Барои шиносои пайдо кардан аз натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андози ноҳияи Айнӣ дар соли 2024 хабарнигори МТЖТ бо роҳбари Нозироти андози ноҳия  О. Шодиев суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Дар оғози суҳбат ӯ қайд кард, ки роҳбарият ва кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Айнӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилояти Суғд ва Раёсати андози вилоят фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷрои ҳама намуди андозҳо ва кам кардани бақияи қарзи андоз иҷро намуда соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд

Нозироти андоз дар ноҳияи Айни бо дастгирии  бевоситаи роҳбарияти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раёсати андоз дар Вилояти Суғд, Мақомоти иҷроияи  Ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дастурҳо ва амру фармонҳои Асосогузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарори фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии вобаста ба соҳаро раҳнамои кору фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда доир ба таъмини нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” тибқи талаботи  Кодекси андоз бо андешидани чораҳои мушаххас ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта, кӯшиш намуда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ барзиёд таъмин карда шаванд.

Ба ҳолати 1- уми январи соли 2025 ба қисми даромади буҷет бо назардошти  андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба ҷои 503 млн 744,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет 567 млн. 139,2 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки 112,6 %-и иҷроиши нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 63 млн 395,2 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад.

Ин нишондиҳанда нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида 146 млн, 25,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳияи Айнӣ аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таъмини пардохти андозҳои давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд ва иҷроиши сифатнокии тамоми намудҳои андози давлатиро дар соли 2025 таъмин созанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь