Вирусшиносони чинӣ дар ҷараёни як таҳқиқот коронавируси наверо дар кӯршапаракҳо кашф карданд, ки метавонад ба одамон ба мисли COVID-19 сироят кунад. Дар ин бора рӯзномаи South China Morning Post (SCMP) бо такя ба таҳқиқоти коршиносони чинӣ хабар додааст.

Ба навиштаи нашрия, вируси ошкоршуда як навъи нави коронавирус (Pipistrellus bat coronavirus HKU5) мебошад, ки дар Ҳонконг дар хаффошҳои ҷопонӣ, ки аз ҷинси кӯршапаракҳои ҳамворбинианд ва тақрибан 40 намуд ҳастанд, муайян шудааст.

Тадқиқот дар як озмоишгоҳи Гуанчжоу дар ҳамкорӣ бо коршиносони филиали Гуанчжоуи Академияи илмҳои Чин, инчунин Донишгоҳи Вуҳан ва Пажӯҳишгоҳи вирусологияи Вуҳан гузаронида шуд. Таҳқиқотро вирусшиноси чинӣ Шӣ Чжэнглӣ, ки дар доираҳои тиббӣ барои кораш дар таҳқиқоти коронавирус дар лабораторияи Вуҳан бо номи “куршашпарак” маъруф аст, роҳбарӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь