Москва ва Душанбе се самти асосиро муайян карданд, ки ба манфиати тарафайн буда, барои тиҷорат дар ҳар ду кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ҷумла: рушди нассоҷӣ, ифтитоҳи платформаи тиҷоратии Wildberries ва бунёди парки саноатӣ. Ин лоиҳаҳо ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузории мутақобила мусоидат мекунанд. Илова бар ин, ба равандҳои рақамикунонӣ, ки як ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти муосир ва абзори муҳимми  пешрафти ҳалҳои инноватсионӣ гардида истодаанд, тамаркуз карда мешавад.

Кластери нассоҷӣ

Ширкатҳои русӣ ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, ин барои рушди иқтисодии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дурнамоҳои нав боз мекунад. Русия корхонаҳои Тоҷикистонро ба занҷирҳои воридотивазкунандаи худ фаъолона ҳамроҳ карда, истеҳсолоти технологияҳои баландро тараққӣ медиҳад ва барои татбиқи онҳо салоҳияту технологияҳои заруриро пешниҳод менамояд.

Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб бунёди як корхонаи бузурги бофандагию ресандагӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба амалисозии ин лоиҳа истеҳсолкунандаи пешсафи саноати сабуки Русия – ширкати БТК ГРУПП машғул хоҳад шуд.

Барои бунёди маҷмаа мақомоти Тоҷикистон баҳри сармоягузорони рус қитъаи замин бо масоҳати 12,5 ҳазор гектар ҷудо кардааст. Интизор меравад, ки пас аз ба кор андохтани корхона барои сокинони маҳаллӣ то 6 ҳазор ҷойи корӣ фароҳам оварда шавад, ки ин ба таъмини шуғли аҳолӣ ва иқтисодиёти минтақа таъсири мусбат мерасонад. Маҷмаа бо таҷҳизоти ҳозиразамон  барои сикли пурраи истеҳсолоти маҳсулоти бофандагӣ – аз ресандагӣ то бофандагӣ ҷиҳозонида мешавад. Ин имкон медиҳад, ки матоъҳои баландсифати ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ истеҳсол карда, ҳам талаботи дохилӣ ва ҳам ниёзҳои содиротӣ қонеъ карда шавад.

Wildberries дар Тоҷикистон

Моҳи октябри соли 2024 Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва платформаи тиҷоратии Wildberries ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд, ки ба  дастгирии истеҳсолкунандагони тоҷик ва вуруди онҳо ба бозорҳои байналмилалӣ равона карда шудааст.

Wildberries тасмим гирифтааст, ки ба истеҳсолкунандагони тоҷик дар содироти маҳсулоташон ба Русия ва дигар кишварҳое, ки дар он ҷо ин платформа аллакай фаъолият мекунад, кумак расонад. Ин ба ширкатҳои маҳаллӣ имкон медиҳад, ки бозори фурӯши худро тавсеа дода, рақобатнокии онро баланд бардоранд. Дар доираи ҳамкориҳо гузаронидани семинарҳо, мизҳои мудаввар ва форумҳои тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорони тоҷик дар бораи имкониятҳои тиҷорати электронӣ ва хусусиятҳои кор дар платформаи Wildberries нигаронида шудаанд. Ҷонибҳо нақшаи чорабиниҳоро барои нимсолаи аввали соли 2025 таҳия намуданд, ки дар он қадамҳои ҳамгироии молҳои Тоҷикистон ба платформа ва пешбурди онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Рафаэл Абрамян, директори рушди байналмилалии Wildberries қайд намуд, ки солҳои охир дар ҳамкориҳои байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба рақамисозӣ тамаркуз карда мешавад: “Пас аз ба имзо расидани ёддошт мо дар Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро мегузорем ва бисёр муҳим аст, ки ин қадамҳо дуруст бошанд. Дар ин кор мо ба кордониву санҷиши Шурои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон ва маслиҳати гурӯҳ такя мекунем, барои ин аз онҳо хеле миннатдорем.

Рақамисозӣ барои мо як шарти ҳатмӣ ва зарурист ва мо бо камоли хушнудӣ тасдиқ мекунем, ки шарикони тоҷикистонӣ моро дар ин самт дарк ва дастгирӣ мекунанд. Ва аз ҳама муҳимаш он аст, ки моро танзимкунанда дар Тоҷикистон – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дастгирӣ мекунад. Мо бо роҳбарият, аз ҷумла дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ мулоқот кардем ва минбаъд ҳамкориҳоямонро идома медиҳем. Дар навбати худ, мо мубодилаи таҷриба мекунем, моро мешунаванд ва дастгирӣ  мекунанд, ин хеле муҳим аст. Ин кори хуб аст.

Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки дар атрофи як платформаи тиҷоратии калон системаи экологии иборат аз соҳибкорон ва корхонаҳои маҳаллӣ ташаккул меёбад. Аз ҷумла худи фурӯшандагон ва соҳибони нуқтаҳои савдо. Ҳамаи ин ҷомеаи соҳибкорӣ, тиҷорат ва ғайраро тараққӣ медиҳад. Ин на танҳо имконияти қонеъ гардондани ниёзҳои молҳои истеъмолии мардум, балки барои корхонаҳои маҳаллӣ имконияти ба даст овардани даромад низ мебошад.

Мо аз иштирок дар ин лоиҳа хушҳол ҳастем ва якҷоя бо гурӯҳи таҳиягарон барои кори худ дар Тоҷикистон фаъолона форматҳои мувофиқ ҷустуҷӯ мекунем. Аз байни ташаббусҳое, ки Русия имрӯз дар Тоҷикистон пеш мебарад, барои мо лоиҳаи бунёди маркази кӯдакони лаёқатманд бисёр ҷолиб аст, зеро чунин лоиҳаҳоро пеш аз ҳама дар Русия амалӣ мекунем. Ин метавонад як самти хуби ҳамкорӣ гардад, махсусан барои кӯдаконе, ки дар оянда мехоҳанд дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолият баранд. Мо ҳамчунин, ният дорем дар омӯзиши корхонаҳои Тоҷикистон, ки хоҳиши дар соҳаи тиҷорати электронӣ рушд карданро доранд, иштирок кунем (саҳм гузорем). Ҳангоми мулоқот бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба таври самаранок сармоягузорӣ кардан ба дастгирии иттилоотии ширкатамонро баррасӣ намудем, то ин ки доираи васеи одамон аз тренингҳои омӯзишии банақшагирифташуда пешакӣ огоҳ шаванд ва иштирок карда тавонанд.

Баъди ба имзо расидани созишнома мо чораҳо барои пешрафт дар ин самт, яъне омӯзишро оғоз кардем. Дар оянда барои ҳамкорӣ нақшаҳои калон дорем. Мо ба Тоҷикистон боварии калон дорем ва умедворем, ки як ҷузъи муҳим ва муфиди муҳити тиҷоратии ин кишвар хоҳем гардид”.

Дар мавриди манфиатҳо барои Тоҷикистон метавон қайд кард, ки ҳамкорӣ бо платформаи тиҷоратии бузург ба афзоиши содирот мусоидат мекунад, дар баробари ин, тавсеаи истеҳсолот барои қонеъ кардани талабот дар бозорҳои байналмилалӣ метавонад боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ гардида, чорабиниҳои омӯзишӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ дар азхудкунии усулҳои муосири тиҷорати электронӣ ва беҳтар намудани сифати маҳсулот кумак расонад.

Айна Керимова, намояндаи Wildberries дар Тоҷикистон, дар навбати худ дар мавриди нақшаҳо ва тренингҳои омӯзишӣ чунин таъкид кард: “Мо барои рушди соҳибкории хурду миёна абзорҳо пешниҳод мекунем. Инчунин, кӯшиш мекунем, ки ба шарикони худ хидматрасонии беҳтаринро пешниҳод кунем, барои тавсеаи тиҷорат ва таҳкими рақобатпазирӣ ва афзоиши фурӯши маҳсулоташон имкониятҳои нав фароҳам оварем.

Платформаи тиҷоратии мо муддати тӯлонӣ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият фаъолият мебарад. Ҳоло мо имкониятҳои ворид шудан ба бозори Тоҷикистонро таҳлил карда истодаем. Дар айни замон мо ҳанӯз ба ин бозор ворид нашудаем ва инро бояд ба назар гирифт. Умедворем, ки маҳз дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноат мо як қатор самтҳои муҳимро, ки таҷрибаи моро ба ҳайси як ширкат дар оянда такмил дода, ба рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд, пеш бурда метавонем.

Ман барномаҳои таълимии барои намояндагони соҳибкории хурду миёнаи тоҷик пешбинишударо дар назар дорам, ки хоҳиши иштирокчии тиҷорати электронӣ шуданро доранд. Чунин барнома аллакай таҳия гардида истодааст ва дар оянда амалӣ хоҳад шуд, зимнан ин барнома ройгон хоҳад буд. Ҳадафи он додани на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалӣ низ мебошад, то ки иштирокчиён дар платформа сабти ном кардан, ба платформа ворид шудан ва пеш бурдани тиҷорати худро тавонанд.

Маводҳое, ки мо дорем, бояд бо назардошти тавсияҳои дахлдор ва мувофиқи қонунгузории дохилии ҷумҳурӣ ба забони тоҷикӣ мутобиқ карда шаванд. Сухан дар бораи омӯзиши самтҳои корбарии муваффақ дар соҳаи тиҷорати электронӣ меравад. Барои кор дар ин соҳа на танҳо донистани ҷанбаҳои техникӣ, балки дарк кардани имкониятҳои тиҷорат ва истифода бурда тавонистани онҳо барои ноил гаштан ба натиҷаҳои баланд зарур аст.

Ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноат як қадами муҳимме буд, ки ба мо имкон дод, робитаҳои тиҷоратиро мустаҳкам намоем. Акнун мо метавонем дар шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ иштирок кунем. Мехоҳам алоҳида қайд намоям, ки барои мо, ҳамчун ширкат, аз ҳама муҳим омили инсонӣ аст. Мо салоҳияти кормандони Палатаи савдо ва саноатро мушоҳида кардем, омодаем бо онҳо ҳамкорӣ кунем ва самаранокии ҳалли масъалаҳоро қадр намоем. Муҳимаш он аст, ки кормандон роҳҳои ҳаллеро пешниҳод мекунанд, ки барои ҳамаи иштирокчиён муфид аст.

Мо умедворем, ки бо кӯшишҳои  муштарак ба соҳибкорон дониш ва малакаҳои заруриро пешниҳод карда метавонем, то ки онҳо дар соҳаи тиҷорати электронӣ то ҳадди имкон самаранок фаъолият бурда, тиҷорати худро рушд дода тавонанд ва фурӯши маҳсулоташонро зиёд кунанд. Ҳамчун ширкат, мо фахр мекунем, ки имкони як ҷузъи чунин ҷомеаи тиҷоратии фаъол шуданро дорем. Умедворем, ки ҳамкориҳои мо на танҳо ба ширкатҳои мо натиҷаҳои мусбат медиҳад, балки дар маҷмуъ ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири мусбат хоҳад расонид”.

Парки саноатӣ

Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро фаъолона густариш дода, беш аз 30 лоиҳаи муштаракро бо сармоягузории умумӣ ба маблағи беш аз 100 миллиард рубл амалӣ менамоянд. Саҳми умумии соҳибкорони Русия дар иқтисодиёти Тоҷикистон аллакай беш аз 130 миллиард рублро ташкил додааст ва ин маънои онро дорад, ки Русия бо ҳиссаи тақрибан 16 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ, пас аз Чин дувумин шарики сармоягузории кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон Бонки рушди Авруосиё низ эълом кард, ки нияти васеъ (пурзӯр) кардани иштироки худ дар лоиҳаҳои Тоҷикистонро дорад. Бонк ният дорад, ки то соли 2026 ҳиссаи маблағҳояшро дар сандуқи сармоягузории Тоҷикистон ба 10 фоиз расонад. Илова бар ин, барои амалисозии лоиҳаҳои Тоҷикистон бонк захира дар ҳаҷми 500 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дар байни ин нақшаҳо таъсиси парки муштараки технологиро қайд кардан ҷоиз аст. Ин лоиҳа ба рушди технологияҳои инноватсионӣ ва иқтидори саноатии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Тоҷикистон ба Русия барои бунёди паркҳои технологӣ 9 макони эҳтимолӣ, аз ҷумла дар ҳудуди МОИ “Суғд” ва корхонаи трансформаторбарории ҶСК “Трансформатор” дар вилояти Хатлонро пешниҳод кард. Аммо барои таъсиси нахустин парки технологӣ корхонаи “Коргоҳи мошинсозӣ” интихоб карда шуд. Дар 3 соли оянда дар шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон бунёд кардани ҳудуди 30 парки технологӣ ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин боиси ба таври назаррас афзудани шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ мегардад. Маҳсулот ба бозори дохилии Тоҷикистон равона карда мешавад.

Тоҷикистон ба таҷрибаи муваффақи кишварҳои ҳамсоя дар бунёди паркҳои технологӣ тамаркуз мекунад. Масалан, дар Ӯзбекистон ба туфайли ҳамкорӣ бо ширкатҳои русӣ паркҳои технологии кимиёвию саноатӣ, аз қабили “Ҷирҷик” ва Eltech Industrial, ки дар истеҳсоли маҳсулоти технологияҳои баланд тахассус дорад, таъсис дода шуданд. Асоси қонунгузории лоиҳаи бузург аллакай омода гардидааст. Барои фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи паркҳои технологӣ” таҳия шудааст. Қабули қонуни мазкур ба фароҳам овардани фазои ҳавасмандкунанда барои соҳибкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳо нигаронида шудааст.

Русия шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Якҷоя рушд додани истеҳсолот, тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ба барқарорсозии иқтидори саноатии кишвар, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь