Ин ҷумла дар сарлавҳа сухани ман нест, аз Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода аст, ки соле пеш 70-сола шуд. Агар нақши Меркутсиёро (аз “Ромео ва Ҷулйетта”-и Шекспир”), ё Ратсманро (аз “Роҳзанҳо”-и Шиллер) дар иҷрои Бурхвалии азиз (солҳое, ки ҷавон буданд) дида бошед, ё сабти онро аз телевизион тамошо карда бошед, имрӯза Бурхвалиро аз онрӯза Бурхвалӣ қариб фарқ нахоҳед кард: ҳамон чустучолокӣ, сухангӯйиҳои буррову симои гоҳе ҷиддиву гоҳе моил ба табассум… Энерҷие, ки гӯё заррае дар ин солҳои тӯлонӣ сарф нашудааст…
Хотира ё ҳофизааш ончунон қавист, ки қариб ҳама нақшҳояшро дар театр азёд медонад: Марселро аз “Ҳамлет”, Куранро аз “Шоҳ Лир”, Нуралиро аз “Кафшҳои Абулқосим”, Азимҷонро аз “Ҳақиқати талх” ва ғайраву ҳоказоҳоро…
Дар истгоҳи назди театр (ҳафтае пеш) ҷаноби актёр Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзодаро дидаму соате суҳбат кардем: аз ҳоли театри Лоҳутӣ, аз нақшаҳои тоза, аз пйесаҳои нав… Навиди хуштаринро аз ин кас дарёфтам, ки театри Лоҳутӣ намоишномаи “Сиёвуш”-ро ба саҳна мегузоштааст, ҳоло марҳалаи омодагӣ ҷараён дорад: шиносоӣ бо матн, тартиби ба саҳна гузоштани саду як ҷузъиёти асар, тақсими нақшҳо ва ғайра…
Суҳбаткунон ба театр ворид шудем ва як даста китобҳоеро рӯйи мизи кораш дидам. Ва миёни ин ҷамъи кутуб Бурхвалӣ китоберо бароварда соядаст навишта, ба банда ҳадя карданд: номаш “Ҷамолу камоли ҳунарманд” ба ифтихори 70-умин солгарди актёр, ки соли гузашта нашр шудааст…
– Дар ин китоб мақолаи Шумо ҳам ҳаст, – гуфт Бурхвалӣ, ҳамон мақолае, ки дар зодрӯзи мо навишта будед…
– Ҳамонеро, ки Шумо дар ҳалқаи пайвандон будед ва банда тавассути телефон (бо садоафзо) хонда будам?
– Бале, ҳамон. Афсӯс, ки ба он нишаст наомадӣ…
Ёдам омад, воқеа чунин буд: банда аз хабарномаи шабакаҳои иҷтимоӣ фаҳмидам, ки Бурхвалӣ зодрӯз дорад ва зангаш задам. Мутаассифона, он рӯз табъам чандон хуб набуд, фишорам каме баланд… Аз он сӯйи телефон каме ғалоғула, маълум, ки ёру дӯстону наздикон ҷамъ буданд. Гуфтам, ки омаданам мушкил, аммо баъди соате бо телефон чизе хоҳам гуфт. Сари роёна нишастаму ду-се саҳифа аз театр ва нақшҳои ҳунарии Бурхвалӣ навиштам ва ҳамон матнро хондам…
Замоне, ки Бурхвалӣ соядаст менавишт, ман ҳуҷраи корашро тамошо кардам: либосу афзори гуногун, созҳои мусиқӣ, китоб, коғазҳои парешон ва оина…
Болои миз оинаи бузурге, ки нимаи ҷисмро баҳузур мебинӣ… Театр ҳамин ду чизи муҳим дорад. Станиславский мегуфт, ки “театр аз овезаи либос оғоз мешавад”, дуруст, аммо бе оина ҳеч мумкин не. Оина ҷузъ ё рукни асоситарини театр аст: актёр соатҳои дароз худро тамошо мекунад, тарзи баёнашро ба мушоҳида мегирад, худаш бо худаш суҳбат мекунад… Яъне аввалин мунаққид ё баҳогузори кори ҳунарманд ҳамин оина аст…
Инак, расо 48 сол аст, ки Бурхвалӣ дар театри овозадор ва маъруфи ба номи устод Лоҳутӣ рӯ ба рӯйи оина менишинад, матн азёд мекунад ва рӯйи саҳна нақш меофарад… Пеш аз ин дар театри Хуҷанд буд, ин дувумин театри ӯст…
Дар даҳлези театр ҳунарпеша Сония Наврӯзоваро дидем ва якҷо акс ҳам гирифтем… Дар берун ҳунарманди машҳур Муҳаммадӣ Мирзоалиевро вохӯрдем, ки осемасар куҷое мерафт… Онтарафтар ду ҳунарпешаи дигарро аз театри русии Маяковский…
– Имрӯз рӯзи дидор бо театр ва ҳунарпешаҳо будааст-гӯён роҳамро идома додам. Ба Бурхвалии азиз сипос гуфтам, ки аввалан, китоби ҷашнияшро ҳадяам кард ва қариб як соати худро ба банда, ба пурсупос ва гуфтугузори банда бахшид…
Касе аз ҳунармандон гуфт, ки маош шудааст ва ҳамагӣ изҳори хушӣ карданд…
…Имрӯз театр ба ҳама чиз ниёз дорад: ба афзоиши маоши ҳунармандон, ба муҷаҳҳаз кардани саҳна, ба техникаи замонӣ, ба асарҳое, ки бинандаро ҷалб кунанд, хулоса, ба ҳама чиз…
Сухани Бурхвалӣ раҳораҳ дар зеҳнам садо дод: театр, пеш аз ҳама, ба ҳунармандони асил ниёз дорад, театр бояд на камтар аз 50-60 актёр дошта бошад, то ки беҳтарин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шавад, ҷавонони донишманд, китобхондаву аз таҷрибаи театрҳои машҳури хориҷӣ гузашта…
Сармоягузорӣ тавре бошад, ки ҳунарманд дигар аз набудани “картошкаву пиёзу гӯшту равған дар хонааш” фикр накунад, ҳама ҳушу ёдаш ба саҳна бошад…
Ҳоло театрҳои моро бо театрҳои кишварҳои хориҷӣ қиёс кардан мумкин нест: дар хориҷа ҳар актёр на фақат хонаи зист, балки фароғатгоҳи худро дорад, саду як ҷиҳози дигар… Дар Аврупо аз даврони Маърифат хуб фаҳмиданд, ки театр фақат ҷойи зуҳури ҳунар нест, балки макони тарбияти мардум ва тарғиби арзишҳоест, ки ҷомеа ба онҳо ниёз дорад: эҳтироми ҳаққи инсон, ба нафъи мардум сохтани низоми давлатдорӣ, тарғиби донишу ҷаҳонбинии нав, ахлоқи шоиста, зиндагии зебо…
Умуман, театр ба чаҳор поя қомат рост мекунад: некӣ, зебоӣ, ахлоқ ва ҳунар… Ва дувумин кашфиёти беҳтарини башарият баъди чопи китоб ҳамин театр аст… Зеро минбари муошират ва муомалаву суҳбат бо мардум аст.
Афсӯс, ки бино ба бархе маҳдудиятҳои дину фарҳанг дар мо театр танҳо дар садаи 20-ум роиҷ шуд: дар Аврупо театр шуруъ аз асри 18 василаи асоситарини тағйир додани зиндагии иҷтимоӣ гардид. Ҳама навсозиҳо, ҳама таълимоту ғояҳои тозаи дигарсозанди ҳаёт аз таъсири театр оғоз шуд… Дар ин хусус сухан хеле бисёр аст…
…Он рӯз хеле хуш шудам, ки бо Бурхвалӣ Ғуломҳайдарзода ва чанде ҳунармандони дигари ин театри хушном вохӯрдам. Аз проблемаҳои театр ва масъалаҳои касбии он дар мавриде дигар матлабе хоҳам навишт.
