Пардохти андоз омили пойдории давлат ва рушди он, таъмини зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд дар ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Барои кормандони Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бинои нави Нозироти андози ноҳия бо иштироки бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ум мавриди истифода қарор дода шуд, ки баъди ифтитоҳи он шароити корӣ барои кормандон пурра муҳайё гардида, беҳтарин туҳфа барои онҳо аст.

Вализода Убайдулло сардори Нозироти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки мо кормандони Нозироти андоз аз ифтитоҳи ин туҳфаи арзанда руҳбаланд гашта ҳама донишу малакаи худро барои саривақт иҷро кардани ҳама намуди андозҳо, вусъат бахшида ба рушди соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон равона карда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда соли 2025-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст хоҳем кард.

Роҳбарият ва кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД-и вилоят ва Раёсати андози вилоят фаъолияти худро ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш намудаанд, ки вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо доир ба иҷрои ҳама намуди андозҳо ва кам кардани бақияи қарзи андоз иҷро намуда соли 2024-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.

Нашқаи ҳама намуди андозо иҷро шуд

Ӯ афзуд, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда дар соли 2024 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ва буҷетӣ ба андозаи 106 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 88835901 сомонии пешбинишуда ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоӣ ғайрибуҷетӣ ва 93932165 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 5096264 сомонӣ ва нисбат ба соли 2023-ум 16424292 сомонӣ зиёд ворид карда шудааст.

Қайд гардид, ки агар дар алоҳидаги гирем дар соли 2024 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 54587400 сомонии пешбинишуда ба буҷет 56948159 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 2360759 сомонӣ зиёд ва нисбат ба соли 2023-ум 8758572 сомонӣ зиёд мебошад.

-Иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар соли 2024 ба андозаи 101% таъмин гардида, ба ҷойи 11192400 сомонӣ пешбинишуда ба буҷети Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 11346360 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 153960 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2023 1490367 сомонӣ зиёд мебошад, -қайд намуд Вализода.

-Иҷрои андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои буҷетӣ дар ин давра ба андозаи 111 дарсад таъмин гардида, ба ҷойи 23056101 сомонии пешбинишуда ба буҷет 25637646 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 2581545 сомонӣ зиёд ва нисбат ба соли 2023 6175353 сомонӣ зиёд ворид карда шудааст. Дар баробари ин дар соли 2024 иҷроиши ҳамаи намуди андоз таъмин гардида, дар соли 2025 низ кушиш ба харҷ медиҳем, ки сарвақт нақшаи ҳама намуди андозҳоро таъмин созем- гуфт ӯ.

Бақияи қарзи андоз кам гардид

Барои кам кардани бақияпулии қарзи андоз роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳияи мазкур ҳамаҷониба корбари карда бақияи қарзи андозро соли гузашта кам кардаанд. Гуфта шуд, ки бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 7681,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба 1-уми январи соли 2024 832,6 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 аз ҳисоби маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 11773,3 ҳазор сомонӣ ба буҷа ворид карда шудааст. Дар ин давра ба 1872 андосупорандагони қарздор огоҳинома ба маблағи 21166,5 ҳазор сомонӣ дода шуда, маблағи 1884,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст.

Мавсуф илова кард, ки дар ин давра аз ҷониби Шуъбаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар асоси барномаи СИА 611 адад шахсони ҳуқуқӣ, аз он ҷумла 21 супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, 191 кооперативӣ тиҷоратӣ, 151-ҶДММ, 58 ҶДММ бо РСБ, 7-бонкҳо ва филиалҳо, 10-асотсиатсияҳо, 104-ташкилотҳои буҷетӣ, 5 масҷидҳо, 42 филиал ва намояндагиҳо, 3 иттифоқҳои касаба, 1 ҳизб, 10 корхонаҳои давлатӣ ва 9 ташкилоту муассисаҳо ба қайд гирифта шудааст. Инчунин 4339 соҳибкори инфиродӣ, аз он ҷумла 363 адад бо патент, 732 адад бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 311 адад бо шаҳодатнома, 2933 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта шуд, ки нисбати 243 андосупоранагони қарздор қарорҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 66750,5 ҳазор сомонӣ қабул гардидааст, ки аз ҳисоби қисман иҷро гардидани онҳо ба буҷет 11773,3 сомонӣ ворид карда шудааст.

Зикр шуд, ки дар ин давра низ 112 маълумотномаи назорати камералӣ ба маблағи 4011784 сомонӣ ошкор карда шудааст. Эъломияи пешниҳодкардашуда 2721287 сомониро ташкил медиҳад, аз ин 1727261 сомонӣ ворид карда шуда, 697090 сомонӣ аз ҳисоби ҳақдории андозсупорандагон маҳкам карда шуд ва 681681 сомонӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз тарафи андозсупорандагон пешниҳод карда шуд. Дар соли 2024 дар ноҳия 190 адад мошинаи назоратию хазинавӣ васл карда шудаааст. Аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 54 адад ва аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ 136 адад ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи умумии супорандагони андозҳо аз молу мулк дар ин давра 33017 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати 31125 нафарашон инвентаризатсияи молу мулк гузаронида шудааст, ки 94 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар барномаи компютерии СИА 30037 нафар дохил карда шудааст, ки 91 фоизро ташкил додааст. Инчунин дар соли гузашта шумораи молу мулки ба иҷора додашуда 212 нафарашро ташкил медиҳад, ки пурра дар Нозироти андоз ба қайд гирифта шуд.

Нақшаҳо баҳри пешрафти кор аст

Роҳбарият ва кормандони Нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷудбуда истифода намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки таъмини пардохти андозҳои давлатӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар пешбурди сиёсати андоз ва иҷтимоии давлат саҳми босазои хешро гузоранд ва иҷроиши сифатнокии тамоми намудҳои андози давлатиро дар соли 2025 таъмин созанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь