Чанд сол қабл ҷаҳонро эпидемияи даҳшатовар – КОВИД-19 фаро гирифт ва як замоне шуд, ки на падар ба писар ва на духтар ба модар наздик мешуд. Ҳама дар таҳлукаи ҷони ширини хеш буданд. Гӯё дар рӯи олам хурсандию хушиҳо фаромӯш гашт. Мусофирату муоширату рафту омад байни давлатҳо қариб ки пурра қатъ гашта буд.

 Дар чумҳурии азизамон ва умуман давлатҳои мусалмонӣ фаъолияти масҷиду муассисаҳои динӣ пурра қатъ гашта буд.

 Дар матбуоту радиову телевизион ҳар рӯз эълони омори фавтидагон гаштаву баргашта садо медод. Хуллас, дар ҳама ҷо як гап: КОВИД, КОВИД, КОВИД. Ба гуфти Саъдии бузургвор:

Чунон хушксолӣ шуд дар Димишқ,

Ки ёрон фаромӯш карданд ишқ.

 Дар айни авҷи пуршиддати ин эпидемияи КОВИД-19 ҷавоне дар муҳоҷират ҷони худро аз даст дод. Инак тафсилоти қиссаи марги он ҷавонро пешкаши хонанда мегардонем.

Модар вақтҳои охир қариб, ки хобро фаромӯш кардааст. Фикру ёдаш фақат ба писараш Носир буд. Охир Носир ду дафъаи охире ки меомад фақат барои табобат буд. Хусусан маротибаи охир фарзандаш хеле коҳида ва бар замми ин гӯшҳояш вазнин гашта буд. Бо азоб сухан меронд.

Модар солҳои пеш ба хона омадани Носирро ҳоло ҳам дар ёд дорад. Як ҳафта пеш аз омадани Носир аз Русия модар ва ёру рафиқонаш тайёрӣ медиданд. Дар вақти расида омаданаш-ку чӣ тантанаҳое намешуд. Ёру дӯстон ва хешон аз дуру наздик ҷамъ омада хушиву хурсандиҳо мекарданд. Қариб ки дар ҳар як омаданаш базми гуштингирӣ ё бузкашӣ ташкил мешуд. Писараш дорандаву пулдор буд. Акаву хоҳарон аз Носир фахр мекарданд. Хурд ҳам бошад акаву апаҳои калонӣ ба гапи Носир гӯш мекарданд, чунки ӯ пул меовард. Дар деҳа ба мисли Носир дар мусофирати меҳнатӣ будагон зиёда аз 100 нафар буданд. Онҳо ҳам ба андозаи ризқу рӯзии худ дороӣ доштанд.

 Яке зиёд дигаре камтар, асосан таъминоташон ба пуррагӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Аммо рафтуомади онҳо ба мисли рафтану омадани Носир ҳангомадор набуд. Онҳо хомӯш меомаданду хомӯш бармегаштанд.

Ин қаҳрамони мо чӣ тавр ба ин мартабаҳо расиду оқибат чӣ шуд, дар зер нақл хоҳам кард.

Носир мисли дигар бошандагони деҳ зиндагии маъмул дошт. Дар хурдӣ як бачаи шум, ҳангоматалаб ва қайсар буд. Ӯ қариб, ки ҳар рӯз ягон балоро аз сар мегузаронд. Аз ин боис мудом аз падар ва ё бародари калонӣ Ҳошим шаллоқ мехӯрд.

Мактабро тамом карда ба хизмати аскарӣ рафт. Дар он ҷо низ чӣ номаъқулиҳое накард, ки қариб судаш кунанд. Баъди хизмат ҳам барои дуздӣ ба даст афтод. Аз он ҷо ҳам халосаш карданд. Баъд ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафт. Дар он ҷо ҳам як муддат кор карду ҳамроҳи як рафиқаш ба андозаи хеле калон молҳои хӯҷаинашонро ба яғмо бурданд. Баъди ин ҳодиса илоҷе ёфта ба Ватан гурехта омад ва муддати тӯлонӣ дар хонаашон буд.

Дар муддати қариб ду сол ӯ итминон ҳосил намуд, ки аз байн хеле муддат гузаштаасту он бой дар ҷустӯҷӯяш нест. Баргашта ба Русия рафт, якчанд муддат пинҳонӣ дар ҷангалзорҳо ба кори сохтмонӣ машғул гашт. Чун ба пуррагӣ боварӣ ҳосил намуд, ки он соҳиби мол банкрот гашта, ба ватанаш баргаштааст, худро ошкор намуд. Носир, ки худ як корчаллони гузаро буд, мошине ёфта ба кирокашӣ машғул шуд. Ана ҳамин кирокашӣ оғози машҳуршавии Носир гашт. Он солҳо танҳо-танҳо тоҷикбачаҳо дар Маскав ва гирду атрофи он ба кирокашӣ машғул буданд. Носир рафта-рафта дар ин касб гурги калон ва борондида гашт.

Бачаҳакои сохтмончии тоҷик то андозае Носир ва Носир барин кирокашҳоро ҳурмату эҳтиром мекарданд, ки гумонам волидайни хешро ба он дараҷа не. Кирокашон онҳоро аз фурудгоҳҳо мегирифтанду то ба ҷойҳои хоб ва ё корашон мебурданд. Илова бар ин аз ҷойе ба ҷойе интиқол медоданд. Аммо намедонистанд, ки таксистҳои худамон аз кирокашҳои рус роҳкироро якчанд баробар зиёд мегирифтанд. Ба замми ин Носир ба бачаҳои зарур пул қарз медод, ки ин ҳам як намуди хизмат буд. Азбаски кирокашҳо ба бисёр ҷойҳо мерафтанд, ба ҳамшаҳриҳо ҷойи кор ёфта медоданд.

Бо вуҷуди ин қадар хизматрасониву савобгириҳо бачаҳои кирокашӣ мо баъзе хислатҳои ноҷавонмардона низ доштанд. Ҳиллаву найранги пулкоркунии кирокашҳо аз ҳисоби нодонии бачаҳои тоҷик хеле зиёданд. Аммо ман фақат ду лаҳзаашро ин ҷо меорам, ки худ шоҳиди ҳол будам.

Вале хеле баъдтар фарзандам Зиёвиддинҷон ҳам автомошинае харида дар шаҳри Маскав бо кирокашӣ машғул шуд. Ман пеш аз дуои хайр додан ба ин касбаш, таъкид кардам, ки ин ду амали бадро накунад.

Аввалаш: якчанд километр пештар аз фурудгоҳи Домодедово як дидбонгоҳи хеле калон мавҷуд аст. Нозирони ин дидбонгоҳ золиму сахтгир нисбати муҳоҷирон ҳастанд. Худое накарда ба чанголи онҳо афтӣ, яъне мабодо кирокаш ва ё муҳоҷирро манъ кунанд, фарқ надорад, бо сад фиребу найранг аз 2 то 6-7 ҳазор рубл маҳрум мешавӣ. Ана бо ҳамин золимон баъзе кирокашҳои мо забон як карда будаанд. Нозирони дидбонгоҳ бо кирокашҳо пароли махсус доштаанд. Баробари ба дидбонгоҳ наздик шудан таксистҳои тоҷикон ба кормандони ГАИ бо фарҳояшон ишора мекарданд, яъне чароғҳои мошинро фӯрӯзон мекарданд, ки ман мусофир дорам. Ва нозирони ГАИ фавран ин мошинро манъ мекардаанд. Маълум шуд, ки қаҳрамони қиссаи мо Носир ҳам аз ҷумлаи ҳамин кирокашони хабаркаш будааст. Ман ки ин гапҳоро аз даҳони баъзе бачаҳо шунида будам, дар яке аз сафарҳоям ба Ватан бо мошини Носир омадам. Баробари ба дидбонгоҳ наздик шудан, ноаён бо қираи чашм ба амалҳои Носир аҳамият додам. Дар ҳақиқат Носир чароғравшанкунакро истифода бурд. Нозири дидбонгоҳ ҳам зуд мошини моро манъ кард. Носир гӯё зиқ шуда бошад корманди ГАИ-ро як ҳақорати маъмулӣ доду мошинро манъ кард. Гӯё корро ҳал мекарда бошад, аз мошин фаромада, оҳиста-оҳиста назди нозир рафт. Чанде бо ӯ гуфтугӯ карду зуд баргашта назди мо омада гуфт:

– Бачаҳо, ГАИшник мега ҳуҷҷатҳои мусофиронатро биёр. Ба фикрам як 2 ҳазор рубл гирифтаниая.

Ҳамагон яъне мусофирон, ҳамроҳи ҳуҷҷатҳояшон ду ҳазор рубли бароварда доданд. Аммо ман хомӯш будам.

– Ту чӣ, маълим? – бо ситеза ба сӯи ман нигоҳ карда гуфт Носир.

Ман ки ин амалҳои зишти ӯро шунида ва ҳатто дида будам, оромона гуфтам:

– Рав, ба он ҷӯраат гап зан, ки як тоҷик собиқадори ҷанг будааст, ягон сум намедиҳад.

Носир аз ин гапи ман каме оташин шуда гуфт:

– Охир, маълим, ту бо ин корат моро таги гап мемонӣ! Мо дар ин ҷо боз кор карданӣ ҳастем.

Он се барраи дигар, ки пулу ҳуҷҷатҳояшонро дода буданд, ба Носир ҳамовоз шуда, пушти ӯро гирифтанд ва бо як овоз:

– Акаи Носир рост мега, ура таҳи гап намон, туям пул те-дия.

Ман ба онҳо рӯ оварда бо ғазаб гуфтам:

– Ҳой, барраҳои нодон, Шумо пул доден тамом, ба ҳар ифлосӣ фукатонро натиқонед.

Носир чун дид, ки аз ман мурод нест, боз пеши нозир рафт. Пас аз дақиқае баргашта омада ба ман муроҷиат намуд.

– Маълим, Шуморо командири калонӣ ҷеғ дорад.

Ман ҳам ҳамаи ҳуҷҷатҳоямро гирифта назди командири калон рафтам. Командир баъди тафтиши ҳуҷҷатҳои ман ба нозир рӯй оварда гуфт:

– Ту, нокас, надидӣ, ки ин кас собиқадори ҷанг аст ва илова ба ин ӯро як ду дашноми дағалонаи русӣ дода аз ман ба ҷойи он нозир бахшиш пурсида роҳи сафед орзу намуд. Ҳамин тавр ба фурудгоҳ расидем.

Вақте, ки он “барраҳо”-и ҳамраҳам дуртар рафтанд, ман ба Носир рӯ оварда гуфтам:

– Додар, кори хуб накардӣ. Ман он амали туро пурра дидам.

Як фиреби дигари нанговари ин кирокашҳоро мехоҳам қайд намоям, ки ин ҳам ҷабр ба киссаи деҳотиёни нодони муҳоҷир аст. Ва инак он найранги дуввум.

Аксарияти бачаҳое, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мераванд, мутаассифона, аз он, ки дар куҷо кор мекунанд, чӣ кор мекунанд, ба онҳо чӣ қадар маош медиҳанд, барои аз як ҷой ба ҷойи дигар рафтан бо кадом мошин мераванд ва роҳкиро чанд пул меистад, намедонанд.

Аз рӯи ана ҳамин надонистанҳо онҳо луқмаи тайёри миёнаравҳои ҳаромхӯри кирокашҳо мешаванд.

Ман ягон чизро бе далел намегӯям. Чунки он чизеро гап задӣ, бе далел ҷавоб додани он басе мушкил аст.

Як “бригада”-и сохтмончиён дар Павло-Слобедаи Истра кор мекарданд. Як рӯз “прораб”-ашон ба “бригадир”-ашон фармуд, ки “тайёр шавед, ба Лобаново якмоҳа ба кор меравед”. “Бригадир” ҳам дарав ба таксистҳои тоҷик занг зад. Таксист ҳам исту бист накарда ба “бригадир” гуфт:

– Аз ҳар нафар ҳазор рубли русӣ, ин ҳам рӯи хотири худат.

Бедиёнатии ин кирокашро бинед, ки масофаи байни Слобедаву Лобаново аз 2-2.5 км зиёд нест. Он таксисти лаънатӣ аз нодонии ин “бригадир” истифода бурда, чунин нархро гуфтааст. Ҳол он ки агар таксисти рус мешуд, дар ин масофа ҳамагӣ 300 рубл мегирифт, на 4 ҳазор рубл мисли таксистҳои тоҷику ӯзбек. Хулоса, он таксист омада сохтмончиёнро гирифта рафт.

Тасодуфро бинед, ки худи ҳамон рӯз як рафиқам аз Лобаново ба ман занг зада ба зиёфат таклиф намуда буд. Ман саросема нашуда баъди рафтани бачаҳо бо тропинкаҳо (роҳҳои байни ҷангалҳо) пиёда ба роҳ баромадам. Дар андак муддат дар Лобаново расидам. Бегоҳ ки он рафиқам маъракаи калон доштааст, ҳамон “бригада”-и сохтмончиёни нав омадаро низ ба маъракааш даъват намуд. Онҳо маро дар он ҷо дида сахт ҳайрон шуданд. Яке аз бачаҳо савол кард, ки “ Ту бо мошини кӣ омадӣ?”

Ман ҷавоб додам, ки “бо мошини 11-11”. Он вақт пиёдагардҳоро чунин мегуфтанд. Таксисти беномус, ки хислати маро хуб медонист, дар барам нишаста ба ман хушомадҳо мезад.