Дар боло ёдрас шудам, ки дар китоби ҷашнии Бурхвалии азиз бо унвони “Ҷамолу камоли ҳунарманд” (ки соли 2024 нашр шуда, мураттибаш Беҳрӯзи Забеҳулло ва муҳаррираш Мубашшири Акбарзод аст ва аз 232 саҳифа иборат) ҳамон матлаби бадоҳатан навиштаи бандаро ҳам ҷо додаанд. Бо унвони “Саҳнаи муқаддаси театр” (саҳ.129-135).
Онро мехоҳам бознашр кунам. Инак, он мақола:
САҲНАИ МУҚАДДАСИ ТЕАТР…
Медонам, дақиқан медонам, ки ҳоло, ҳамин соат дар ҳалқаи дӯстон қарор доред ва онҳо ба ситоишу лутфу меҳрубонии Шумо машғуланд… Зодрӯз ҳамин навъ хосият дорад: як рӯз ҳама пайвандону дӯстон аз Шумо сухан мегӯянд ва бо ҳамин то соли дигар муборакбодиҳо мавқуф гузошта мешаванд. Айнан мисли театр!
Дар як мавсими театрӣ ошиқони ин навъи ҳунар ҷамъ меоянд, спектаклҳоро баррасӣ мекунанд, актёрҳоро офарин мехонанд, дромнависҳоро тавсиф мекунанд ва бо ҳамин тамом, то мавсими дигар… Айнан мисли баҳори нозанин, ки бо як чашм задан мегузарадд, мисли ҷавонии умр, ки намедонӣ кай оғоз шуд ва чӣ гуна гузашт…
Дар мо, яъне дар таърихи фарҳанги тоҷикон, театр умри хеле кутоҳ нисбат ба кишварҳои дигари олам, махсусан мамолики Ғарб дорад. Мутаассифона… Дар умум, мардуми мо ба ин навъи ҳунар ихлоси камтар доранд, ҳатто аҳли зиё… Инро банда рӯзҳои “Парасту” шадидан эҳсос кардам: ба 10-15 зиёӣ мегуфтам, ки “биё ҳамроҳ суҳбаткунон биравем ба театр, бепул аст ва беҳтарин намоишҳо”, мешунидам: “ба фикрам, бекор менамоӣ, магар кори дигар надорӣ…”.
Бисёр мутаассифам, ки ҳоло дар пешбурди зиндагӣ (ҳама анвои он – ҳам иҷтимоиву ҳам сиёсӣ ва ҳам фарҳангиву ҳам хонаводагӣ) аз театр барин муъҷизаи ҳунар истифода намебаранд, онро чун василаи беҳтар кардани худи зиндагӣ ва шустани чангу ғубори мағзу зеҳнҳо кор намефармоянд. Бисёр афсӯс… Ғарб аз он ҷиҳат ба тамаддуни баланд расид, ки аз ибтидо рӯ ба театр овард, онро чун оинаи зиндагӣ дар рӯёрӯйи инсонҳо қарор дод: ана бинед, шумо дар чӣ ҳол қарор доред ва чӣ кор бикунед, ки ҳолу вазъ ва пиндоратон тағйир кунад…
Шумо, ки аз таърихи театр бохабаред, банда фақат ишораҳо мекунам. Ба ёд биёред, ки дар Юнони бостон ҳангоми мавсими театрҳо (фоҷиаҳо – моҳи март, оғози баҳор ва мазҳакаҳо охири январу давоми феврал) ҳатто маҳкумшудагонро, маҳбусонро муваққатан озод карда, ба театрҳо (он замон дар ҳавои кушод, дар амфитеатрҳо) мебурданд, то ки аз кардаҳои хеш пушаймон шаванд ва зиндагиро барои корҳои нек ғанимат шумаранд… Барои ба саҳна гузоштани ин ё он намоиш на пулро дареғ медоштанд ва на дигар воситаҳоро…
Актёр баэҳтиромтарин шахсият эътироф мешуд, чунки дар симои ӯ мардум ормони одамӣ ва идеалҳои ҳаётро медиданд, барои гузоштани як саҳна чандин мансабдорон вобаста мешуданд, эҳ-ҳа, беҳтараш нагӯям… (дар “Парасту” дидам, ки ба ғолибони озмун ё сабқати театрҳо 4-у 5 ҳазорӣ доданд, деҳ куҷову дарахтон куҷо…).
Даврони Маърифат дар Ғарб ба театр чун ба ҷашни бузург, ба ид, ба маконе мерафтанд, ки чизе биёмӯзанд, чизе бигиранд, то сарнавишти хешро тағйир дода бошанд… Яъне театр баробари оинаи иҷтимоъ буданаш раҳнамо буд ва то кунун ин функсияашро бо сари баланд иҷро мекунад…
Бале, театр оина аст, аммо оинаи одӣ ҳам нест… Шояд Шумо оинаеро дидаед, ки онро болои миз мемонанд, ё ҷойи дигаре: як тарафаш одамро, ончунон ки ҳаст, нишон медиҳад, тарафи дигараш хеле бузургтар, ба дараҷае, ки нуқтаҳои доғи чеҳраро дидан мумкин аст. Шояд ин навъ оина дар хонаи Шумо ҳам бошад. Мақсади ман чист? Яъне театр ана ҳамон тарафи дуюми оина аст, нақсу иллатҳо, ҳусну қубҳ ва неку бади ҳаёти одамиро як бар даҳ афзуда нишон медиҳад ва барои ҳамин ҳунари бузург аст…
Шумо бояд Шилерро (Фридрих Шиллер, дромнавис ва мутафаккири бузурги олмонии қарни 18-умро) донед, асарҳои ба театр ихтисосдоштаашро ҳам медонед, фоҷиаи “Макр ва муҳаббат”-ашро ҳам, ки дар театри Лоҳутӣ гузошта шуда буд… Инак, ҳамин шахсияти бузург таъсири театрро аз ахлоқу қонун ҳам бартар медонист. Чунки ҳаводиси “зинда”-и театр аз ҳарфи “беҷон”-и болои коғаз ва нақли хушки насиҳатгаре жарфтар ва дарозтар таъсир мекунад… Бардошти инсон тӯлонӣ мешавад, рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо ва солҳо…
Маҳз театр аст, ки ҳазорон ҳазор камбуду иллатҳоеро “ҷазо” медиҳад, ки ягон суд ба чунин ҷазо додан қодир нест, саду як кори некро ба мардум тавсия медиҳад, ки дар ягон қонун навишта нашудааст… Ин ду ҷумлаи ахир аз ман нест, аз ҳамон Шиллери бузургвори сухан аст…
Дар театр чизҳои сохтаву қалбакӣ зиёд аст, ман декоратсияро дар назар дорам: офтоби қалбакӣ, рӯду дарахтони дар матоъ ё картони калон тасвиршуда, сару либоси пур аз тиллову нуқрае, ки тиллову нуқраи ҳақиқӣ нест… Аммо як чиз воқеӣ ва ҳақиқист: қалби одамон ва он се гурӯҳанд: қалби хурӯшони онҳое, ки дар саҳна ҳастанд, қалби онҳое, ки дар пушти парда рафти намоишро наззора мекунанд ва ниҳоят – қалби онҳое, ки ин саҳнаро мебинанд, яъне бинандагон…
Оё дидаед, ки камбағали почакандае дар рӯзгори мо ба сарватманде, дорое, мансабдори ҳавобаланде нигаҳи пур аз эътироз ва хашму ғазаб кунад? Ман надидаам, Шуморо намедонам. Театр ягона ҷову маконест, ки ҳамин ҳодиса имконпазир аст: маҳз ҳамин ҷо одамони камбағалу камбизоату нодору нотавон аз баландӣ ба сарватмандон менигаранд, ошкоро ва берӯву риё ҳар чӣ дар дил доранд мегӯянд… Аз адолат сухан ба миён меоваранд…
Ҳоло ҷомеаи мо норасоиҳои зиёд дорад, ки сарчашмааш дар мағзи мардум аст, пас, театрро ба тамоми ҳастиаш зинда кардан лозим, ки беҳтар аз ин василаи дигаре нест барои поку тамиз кардани мағзу зеҳнҳо. Аз саду як бор ташкил кардани суҳбату конфронсу нишастҳо дар мавзуоти гуногуни худшиносиву инсон будан як намоиши театрӣ манфиати бештар дорад… Балки ҳазор бор беҳтар!
Якбора диламро холӣ мекунам. Ёд доред, ки аз нахустин намоиши сабқати “Парасту” баромадем ва расм ҳам гирифтем (ин расмро мегузорам дар поини ин матлаб). “Зол ва Рудоба”-и театри шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов буд… Шоми нахустини оғози сабқати театрӣ. Маро он шаб ҳатто хоб набурд: офарини ин ҳунармандон, таҳиягарон ва коргардон, ки як достони бузург ва пурмуҳтавои “Шоҳнома”-ро рӯйи саҳна оварданд… Баъдан, як тақризи муфассале ҳам навиштам, ки мухтасари он дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳам чоп шуд. Аммо шакли муафассали онро чӣ кунам, намедонам…
Бовар доштам, ки ин спектакл бояд ҷойи аввалро мегирад, аммо дар анҷоми сабқат ба ин намоиш ҷойи дувум доданд… Асаре, ки тамоми ормонҳои Фирдавсии бузургро аз ҷомеаи мутмаддин ифода мекард, баъд аз “Пораабри сафеди Чингизхон” ҷо гирифт. Асаре, ки руҳ ва руҳияи бузурги миллӣ дошт, намоишномае, ки ғояи созандаи миллӣ дошт, асаре, ки оинаи ибрат барои имрӯзиён барои бунёди як ҷомеаи мутамаддин буд…
Баъд аз ин, ба хулосае омадам, ки то кунун мо театршиноси ҳирфаӣ ҳам надорем, донишманде, ки саҳнаи муқаддаси театрро аз ҳама чизҳои дигари даҳумдараҷа (номбар кардан намехоҳам) болотар гузорад…
Сухан дароз шуд ва аслан ҳадафи банда танҳо “зодрӯз муборак” гуфтан буду халос… Зодрӯзи Шумо як баҳонае шуд барои дил холӣ кардани банда… Чун театрро аз кӯдакӣ дӯст медорам… Барои гуфтани он ки театр муҳимтарин муассиса ё коргоҳест барои тарбияти мардум… Барои дарки мафҳумҳои ҷовидонае, аз қабили шафқат, муҳаббат, ҳақиқат, накуӣ ва зебоӣ… Ана ҳамин панҷ асле, ки театр ба башар, ба зеҳну ҳуши мардум мерасонад…
Дар боло ё кардам, ки дар қадим ва ҳам дар авҷи тараққии Аврупо (аз Интибоҳ ба ин сӯ) актёр мақоме дошт, ки дигарон ба ӯ ҳасад мебурданд: ӯро ҳама ҷо эҳтиром мекарданд ва актёр ниёзе ба касе надошт.
Орзу мекунам, ки Шумо ҳам мисли ҳамон ҳунармандони қадим ва ҳам имрӯзаи Аврупо бошед: савори “Лексус”, соҳиби хонаи ҳадди ақал дуошёна, сару либоси бисёр зебову қимат, ки дигарон бубинанду ҳазрати Актёрро бишносанд. Агар дар издиҳом бошед, одамон як тараф истода, ба Шумо роҳ диҳанд, ба ин маъно, ки “як тараф истед, актёри театр меояд”…
Дар нишастҳо ҷойи Шумо болотар аз раису вазиру мулло бошад, бад-ин маъно, ки “ин кас раҳнамои ахлоқу маънавияти ҷомеа аст”… Падару модарон дар кучаву бозорҳо ба фарзандҳояшон Шуморо нишон дода, бигӯянд: “писарам, мисли ҳамин кас бош…”.
Бовар дорам, ки рӯзе аз рӯзҳо ва соле аз солҳо ҳамин гуна обрӯйи театр ва мақому манзалати актёри саҳна баланд мешавад, зеро таърихи башар собит карда, ки аз ҳазор бор шунидану хондан як бор дидан манфиати бештар дорад…
Ҳамон миллатҳое пеш рафтанд ва ҷойгоҳи воло дарёфтанд, ки театр ҷузъи ҳамешагии зиндагиашон буд…
Бо салому адаб,
Ҳафиз РАҲМОН