Матлабе, ки инак, манзур мегардад, моҳи июни соли 2018 навишта шудааст. Онро тасодуфан аз бойгонии компютер пайдо кардам, як маротиба чашм давондам ва зарур донистам, ки дар идомаи шодбошиҳои ҷашни 80-солагии файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода интишор диҳам. Матлаб кӯтоҳ аст, бинобар ин, мутмаинам, ки вақту фурсати зиёди хонандаро намегирад.
Мақолаи файласуфи муосири тоҷик устод Комил Бекзода таҳти унвони “Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?” (ниг.: https://ravshanfikr.tj/shinokhti-masoili-i-timo-va-sijos/buzurg-chist-va-buzurgon-kistand-1111.html), ки 29 майи соли 2018 аз тариқи сомонаи “ravshanfikr.tj”-и АМИТ пахшу нашр шудааст, ба яке аз мавзуъҳои муҳими фалсафӣ ва иҷтимоӣ – шинохт ва таъйини бузургон ихтисос ёфтааст. Устод Бекзода аз зовияи ихтисосӣ ба мавзуи мавриди назар таваҷҷуҳ намуда, дар асоси мутолиаҳо, мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳои илмӣ, фикрӣ, ҷомеашиносӣ ва фалсафӣ кӯшиш намудааст, ки мақому ҷойгоҳи бузургони ҷаҳонӣ ва миллиро мушаххас созад.
Устод Бекзода барои равшан шудани масъала ва нишонрас ифода ёфтани матлаб онро ба ду бахш (“Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд?” ва “Саҳми мо дар ин баҳс аз чӣ иборат аст?”) тақсим намуда, бахши дуюм – “Саҳми мо дар ин баҳс аз чӣ иборат аст?”-ро дар ҳашт нуқта ва як қисми ҷамъбастӣ бо номи “Охирин мулоҳиза” хулоса кардааст. Устод бо тақозои мавзуъ ва фарогирии он дар ҳар банду нуқта масъалаи бузургӣ ва бузургонро дар фарҳанги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ матраҳ намудааст. Аммо дар ҷое аз мақола, ки дар асоси меъёрҳои илмии аврупоӣ навишта шудааст, фикри худро ба гардани хонанда таҳмил накарда, дар ин замина як баҳси созандаро ба роҳ андохтааст.
Дар ибтидои баҳс ба ин нукта ишора намудааст, ки мавзуи “Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?” мавзуи нав нест ва тайи солиёни мутамодӣ сари он дар муҳитҳои илмию академию адабию фарҳангӣ суҳбатҳои зиёди илмӣ ва ихтисосӣ сурат гирифтааст. Чуноне ки устод Бекзода таъкид кардааст, мавзуи “бузургӣ” ва “бузургон” дар фарҳанги аврупоӣ таърихи зиёда аз садсола дорад ва намунаи барҷастаи онро метавон дар осори нависанда Стефан Свейг (1881-1942) ҷустуҷӯ ва баррасӣ кард. Свейг доир ба бузургоне чун Л.Толстой, Ф. Достоевский, Р. Ролан, Стендал, Балзак, Гёлдерлин, Г.Клейст, Д. Казанова ва дигарон таҳқиқоти тарҷимаиҳолӣ ва психологӣ навиштааст. Нависандаи франсавӣ Андре Моруа (1885-1967) мавзуи бузургӣ ва бузургонро дар осори худ “Ҳаёти Шелли”, “Зиндагиномаи Дизраэли”, “Байрон”, “Тургенев”, “Ҳаёти Жорж Санд”, “Зиндагии Виктор Гюго”, “Се Дюма”, “Ҳаёти Балзак”, “Таҳқиқе доир ба Диккенс”, “Аз Пруст то Камю” дунболагирӣ кардааст. Дар замони Шуравӣ силсилаи китобҳои “Ҳаёти инсонҳои бузург” (Жизнь Знаменитых Людей) тақлиде буд дар доираи жанри автобиографии аврупоӣ.
