Мақомоти федеролӣ дар Ню Йорк аввалин рейдҳои васеъмиқёсро алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз карданд. Дар ин бора рӯзномаи New York Post (NYPost) бо истинод ба изҳороти намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва гумрук (ICE) хабар дод, менависад ТАСС.

Амалиёти мазкур шаби 28-уми январ дар маҳаллаҳои Квинс ва Бруклин оғоз шуд, ки дар он ҷо беш аз 200 нафар боздошт шуданд. Ин рейдҳо як қисми ваъдаи президенти ИМА Доналд Трамп дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар бораи барқарор кардани сиёсати сахти депортатсия мебошад. Кохи Сафед тасдиқ кард, ки ин амалиёт бо Департаменти амнияти дохилӣ ҳамоҳанг шудааст.

Ба гуфтаи манобеъ, ҳангоми боздошт аз пойгоҳи додаҳои биометрӣ ва мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. “Ҳадаф халалдор кардани гурӯҳҳои ҷиноӣ аст, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ даст доранд”, – гуфт як манбаи номаълуми ICE.

Ҳамзамон, шаҳрдории Ню-Йорк амали ICE-ро маҳкум карда, аз мақоми ин шаҳр ҳамчун “паноҳгоҳи муҳоҷирон” ёдовар шуд. Дар Ню Йорк як қатор қонунҳо мавҷуданд, ки ба ҳифзи муҳоҷирон аз баъзе намудҳои ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудаанд, қайд мекунад портали “Садои русзабони Амрико”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь