

Аз суҳбатҳо бо устод дарёфтам, ки он кас файласуфи беназир, донишманди беҳамто буда  шеър ҳам эҷод мекардаанд. Бо тамкину бо таҳаммул лутфи сухан кардану суҳбатороӣ ва дар миён хушзавқӣ кардан хислати хоси устод мебошад. Бар замми ин қадар дониш доштану шеър донистану шеър гуфтан, мабодо шеъре аз забони ҳамсӯҳбат ба он кас хуш ояд, зуд дафтарчаашонро бароварда онро бо ҳуруфи форсӣ навишта мегиранд.

Боре дар сӯҳбат бо ман он кас гуфтанд, ки ду рамз барои ман азиз аст, яке рамзи гирд дигаре чоркунҷа. Пурсидам ки устод ин чӣ маънӣ дорад? Ҷавоб доданд, ки гирд рамзи нон аст, барои ин ман онро азиз медонам, чоркунҷа рамзи китоб аст ва китобро муқаддас мешуморам.

Аз маводҳои интишор намудаи устод маълум аст, ки он кас шахси ниҳоят сермутолиа мебошанд. Аз ин маводҳо чанд номгӯеро барои худ сабт кардаам, ки бояд дастрас карда мутолиа намоям: Шарафиддин Алии Яздӣ – “Имперотурии саҳронавардон”; Ҳошими Разӣ – “Зардушт ва таолими ӯ”, “Торихи мутолиоти динҳои Эронӣ”; Алии Даштӣ – “Идеали миллӣ чист?”; Аҳмади Тафаззулӣ – “Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом”; Юстейн Гордер – “Дунёи сӯфӣ”; Вил Дюрант – “Таърихи тамаддун”, “Лаззоти фалсафа”; Амир Ҳусайни Лодан – “Худосолорӣ ва дармондагӣ”; Пури Довуд Иброҳимӣ – “Таърихи фарҳанги Ирон”; Тоҳири Муқаддисӣ – “Офариниш ва таърих”; Моррис Букойи – “Муқоисае миёни: Таврот, Инҷил, Қуръон ва илм”; Волтер – “Бог и люди”.

Озодазодаест аз насли Фирдавсиву Мавлоно, ки дарси ин ду шоҳмардро хуб омӯхтаву дар худ ҳазм кардааст. Донишманди саршиноси миллат Нуриддини Шаҳобиддин устод Бекзодаро асосгузори фалсафаи фарҳанг ва фалсафаи таърихи тоҷик эътироф намудаанд, ки мо низ ҷонибдорӣ он кас ҳастем.

Оромишу осоишу тансиҳатӣ насибашон бошад, ки аз чунин покнажодон кам касон бошанд ба даҳр ва ба қавли устод Рӯдакӣ:

Доим бар ҷони ӯ биларзам зеро-к,

Модари озодагон кам орад фарзанд.

Сайдулло Мирзоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь