Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими низоми маориф ва дар ин замина омода намудани насли ояндасози кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, онро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ намуданд. Рушду пешрафти ҷомеаи муосир тақозо мекунад, ки насли имрӯз аз ҳар лиҳоз донишманд, ҳушманд ва донандаи якчанд забони хориҷӣ бошад.

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода даргоҳи умеду ормон барои хоҳишмандони забонҳои хориҷӣ аст. Алоқамандон имкон доранд, ки давоми таҳсил дар зинаи бакалавру магистратура аз омӯзгорону мутахассисони ҳирфаии ин боргоҳи маърифат забонҳои хориҷиро омӯзанд. Барои дар сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дар ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода тамоми шароити муосири таълиму тадрис фароҳам оварда шудааст.

27-уми сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ифтитоҳ намуданд. Дар ин чорабинии таърихию судманд бо пешниҳод ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2022, таҳти №613 «Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» табдил дода шуд. Аз рӯзи таъсисёбӣ то кунун ҳайати устодон ва профессорони Донишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор мутахассисон, аз ҷумла, донандагони якчанд забони хориҷиро тайёр кардааст, ки дар самту соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолияти босамар доранд.

Раёсати Донишгоҳ, бо мақсади иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, таваҷҷуҳи пайвастаро дар иҷрои рисолати касбӣ ҷиддӣ ба роҳ мемонад. Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад”. Аз ин рӯ, дар назди ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода Гимназия ва дар назди он “Маркази инкишофи кӯдак” таъсис ёфтааст, ки кӯдакони саодатманди тоҷик дар Марказ ба таълими забонҳои хориҷӣ машғуланд. Дар Гимназияи назди Донишгоҳ толибилмон то синфи 5 ба таълим фаро гирифта шуда, таълим дар ин муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Шароити таҳсили донишҷӯён

Дар ДБЗХТба номи Сотим Улуғзода 8 факултет, аз ҷумла, факултетҳои филология ва рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти рус, равияи омӯзгории забони англисӣ, факултети тарҷумонии забони англисӣ, тарҷумонии забонҳои Шарқ, равияи омӯзгории забонҳои Шарқ, забонҳои Аврупо, муносибатҳои байналмилалӣ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолият мекунад. Шумораи кафедраҳо ба 24 адад расонида шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта бештар аст. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кадрҳоро аз рӯйи 49 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 15 ихтисос дар зинаи магистратура ва 8 ихтисос дар зинаи докторантура бо касбҳои барои бозори меҳнат рақобатпазир омода менамояд.

Равнақи дунё зи илми миллатҳост

Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин, 5 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар ҳузури сарони ду давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷин Пин ба имзо расид.

Ҳамзамон, Донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Шандуни Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой, Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи С.Амонжолов, Донишгоҳи давлатии Брести Ҷумҳурии Белорус, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Куриёи Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Бошқирдистони Федератсияи Россия низ ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст.

Санаи 26-уми октябри соли 2024 ташрифи сардори раёсати таълими Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Амрикоии Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабир, Кинг Стефан Ричард бо мақсади ҳамкорӣ бо Донишгоҳ сурат гирифт. Инчунин, дар соли 2024 намояндагони Донишгоҳи федеролии Сибир, сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар шаҳри Остона), сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо мақсади ҳамкориҳои судманди дуҷониба ташриф оварданд.

Афзалиятҳои Донишгоҳ

Дар Донишгоҳ синфхонаи мултимедӣ, синфхонаҳои лингофонӣ ва воситаҳои зиёди техникии муосир мавҷуданд, ки барои раванди ҳадафноки тадрис мусоидат мекунанд. Таълими забонҳои хориҷӣ бо иштироки бевоситаи соҳибзабонон сурат мегирад, ки барои донишҷӯ имкони бештари азхудкуниро фароҳам меорад. Омӯзиши 14 забон бо осонтарин усулҳои таълимӣ роҳандозӣ гардидааст. Фаъолияти омӯзгорони ботаҷрибаи забондон аз дохил ва хориҷи мамлакат теъдоди довталабони моро ҳамасола афзоиш мебахшад. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши забони англисӣ ва омоданамоии омӯзгорони сатҳи баланди забондон “Маркази захираҳои омӯзгорони забони англисӣ” дар Донишгоҳ фаъолияти назаррас дорад. Ҳамчунин, дар заминаи факултети забони англисӣ дар ҳамдастӣ бо мудирияти барномаи онлайнии TOEFL Маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад. Равобити ҳамкорӣ бо беш аз 50 муассисаи олии бурунмарзӣ дар ҷабҳаҳои мухталиф ҷорист. Идомаи таҳсили донишҷӯёни арзанда дар Донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода хобгоҳи замонавӣ бо шароитҳои муносиб барои зиндагии донишҷӯён, довталабон ва ҷавонони илмҷӯ мавҷуд аст.

Довталабони азиз, нияти дар сатҳи баланд омӯхтани забонро доред, мехоҳед ҳамчун забондони сатҳи олӣ дар ҷомеа эътироф гардед ва мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ шавед, пас Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода беҳтарин интихоби Шумост!

Рамзи Донишгоҳи мо дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 119 мебошад.

 Шуъбаи таҳлил ва иттилооти ДБЗХТ

Таҳсил дар гуруҳҳои шартномавӣ аз рӯи ихтисосҳо дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои соли таҳсили 2025-2026

 

 

 

 

 

 

 

Рамзи ихтисосҳо

 

 

 

 

 

Номгӯи ихтисосҳо

 

 

 

 

 

 

Муҳлати таҳсил (сол)

Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои шаҳрвандони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил  

Барои шаҳрвандони хориҷи дур

рӯзона ғоибона рӯзона ғоибона рӯзона ғоибона
1 1-020307-02 Забони хитоӣ. Информатика Бакалавр-4 6480 7600 10400
2 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитоӣ) Бакалавр-4

 

6480 7600 10400
3 1-21060101-0601 Забон ва адабиёти хориҷӣ (арабӣ-англисӣ) Бакалавр-4 5940 7600 10400
4 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони англисӣ) Бакалавр-4 5700 7600 10400
5 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ

(тарҷумон, забони англисӣ)

Бакалавр-4 5500 7600 10400
6 1-21060101-0602 Забон ва адабиёти хориҷӣ-Форсӣ-англисӣ Мутахассис-5 4600 6000 10400
7 1-020307 Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ Бакалавр-4 3500 3400 7900
8 1-020307 Забони франсавӣ.

Минтақашиносӣ

Бакалавр-4 3100 3400 7900
9 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони ҷопонӣ) Бакалавр-4 3300 3400 10400
10 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони куриёӣ) Бакалавр-4 3300 3400 10400
11 1-020301 Забон ва адабиёти тоҷик Бакалавр4

 

3300

 

2800 3400 3200 7900 3700
12 1-020302 Забон ва адабиёти рус Бакалавр-4 3300 3400 7900
13 1-02030203 Забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ Бакалавр-4 3300 2800 3400 3200 7000 3700
14 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони русӣ) Бакалавр-4 3300 3400 7000
15 1-01020205 Таҳсилоти ибтидоӣ. Забони русӣ Бакалавр-4 3200 2800 3400 3200 7000
16 1-21050103 Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ Бакалавр-4 3240 3800 7000
17 1-230102-04 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ) Бакалавр-4 3500 4000 7000
18 1-230102-01 Таъминоти забонии фаъолияти хуқуқӣ- англисӣ-русӣ Бакалавр-4 3500 4000 7000
19 1-260204 Ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилоотии идора Бакалавр-4 3300 2800 3400 3200 7000 3700
20 1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ. Забони русӣ Бакалавр-4 3100 2800 3400 3200

 

7000 3700

 

21 1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ (Забони англисӣ) Бакалавр-4 3500 3500 7000
22 1-01020205 Таҳсилоти ибтидоӣ.

Забони англисӣ

Бакалавр-4 3500 3500 7000
23 1-230103 Забону кишваршиносӣ Бакалавр-4 4800 5000 7900
24 1-210601-0202 Тарҷумаи бадеӣ Бакалавр-4 3240 3500 7000
25 1-210601-0110 Таълими компютерии забонҳо Бакалавр-4 3400 4000 7900
26 1-230102-02 Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ) Бакалавр-4 3500 4000 7900
27 1-020307-03 Забони англисӣ технология (хизматрасонӣ) Бакалавр-4 5000 7600 10000
28 1-020303-02 Забон ва адабиёти тоҷик. Забони англисӣ Бакалавр-4 4000 7600 7900
29 1-020303-03 Забон ва адабиёти тоҷик. Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ Бакалавр-4 3500 7600 7900
30 1-020306-04 Забони фаронсавӣ. Забони англисӣ Бакалавр-4 3500 7600 7900
31 1-020306-04 Забони олмонӣ. Забони англисӣ Бакалавр-4 5000 7600 7900
32 1-020303-04 Забон ва адабиёти тоҷик. Психологияи амалӣ Бакалавр-4 3500 2800 7600 3200 7000 3700
33 1-230109 Рӯзноманигори байналмилалӣ Бакалавр-4 3500 7600 7000
34 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони хитойӣ) Бакалавр-4 6480 7600 7900
35 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони куриёӣ) Бакалавр-4 3500 7600 7000
36 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони ҷопонӣ) Бакалавр-4 3500 7600 7000
37 1-23 01 01 Муносибатҳои байналмилалӣ Бакалавр-4 4000 5200 7000
38 1-02 03 03 Забон ва адабиёти тоҷик. Забон ва адабиёти ӯзбек Бакалавр-4 4000 2800 5200 3200 7000 7900
39 1-23 01 04 Психология Бакалавр-4 4000 2800 5200 3200 7000 7900
40 1-230108 Рӯзноманигорӣ (аз рӯйи самтҳо) Бакалавр-4 4000 5200 7000
41 1-210601-0211 Забони испанӣ. Забони англисӣ (Омӯзгор) Бакалавр-5 4500 5200 7000
42 1-210601-0212 Забони итолиёӣ. Забони англисӣ (Омӯзгор) Бакалавр-5 4500 5200 7000
43 1-210601-0213 Забони итолиёӣ. Забони англисӣ (Тарҷумон) Бакалавр-5 4500 5200 7000
44 1-210601-0214 Забони олмонӣ (Омӯзгор) Бакалавр-4 5500 5200 7000
45 1-1060101-0602 Забони форсӣ. Забони англисӣ (Омӯзгор) Бакалавр-5 4000 5200 7000
46 1-210601-0215 Забони арабӣ. Забони англисӣ (Омӯзгор) Бакалавр-5 6500 7500 8000
47 1-230108-02-03 WEB- рӯзноманигорӣ Бакалавр-4 4000 5200 7000
48 1-010102-03 Таҳсилоти томактабӣ. Забони тоҷикӣ (Омӯзгор) Бакалавр-5 3500 2800 5200 7000
41 1-020301 Забон ва адабиёти тоҷик Магистратура-2 3200 3400 7900
42 1-020306 Забони англисӣ Магистратура-2 5400 7600 10400
43 1-020307 Забони олмонӣ. Минтақашиносӣ Магистратура-2 3000 3400 7900
44 1-020302 Забон ва адабиёти рус Магистратура-2 3000 3400 7900
45 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони хитойӣ) Магистратура-2 5400 7600 7900
46 1-210601-02 Забонҳои муосири хориҷӣ (тарҷума, забони англисӣ) Магистратура-2 5400 7600 7900
47 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони куриёӣ) Магистратура-2 3200 3600 7000
48 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони хитойӣ) Магистратура-2 5400 7600 7900
49 1-210502-08 Забони хориҷӣ (забони ҷопонӣ) Магистратура-2 3200 3600 7000
50 1-230101 Муносибатҳои байналмилалӣ Магистратура-2 3500 3600 7000
51 1-020307 Забони фаронсавӣ. Минтақашиносӣ Магистратура-2 3000 3600 7000
52 10.02.20 Забоншиносии муқоисавӣ–таърихӣ, типологӣ ва қиёсӣ Докторантура 3-4 3000 2250 4000 3696 7900 5400
53 10.01.03 Адабиёти кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо,сокинони бумии Амрико ва Австралия (бо нишон додани адабиёти кишвари алоҳида) Докторантура 3-4 3000 2250 4000 3696 7900 5400
54 10.02.22 Забонҳои халқҳои кишварҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, сокинони бумии Амрико ва Австралия (бо нишон додани забони мушаххаси оилаи забонҳо) Докторантура 3-4 3000 2250 4000 3696 7900 5400
55 6D020500 Филология Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
56 6D021300 Забоншиносӣ Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
57 6D011700 Забон ва адабиёти тоҷик Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
58 6D011800 Забон ва адабиёти рус Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
59 6D011900 Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
60 6D020700 Кори тарҷумонӣ Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
61 6D020700 Муносибатҳои байналхалқӣ Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900
62 6D020700 Филологияи хориҷӣ Докторантура аз рӯи ихтисос PhD 3000 4000 7900

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь