Бобои Сафар (Сафар Абдулло). Ин ном ба банда аз овони кӯдакӣ то кунун ошност ва дар миёни асомии зиёде, ки танҳо ба забон овардани онҳо мояи ифтихори камина аст, ҷойгоҳи бисёр муҳимму рафеъро ишғол мекунад. Ин на ба он маънист, ки ӯ аз ҷумлаи хешовандони каминаи камтарин маҳсуб мешавад, балки – беш аз ҳама ва пеш аз ҳама – аз он ҷиҳат аст, ки дар оғоз калонсолон ҳамчун намунаи ибрат аз ӯ ёд мекарданду тақрироти эшон ҳомили маъниҳое будааст, ки он замон ба даркаш қодир набудам ва баъдҳо худ андак–андак ӯро донистаам ва то кунун кӯшиш дорам, то шахсияти адабию фарҳангиашро низ бишиносам. Ба андозае, ки ба сӯйи шинохт гом мениҳам, ҳамон дараҷа дар баробари шахсияти чандбуъдиаш арҷ ва эҳтиром мегузорам ва ӯро аз ҷумлаи ҷавонмардоне дармеёбам, ки дар зиндагӣ масири зиндагии мунҳасир ба фардро доро буда, бо диди фарох, тафаккури андешазо, пиндор, гуфтор ва рафтори писандида маро шефта мегардонад.
Мехоҳам, аз дидори нахустини худ бо Сафар Абдулло ёдовар бишавам, ки бароям таъсиргузор буд. Он замон банда пас аз хатми соли дувуми донишҷӯӣ дар таътили тобистона қарор доштам, эшон дар Маскав фаъолият доштанду ҳангоми таътил ба деҳа ташриф оварда буданд. Аз рафти таҳсил, устодон ва мавзуи кори курсиам пурсон шуданд. Вақте ки мавзуи кори курсиамро ба забон овардам, дарҳол гуфтанд, ки ин мавзуъ шоистаи таҳқиқ нест, ҳатман аз он даст кашам. Дар соли сеюми таҳсил ба сифати кори илмӣ мавзуи дигареро интихоб кардам ва дар ҳамон мавзуъ рисолаи хатми донишгоҳӣ ҳам таълиф кардам.
Сафар Абдулло ҷавонмардест бо сад сифату ҳунар ороста, адабпажӯҳест бо собиқаи фаъолиятҳои густардаи пурсамар, ки тавсифи ҳар самт ва ҷиҳатҳои он достоне ҷудогона мебошад. Ғарази мо дар ин мухтасар муруре кӯтоҳ ба фаъолиятҳои бисёрпаҳлу ва доманадори Сафар Абдулло мебошад, ки он ҳам бо мақсади муайян: ба ҳадди имкон дар баёне мухтасар намоёнидани самтҳои асосии фаъолиятҳои густардаи як адабпажӯҳи ростин сурат гирифтааст. Дар асл, омӯзиши муфассали зиндагинома ва коргоҳи эҷодии донишманди саршинос Сафар Абдулло кори таҳқиқии доманадоре буда, ҷиҳати амалии он ҳамроҳ бо зиндагиномааш дар амри ҷалби ҷавонон ба арсаи илму адаб ва тарбияи ватандӯстии онҳо мусоидат хоҳад кард. Сафар Абдулло дар мушкилтарин рӯзҳои ҳаёташ ҳам дар даст қалам ва дар андеша ёди Меҳан мезиста ва то охир дар ғами ободии Ватан ва бо ёди Тоҷикистон нафас мекашиду мекашад. Ғурури миллӣ ва ҳифзи шарафи миллати тоҷик дар зиндагӣ ва фаъолиятҳои ӯ ҷойгоҳи рафеъ дорад.
Сафар Абдулло дар таърихи 30-юми январи соли 1955 дар яке аз деҳаҳои мардхезу фарҳангпарвари Тоҷикистони азиз – Артучи шариф чашм ба олами ҳастӣ гушудааст. Вай номзади илмҳои филологӣ (1984), дотсент (1986), профессори Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳон ба номи Абулайхони Ҷумҳурии Қазоқистон (2008), мунаққид ва адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди шуравӣ (1989), дорандаи ҷоизаи Бунёди байналмилалии Абай (1995), узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ мебошад. Айни замон агарчи хориҷ аз кишвар умр ба сар мебарад, бо ҷараёни адабии Тоҷикистон ва қаламрави забони тоҷикӣ ҳамқадаму ҳамнафас аст. Дар дидорҳои бисёр андаке, ки бо ӯ доштаам, аксар суҳбат перомуни вазъи илмию адабии кишвари азизамон сурат гирифта ва эҳсос мешуд, ки доманаи огоҳӣ ва мутолиоташ перомуни адабиёт, адабиётпажӯҳӣ ва нақди адабӣ бениҳоят густарда аст. Аз навгониҳои чопу интишор огоҳ буда, муҳимтарини онҳоро дар даст ҳам дорад. Дар зимн, боре пешниҳод кард, омодааст, то бахше аз китобҳои китобхонаи шахсиашро ба ягон маркази илмию адабӣ ва ё фарҳангии Тоҷикистон эҳдо бикунад.
Сафар Абдулло фаъолияти кориашро пас аз хатми факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) дар соли 1978 оғоз кардааст. Солҳои 1979-1984 давраи такмили ихтисос ва таҳсили аспирантураро дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти умумиҷаҳонии Академияи фанҳои собиқ Иттифоқи шуравӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия гузаронидааст. Аз соли 1984 то 1991 дар Институти адабии ба номи Горкийи Иттиҳодияи нависандагони Иттиҳоди шуравии собиқ аввал ба сифати муаллими калон ва баъд дотсент машғули тадрис буд. Ҳамзамон, дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард. Соли 1984 дар мавзуи “Суннатҳои ҳамосаҳои миллӣ ва шеъри муосир” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Мутаассифона, ин рисола ҳанӯз чоп нашудааст. Оғози шуҳрати ӯ ҳамчун пажӯҳандаи доно ба даҳаи ҳаштодуми асри гузашта рост меояд. Маҳз дар ҳамин мақтаи замонӣ ба сифати муҳаққиқи тавоно шинохта мешавад ва мақолаҳояш дар машҳуртарин минбарҳои он давр, ба мисли “Вопросы литературы”, “Литературная газета”, “Дружба народов” ба табъ мерасанд.
Аз соли 1993 то кунун Сафар Абдулло дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Вазорати улум ва омӯзиши Ҷумҳурии Қазоқистон ба сифати ходими пешбари илмӣ дар заминаи эроншиносӣ мутолиот анҷом медиҳад ва дар тарғибу ташвиқ ва тарвиҷи фарҳанги тоҷикӣ дар кишвари Қазоқистон саҳми босазо дорад. Ҳамзамон, аз моҳи марти 2009 ба сифати профессор дар Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абулайхон низ фаъолият дорад. Талошҳои ӯ дар пажӯҳиши масъалаҳои марбут ба ҳувияти миллӣ, бақои миллат, пуштибонӣ аз мероси асили фарҳангӣ ва посухгӯйӣ ба дасисаҳои фарҳангзудоӣ боиси арҷгузорӣ мебошанд. Аз ин ҷост, ки ӯ, воқеан, бино бар таъбири Қодири Рустам, “марзбони нангу номус”-и тоҷикон берун аз қаламрави сиёсии Тоҷикистон мебошад.
Сафар Абдулло дар китобхонаи миллии Қазоқистон бо номи “Маркази мутолиоти фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Эрон” маркази ихтисосие ташкил додааст, ки дар пояи он ҳар сол ду-се маврид дар заминаҳои гуногуни фарҳанг ва тамаддуни форсии тоҷикӣ конфронсҳо баргузор мегарданд. Ҳамчунин, маркази мазкур бо номи “Эроннома (таърих, фалсафа, забон ва адабиёт, маданият ва санъат)” маҷаллае дорад, ки сармуҳарририи онро Сафар Абдулло ба уҳда дошта, маводи мундариҷ дар он ба забони русӣ чоп ва ба кулли марказҳои ховаршиносии ҷаҳон паҳн мешавад. Бо шумораҳои нашршудаи ин маҷалла аз сомонаи шахсии Сафар Абдулло шинос шудан мумкин аст.
Ҳузури Сафар Абдулло дар Қазоқистон бисёр мунир аст, чунонки аз гуфтаҳои боло бармеояд, ба нафъи фарҳанги муштараки эронинажодон корҳои фарҳангии зиёдеро анҷом додааст. Чеҳраи фарҳангии ӯ дар миёни турктаборон ҳамчун намоди виҷдони бедори як нафар тоҷики худогоҳ медурахшад. Мисли пули иртиботӣ дар миёни ду фарҳанг қарор дорад. Дар муаррифии адибони қазоқ ва нашри осори онҳо низ саҳм гирифтааст. Кофист, то пажӯҳиш ва нашри осори мунтахаби адиби машҳури қазоқ Олжас Сулаймоновро ба ёд оварем, ки дар ҳафт ҷилд ва ҳашт китоб тавассути ҳамин донишманди тоҷик тадвину веросторӣ гардида, соли 2005 чоп шудааст. Муқаддимаи ин мунтахабот бо номи “Поэт и гражданин” (“Шоир ва шаҳрванд”) ҳамчун беҳтарин пажӯҳиш дар перомуни фаъолияти адабии Олжас Сулаймонов эътироф гардидааст.
Намедонам, худогоҳ ё нохудогоҳ, таърих дар пешорӯи Сафар Абдулло пажӯҳиши як масъалаи бисёр муҳимму хоссеро гузоштааст: робитаҳои таърихию фарҳангии халқҳои Шарқ, аз ҷумла, халқҳои форсизабон ва туркизабон. Муҳаққиқ дар маркази ин риштаи таҳқиқӣ нақши таъсиргузори забони порсиро дар фарҳангу тамаддуни Шарқи асрҳои миёна гузошта, дар замина чандин таҳқиқи арзишманд анҷом додааст. Тарҳи пажӯҳишии ӯ таҳти унвони “Равобити таърихию фарҳангии Эрон ва Дашти Қипчоқ” аз назари вусъати мабоҳис фарогир буда, ҳам масъалаҳои назарӣ ва ҳам амалиро дар бар мегирад. Барои мисол, омӯзиш нусахи хаттии форсии мавҷуд ва мафуз дар китобхонаҳои Қазоқистон барои аввалин бор бо кӯшиши Сафар Абдуло сурат гирифта ва феҳристи дастнависҳои тоҷикии маҳфуз дар Китобхонаи миллии Қазоқистон (бо ҳамкории Сайид Боқири Камолиддинӣ) дар соли 2008 нашр шудааст, ки иқдоми шоистае мебошад. Ё худ, китоби “Ҳазор номи эронӣ ва ҳазор вожаи порсӣ дар миёни қазоқҳо”, ки соли 2011 зевари табъ ба бар карда, дар ҳошияи тарҳи мазкур анҷом шудааст.
Саҳми Сафар Абдулло дар тарҷумаи асарҳои илмӣ ва бадеӣ низ қобили тамҷид аст. Миқдори қобили таваҷҷуҳи осори муҳаққиқони эрониро ба забони русӣ тарҷума кардааст, ки номгӯйи онҳо аз панҷоҳ беш аст. Аз ҷумла, китоби яке аз донишмандони машҳури замони муосир Фаридуни Ҷунайдӣ “Права человека в современном мире и права человека в древнем Иране”, асари Муҳаммадалӣ Исломии Нудушан “Эрон чӣ ҳарфе барои гуфтан дорад” (бо Зарина Жондусова) (2008), қиссаи нависандаи машҳури қазоқ Мухтор Авезов “Гурги хокистарӣ”-ро аз форсӣ ба русӣ тарҷума карда, феҳристномаи Абунасри Форобиро таҳияву танзим кардааст. Тарҷумаи форсии китоби “Андешаҳои Абай” низ ба қалами Сафар Абдуло тааллуқ дорад, ки соли 1995 бо номи “Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай” дар Теҳрон нашр шудааст. Тарҷумаи бештарини мақолоти муаллифони форсизабон, ки дар шумораҳои гуногуни маҷаллаи “Эроннома” аз оғоз то кунун нашр шудаанд, ба кӯшиши худи Сафар Абдулло анҷом шудаанд.
Робита ва ҳамкориҳои Сафар Абдулло бо донишмандони ватанию хориҷӣ, ба монанди Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Баҳманёр, Темур Зулфиқоров, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Шариф Шукуров, Олжас Сулаймонов, Мурод Авезов самараи нек ба бор овардааст. Муъмин Қаноат иқрор шудааст, ки бо Сафар Абдулло солҳои дароз “эҳсоси бародарӣ, ҳамраъйӣ ва ҳамдардӣ” дорад, шоҳид будааст, ки “солҳо ба кори пажӯҳишӣ машғул аст ва фарҳангу тамаддуни моро, чи гузашта ва чи имрӯзро, ба таври ҷиддӣ мутолиа ва таҳқиқ мекунад”. Ӯ аз ҷумлаи беҳтарин донандагон ва тарғибгарони асосии осори адибони мазкур ба ҳисоб рафта, дар баргардон ва нашри асарҳои Сотим Улуғзода “Фирдавсӣ” ва “Пири ҳакимони Машриқзамин”, маҷмуаи шеърҳои Фарзона ба расмулхатти ниёкон ва тарҷумаи ҳикояҳои ҷудогонаи Баҳманёр ба забони русӣ саҳми босазо дорад. Пас аз фавти устод Лоиқ Шералӣ маҷмуаи сӯгномаеро таҳти унвони “Марсияи Хуршед” ба нашр расонидааст. Перомуни ҷашни бостонии Наврӯз таҳқиқи арзишманде анҷом додааст, ки бо номи “Магия Навруза” ба забони русӣ ва бо пешгуфтори Сайид Муҳаммади Ҳотамӣ, президенти вақти ҶИЭ ба чоп расонидааст.
Сафар Абдулло ба гузаштаву имрӯзи фарҳанг ва тамаддуни тоҷикӣ, махсусан, шохаи пурбори забон ва адабиёти он муносибати хоссе дорад. Адабиётро сармояи бузурги миллати тоҷик дар тӯли таърих медонад ва дар ростои арҷгузорӣ чунин назар дорад: “Сармояи бузурги миллати мо адабиёт аст. Ва ҳеч чизе дар ҷаҳон моро беш аз адабиётамон муаррифӣ накарда ва намекунад. Ман талош кардам, ки дар ҳадди тавони худ адабиётамонро бештар бишносам. Фалсафаи зиндагии мо дар адабиётамон аст ва мантиқамон ҳам дар адабиётамон аст. Ҳамчунин, ҷаҳонбинӣ ва масоили иҷтимоӣ низ дар адабиётамон таҷассум ёфтааст…”.
Саҳми Сафар Абдулло дар ташаккули нақди адабии муосири тоҷик шоёни тамҷид ва арҷгузории махсус мебошад. Аз фаъолиятҳои илмии ӯ маълум мешавад, ки нақди адабӣ дар коргоҳи эҷодиаш ҳамеша тавъам бо адабиётшиносӣ пайгирӣ мешавад. Ба қавли саҳеҳи профессор Абдунабӣ Сатторзода, тақризу мақолаҳои Сафар Абдулло “Достонҳои соҳибҷоиза” (1979, ба русӣ), “Андешаҳо оид ба шеъри имрӯз” (1982), “Вазну тамкини сухан” (1984, ба тоҷикӣ ва русӣ), “Ҷанги бузурги ватанӣ дар достони муосир” (1985), “Афзоши “миқдор” бар зарари сифат” (1986, ба русӣ), “Сухан аз рӯзгори Фирдавсӣ” (1987), “Шифо боядат, доруи талх нӯш” (1989), “Нури сухан” (1991), “Дирӯз, имрӯз ва фардо” (1991), “Шаранги андӯҳ” (2001, рисола дар бораи Лоиқ Шералӣ), “Эрон ва Тӯрон ба ривояти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ (2001, ба русӣ) ва ғ. дар ҷумлаи намунаҳои хуби нақди муосири тоҷик ба шумор мераванд” (Садои Шарқ. – 2005. – №1-3. – С. 121).
Сафар Абдулло дар кори беш аз ҳафтод симпозиуму конференсияи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кардааст, ки ба масъалаҳои гуногуни маданият ва адабиёти мардуми Шарқ бахшида шудаанд.
Дар тӯли фаъолияти корӣ Сафар Абдулло ҳамвора заҳмати фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро бо тадрис пайванд дода, дар донишгоҳҳои Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон забон ва адабиёти форсии тоҷикиро таълим додааст ва ин самти фаъолияти ӯ, чунонки қаблан ёд шуд, имрӯзҳо ҳам идома дорад. Борҳо дар донишгоҳҳои гуногуни кишварҳои хориҷа, ба мисли Россия, Озарбойҷон, Эрон лексия хондааст. Дар бораи маҳорати вижаи Сафар ҳамчун омӯзгор ҳамкасб ва дӯсташ, профессор К.Л. Сыроежкин чунин гуфтааст: “Он уммеет и любит делиться своими знаниями. И многие его ученики могут подтвердить мои слова. Это – редкий талант. Звание «учитель» ко многому обязывает, но когда ты не просто учитель, а устод – это уже признание”.
Миқдори мақолаву рисолаҳои илмию адабии Сафар Абдулло беш аз сесад адад буда, дар нашрияҳои гуногуни Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон ва Эрон ба чоп расидаанд, ки аз ҷумлаи муҳимтаринашон таълифоти зеринро метавон баршумурд: “Магия Навруза (сборник публикаций об истории и природи древнеиранского праздника Навруз). Редактирование, составление и исследование Сафар Абдулло (Алматы, 2007), “Феҳристи илмии дастнависҳои Шарқи китобхонаҳои Қазоқисон” (Теҳрон, 2007, бо ҳамқаламии доктор Камолиддинӣ), “Нури сухан” (Олмотӣ, 2005), “Магисеские мосты” (Алматы, 2005), “Олжас Сулейменов. Избранные произведение в 7 томах и 8 книгах». Подготовка текста, редактирование и вступительная статья Сафара Абдулло (Алматы, 2004), “Шаранги андӯҳ” (Душанбе, 2001), “Элегия Cолнцу” (О творчестве Лоика Шерали), 1-е издание. Составление и подготовка текста, предисловие и исследование Сафара Абдулло (Москва, 2000); нашри дуюми ҳамин китоб соли 2001 дар Москва сурат гирифтааст, “Назаре ба ҳаёт ва фаъолияти Абай (Теҳрон, 1995), “Поэтический эпос Мумина Каноата” (Душанбе, 1986).
Мақолаҳои ҷудогонаи Сафар Абдулло ба зиёда аз даҳ забони хориҷии аврупоӣ ва мардуми Шарқ тарҷума ва чоп шудаанд.
Сафар Абдулло имрӯзҳо ба синни мубораки ҳафтод қадам ниҳодааст. Санаи камолотро барояшон табрик мегӯем ва аз қавли Хоҷа Ҳофиз чунин дуо мекунем:
Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Мисбоҳиддини НАРЗИҚУЛ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.