Дар нуқтаи панҷуми бахши дуюми матлаб устод Бекзода вежагиҳои бузургонро мадди назар қарор медиҳад. Ба назари ӯ, марди бузург ҳамеша ба ақли солим, илму дониши воқеӣ ва ба тақозои зиндагӣ такя мекунад. Душмани ҳама гуна хурофот ва боварҳои авомфиребона аст. Дар феҳристи ин навъи бузургон устод Бекзода якчанд исм, аз ҷумла: Гераклит, Демокрит, Эпикур ва Арасту (аз Юнони қадим); Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Насируддини Тусӣ, Сайид Нафисӣ, Абдурраҳмони Бадавӣ (аз фарҳанги исломӣ); Г.Галилей, Ҷ.Бруно, И.Нютон, А.Эйнштейн, Н.Коперник, Ч.Дарвин, Ф.Бэкон, Т.Эдисон, И.Павлов, Д.И.Менделеев ва бисёри дигар (аз фарҳанги асримиёнагӣ ва муосири Урупо) ва устод Акбари Турсон (аз Тоҷикистон)-ро ба унвони намуна меоварад.
Дар нуқтаҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум устод Бекзода ба ин натиҷа мерасад, ки шахсияти воқеан бузург, озодандеш ва равшанфикр аст. Талош мекунад, ки ба андешаҳои маҳдуд, маҷруҳ, бунбастӣ ва болупаршикастаи ҳамзамонони худ озодӣ ва парвоз бахшад. Онҳоро аз зиндони маънавӣ наҷот диҳад. Равшанфикрон ва озодандешони ҳамаи давру замонҳо ва миллатҳо ин масъулиятро бар дӯш доштаанд, ки дилу дидаҳои гирифтор ба зулмати мавҳумот ва хурофотро офтобӣ намоянд. Хуршеди донишро ҷойгузини шабҳои тираю ҷаҳлу нодонӣ кунанд. Онҳо талошҳои бардавоми худро дар ин масъулияти виҷдонӣ ва инсонии худ медонанд… Равшанфикри воқеӣ корвони зиндагии башарро ба сӯйи ояндаи шарофатманд, озод ва инсонӣ ҳидоят менамояд. Бузургони озодандеш дар ҷаҳони мо, хушбахтона, хеле фаровон будаанд Дар ин феҳрист устод Бекзода номҳои бузургонеро бо шгумули Гераклит, Демокрит, Эпикур, Суқрот, Диоген, Ибни Ровандӣ, Абубакри Розӣ, Ибни Муқаффаъ, Умари Хайём, Волтер, Жан Жак Руссо, Фейербах, Унамуно, Фридрих Нитше, Шопенгауэр, Ҳайдеггер, Ясперс, Сартр, Камю, Бердяев, Достоевский, Фрейд, Бернард Шоу, Бертран Рассел, Колин Вилсон, Ошо Раҷнич, Бозор Собир, Лоиқ Шералиро шомил мекунад.
Бо аллома Муҳаммад Иқбол нуқтаи ҳаштуми бахши дуюми матлабро, ки зери унвони “Саҳми мо дар ин баҳс аз чӣ иборат аст?” омадааст, ҷамъбаст мекунад. Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ба сифати донишманд, равшанфикр ва бузурги аср саъю талош варзидааст, ки мусулмонони замонашро аз хоби ғафлату ҷаҳолат бедор созад, аммо бо таҳдиду фишори хурофотиёну мутаассибони давр мувоҷеҳ гардидааст. Мутаассифона, дар таърихи фарҳанги башарӣ чунин шахсиятҳои далер ва фидоӣ бисёр набудаанд. Ба ин гурӯҳи ангуштшумори бузургони фидоӣ муаллифи мақола Суқрот, Диоген, Эпикур, Гераклит, Ибни Ровандӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Шайхи ишроқ (Шаҳобуддини Суҳравардӣ), Ибни Муқаффаъ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Сино, Сайид Ҷамолуддини Афғонӣ, Сайид Қутб, Алӣ Шариатӣ, Муҳаммад Иқбол, Бозор Собир, Волтер, Винсент Ван Гот, Николай Федоров, Фридрих Нитше, Аббос Маҳмуди Аққод, Анис Мансур, Абдурраҳмон Бадавӣ, Мигел де Унамуно, Мартин Ҳайдеггер, Алберт Камю, Георгий Гурҷиев, Ошо Раҷнич ва Холиқ Мирзозодаро шомил мекунад.
Дар нуқтаи ниҳоӣ “Охирин мулоҳиза” устод Бекзода фазои баҳсу мунозираро дар мавзуи “Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?” боз ва озод мегузорад, то дигарон низ дар атрофи он фикр кунанд ва назароти худро иброз доранд. Аз ин ҷост, ки устод Бекзода дар заминаи суоли матраҳи “Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?” изҳори назари дигаронро тақозо мекунад ва шароити баҳси созандаро фароҳам меоварад. Бо таваҷҷуҳ ба мавзуи мавриди назари устод Бекзода чанд нуктаро ба сифати назароти шахсӣ ироа медорам:
Якум. Воқеан, бузургӣ мартабаи шахсиятӣ ва ҳувиятии инсон аст, ки бо ҷуръату ҷасорати фикрӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва иҷтимоии шахс тавъам аст. Бузург нафарест, ки бар асоси мутолиоти густурда, биниш, маърифат, фазилат, фаросат, матонат ва ҷасорат ба ҳалли мушкилоти башарӣ мепардозад ва аз ақлу мантиқ пайравӣ мекунад. Дар масири илму дониш ва муқовимату мубориза бо хурофоту таассуб ҳаракат мекунад ва бо ҷаҳолат ҳамеша дар набард қарор мегирад. Ба қавли яке аз бузургони Юнони қадим Суқрот: “То ҷон дар бадан дорам, аз ҷустуҷӯйи дониш ва огоҳ сохтани шумо ба он чи бояд бидонед, даст нахоҳам дошт…” (ниг.: Алейн де Боттон. Тасаллибахшиҳои фалсафа. Тарҷумаи Ирфон Собитӣ. –Теҳрон: Қақнус, 1383. С.10).
Дуюм. Шахси бузург аз тавонмандиии фикрӣ бархурдор аст ва бар мабнои қудрати андеша ҷасорати иҷтимоӣ пайдо карда, бо мушкилоти рӯзмарра дасту панҷа нарм менамояд. Аз ин ҷост, ки “тавоноии фикрии фард ё тавонмандии ӯ барои андешаи бихрадона ва рафтори мантиқию ақлонӣ” инсонро ба марзи бузургӣ раҳнамун мекунад. Бузургон ҳамеша худро даргири ташхису решашиносию бозбинии мушкилот, ки аз ҷаҳолату нодонию камогоҳию бетаваҷҷуҳии башар сарчашма мегиранд, мекарданд ва аз нодонию ҷаҳолат раҳонидани насли башарро рисолати фардӣ ва ихтисосӣ медонистанд. Наҷоти инсонӣ, – ба назари файласуфи рус Николай Федоров,- танҳо дар фаъолияте, ки ба дониш асос ёфтааст ва донише, ки ба кору амал иртиботи қавӣ дорад, таҷассум меёбад.
Сеюм. Муқовимату мубориза бо хушкандешони мазҳабию хурофапароканони дохилию хориқӣ ва умуман, ҳар навъи ноогоҳию ҷаҳолатписандӣ масири ҳаракати бузургони миллиро, чи дар гузашта ва чи дар шароити феълӣ таъйину мушаххас кардаву мекунад. Мусаллам аст, ки дар асрҳои миёна ҳавзаҳои дарсии файласуфони мутафаккирони форсу тоҷик боиси огоҳмандии як идда насли ҷавони ҷомеа гардида буд, вале муҳитҳои мадрасӣ, ки дар онҳо улуми дунявӣ (фалсафа, таърих, адабиёт, табииёт, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум, ҷуғрофиё, кимиё ва амсоли инҳо) тадрис мешуданд, мавриди таҳоҷуми сиёсӣ, мафкуравӣ ва ҳатто физикии хушкандешони мазҳабӣ қарор мегирифтанд ва таҳдиду фишори амиқ болои тоифаи ба истилоҳ, файласуфону ҳақимон, ки дар қолаби бузургони миллӣ инсиҷом меёбанд, ҷиддӣ мушоҳида мешуд. Эътирозоту интиқодоти бузургони асримиёнагии миллӣ, мисли Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Шаҳиди Балхӣ, Мансури Ҳаллоҷ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Суҳравардӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигарон, ки алайҳи хушкандешии мазҳабӣ сурат мегирифтанд ва фиребу найранги ононро рӯйирост фош месохтанд, намунаи боризи муборизаи насли бузургони асримиёнагии миллӣ дар таърихи мо маҳсуб мешавад. Бузургони миллӣ дар таърих мисоли зиндаи шахсиятҳои мубориз алайҳи беадолатиҳои иҷтимоӣ ва динӣ-мазҳабӣ буданду ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ нагузошта ва намегузоранд, ки ниҳоди ҷаҳолатписанд ормонҳои миллӣ ва мардумиро зери по кунад ва роҳи тараққиёту рушди инсониро бубандад. Ба сухани дигар, бузургон дар асрҳои миёна бо селаи хурофотиёну хурофазадагони замонӣ муқовимат карданд ва тавассути пофишориҳои илмӣ ва фарҳангӣ иҷоза надоданд, ки руҳи илму дониш ва огоҳӣ шикаста гардад.
Чаҳорум. Ҷанги шаҳрвандии зиёда аз панҷсола (солҳои 1992-1997), ки бар асари нодонию ҷаҳолатписандии иддае аз мансабталошону зиёиёни ватанӣ ба вуқуъ пайваст, дар баробари хисороти молию ҷонӣ, зарари зеҳнӣ, ақлонӣ, ҳувиятӣ, мафкуравӣ ва маданӣ низ бар ҷой гузошт. Баҳсу мунозираҳои тезутунде, ки ибтидои солҳои навадуми асри гузашта байни руҳониёни мутаассибу донишмандони асили миллӣ дар маҳаллаҳо ва шаҳру вилоятҳо ба вуқуъ мепайваст, бештар бо таҳқиру таҳдиди қишри мутаассиби замонӣ анҷом меёфт. Аз тарафи дигар, иддаи руҳониёни мутаассибу асолатбохта радди маърака кардани зиёиёни сарсахтро ҳадаф қарор дода, онҳоро ба куфру бидъат муттаҳам менамуданд ва фатвои озори онҳоро беибо содир мекарданд. Бар илова, дар пасманзари пружаҳои сиёсӣ-мафкуравии хориҷӣ, ки дину мазҳабро минҳайси васила-приёми таъсиррасонӣ ва абзори фишори озодандешию рӯшангарии миллӣ қарор додаву медиҳанд, бузургони миллӣ қарор доранд. Бинобар ин, бузургӣ имрӯз низ ба масири огоҳӣ, огоҳонидан, дониш додан ва ба самти пажӯҳиш раҳнамун кардани ҷомеа иртибот мегирад ва бузург ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо хурофот ва хурофагароён мубориза мебарад. Илова бар ин, масъалаи “бузургӣ” дар шароити феълӣ бо дарки воқеиёти имрӯзӣ пайванд дорад. Воқеиёти имрӯзиро, мутаассифона, бе ҳузури қишри руҳонияти муҳофизакору фурсатталабу мутаассиб, ки шумораашон дар ҳоли афзоиш аст, наметавон тасаввур намуд.
Панҷум. Омӯзишу таҳқиқ, баррасию муаррифӣ ва таблиғу ташвиқи мероси гаронмояи бузургони миллию фаромиллӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ, ки боиси пешрафту тараққӣ ва рушду шукуфоии башар гардидаанд, дар шароити феълии бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ амри зарурист. Аз сӯйи дигар, бо такя ба омӯзаю андешаву орову афкори созандаи бузургони миллию башарӣ, ки исмашон дар мақолаи “Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?”-и устод Комил Бекзода феҳраствор омадааст, метавон бар хушкандешию хурофазадагӣ, ки аз ҷумлаи бемориҳои музмину вогири башарӣ маҳсуб мешаванд, пирӯз шуд ва дар баробари сели таҳоҷумоти зиддимиллию зиддимаърифатӣ устуворона воистод.
Нозим Нурзода