Бигузор ҳарки чизе хоҳад кардан гирад, чӣ тавре ки мегӯянд “гандум корӣ гандум хоҳӣ гирифт, ҷав корӣ ҷав”.

Хулоса, ман ба писарам таъкид намудам: “коре кун фарзандам, ки мардум аз ту розӣ бошанд.” Шукри Худо Зиёвиддинҷон худ як инсони Худотарс буд. Дар муддати кирокашониаш ба мардум аз рӯи диёнат хизмат карда, сазовори дуои неки мардум гашт. Ман ин гапҳоро аз даҳони худи мардум мешунидам.

Баргмегардем ба давоми қиссаи худ. Бахти Носир хандид. Дар давоми фаъолияти кории хеш бо бисёр нафарон ошноӣ пайдо кард. Ҳамон замонҳо сиёсати бонкии интиқоли маблағҳо фаъол набуд. Аммо Носир ва мисли ӯ корчаллонҳо каналҳои пулфиристӣ доштанд, ки ин ҳам як намуди пулкоркунӣ буд. Ин амали ӯ боиси ситоиш низ ҳаст, зеро чӣ хеле набошад, хизмати халқро мекард. “Ҳам музду ҳам минатдорӣ” гуфтаанд бузургон.

Носир дар андак муддат соҳиби мартабаву обрӯ гашт. Дар сатҳи боло ҳам акнун шиносҳову дӯстони зиёд пайдо кард. Мушкилии бачаҳоро ба ин воситаҳо ҳал мекард. Ӯ акнун чун як лидери тоҷикбачаҳои муҳоҷир дар Росия ба ҳисоб мерафт. Агар ягон мусибат рух занад ва ё кори муҳоҷире дармонад, Носир ҳатман он ҷо ҳозир буд. Барои ба Ватан интиқол додани ҷасади бачаҳои тоҷик ба Тоҷикистон бисёр тагу дав мекард. Умуман мардум аз ӯ розӣ буданд.

Баъдтар ба яке аз ширкатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ба кор даромад. Акнун ӯ метавонист ба муҳоҷирон бештар ёрӣ расонад. Ногуфта намонам, ки дар ҳама ҷо ҳасадхӯрону нокасон бисёранд, ки аз рӯи бухлу кина чӣ амалҳои ноҷавонмардонае намекунанд.

Ана ҳамин нохалафон ба Носир ҳам монеаҳо пеш меоварданд. Ва онҳо то андозае бо хабаркашиашон ба мақсади нопоки худ расиданд, ки Носирро аз Русия депортатсия (ронданд) карданд. Аммо Носир тавонист худро сафед кунад ва боз ба Русия баргашта фаъолияташро давом диҳад.

Ҳар як оғозеро анҷомест”

Вақтҳои охир Носир ҳис мекард, ки чӣ дарде дар вуҷудаш пайдо гаштааст. Иштиҳояш паст, тамоми вуҷудаш месӯзад, хаёл мекунад, ки қувваташ хеле суст гаштааст. Ӯ аввал ба ин дард аҳамият надод. Лек ҳамкорон ба ӯ тавсия доданд, то худро аз назари табибон гузаронад. Носир бошад эътироз мекард: “Ман ҳоло ҷавонам, мегузарад ин маризӣ”. Аммо Носир хато карда буд.

Саломатиаш рӯз ба рӯз бад шудан гирифт. Носир ноилоҷ ба як духтури рус, ки рафиқаш буд, муроҷиат кард. Он табиб, ки хеле духтури ботаҷриба буд, баъди санҷиши анализҳои Носир ҳуш аз сараш парид. Бовариаш намеомад, ки Носир мубталои бемории марговар гаштааст. Духтурони ботаҷриба хеле мардуми бомулоҳиза мешаванд. Табиби шиносаш ба Носир чизе нагуфта, ба клиникаи махсус тавсиянома дод. Дар ин бемористон низ баъди хулосаи ташхис гумони шиноси Носир рост баромад.

Дар ин миён ҳоли саломатии Носир бад шудан гирифт. Ӯ ҳис мекард, ки рӯз ба рӯз ҳаракаташ суст гардида, бемадортар шудааст. Дар ҷойи кораш низ ба хулосае омаданд, ки ба Ватан рафта муфассал табобат гирад. Акнун ёру рафиқон кам-кам худро аз Носир канор мегирифтанд. Дар Ватан ҳам он ҳиммату пешвозгирии боҳашамат набуд. Танҳо як ҷияни раҳмдилаш омада, ӯро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт. Ва баъд чанд муддат ӯро аз як беморхона ба дигараш бурда меовард.

Дар хона бошад фақат модари зор ба Носир муносибати самимӣ дошту халос. Акаву додарон бошанд, гӯё хеле серкоранд, танҳо рӯзи аввал каме наздаш буданду сониян аз қафои кори худ рафтанду фаромӯшаш карданд.

Носир омаданҳои аввалашро аз муҳоҷират ба ёд оварда дарун-дарун месӯхт. Хусусан бародари калонӣ Ҳошим аз ҳама пеш ӯро ба оғӯш гирифта бӯсаборон мекард. Аммо ин сафар танҳо ҷиянаш бо писаракаш ба пешвозаш омаданд. Бародаронаш бошанд танҳо рӯзи дигар ба дидорбиниаш омада, сардакак вохӯрӣ намуда, лаҳзае дар пешаш нишастанду боз баромада рафтанд.

Носир якчанд вақт дар хона истода табобат гирифт. Бар замми он, ки ӯ ба пуррагӣ сиҳат нашуда аст, муомилаву муоширати сарди бародарону хешон ӯро боз ҳам зиёдтар дилмонда карда буданд. Аз ҳамин сабаб як бегоҳ ҳамаи дарди дилашро ба модар гуфта монд:

– Таваккал ба Худо, очаҷон, ман ба Русия меравам.

Модар аз ин қарори Носир сахт ғамгин гашта, ба зорӣ даромада гуфт:

– Охир, бачаҷон, ту бо ин аҳвол ба куҷо меравӣ? Аққалан каме ба худ ой баъд бирав.

Вале Носир боз бо тани пурдарду дили пурармон ба Русия бозгашт. Ба рафтан рафту аҳволаш бадтар шуд. Ин бемории марговар, ба табобатҳои бешумор нигоҳ накарда, ба тамоми аъзои баданаш хуруҷ мекард. Носир дигар илоҷ наёфта боз ба Ватан баргашт. Ин дафъа ҳам ӯро ҳамон ҷиянакаш танҳо пешвоз гирифт. Дар хона бошад боз ҳамон модари дилсӯхта дар бараш буду халос. Муомилаи бародарон бошад боз ҳам сардтар шуда буд. Ӯ фақат ба хотири модар чанд муддат дар хонаашон истод.

Носир ба беқадрии худ месӯхт. “Охир ман ба инҳо чӣ қадарҳо ёриву кӯмак кардаам, пеши Худованд миннат нашавад. Бо мошинҳое ки бо ёрии ман харидаанд ҳатто ба беморхонаи деҳа намебаранд”. Аҳволаш то андозае вазнин гашта буд, ки ба маркази саломатӣ, ки масофааш қариб 1 км буд 1 соат пиёда мерафт.

Дарду сӯзиш дар баданаш зиёдтар гашт. Дилаш қарор намегирифт, ӯ акнун яқин ҳис кард, ки аз бародаронаш ягон бӯи умед нест. Боз ба модар охирин бор дарду алами дилашро расонд.

– Модарҷон, ман меравам. Агар мурдаи ман наояд, худам дигар поямро ба ин хона намегузорам.

Модар баъди ин гапҳо фақат мегиристу мегирист. Ӯ хислати Носирҷонашро нағз медонист. Гаперо ё чизеро, ки мегуфт, албатта иҷро мекард. Илова бар ин муносибати фарзандонашро нисбати Носирҷонаш бо чашмони худ дида буд.

Носир боз ба Русия баргашт. Аз миён чанд муддат гузашту эпидемияи КОВИД-19 сар зад ва маҳдудиятҳо оғоз шуданд. Беморӣ бошад дар тани Носирҷон авҷ мегирифт. Ҳамкоронаш пешомади ногуворро ба ӯ ҳушдор доданд. Гуфтанд, ки “ягона имконияти ба Ватан баргаштан аст.” Аммо ӯ рад кард: “Ҳарчӣ бодо бод, ба тақдир тан медиҳам”.

Носир акнун дар Маскав пурра дар хонааш бистарӣ гашт. Баъзе ёру рафиқон ба аёдаташ меомаданд. Аз се бародари ҳамхунаш касе дар бараш набуд. Охирҳо тамоми баданаш варам кард. Ҳамин тавр дар яке аз ин шабҳо Худованди бузург ҷонашро ситонд. Носир ин дунёи фониву бевафоро тарк гуфт.

Рафиқону кормандони сафорат ҷасади Носирро ба морг (сардхона) бурданд. Хабари шум зуд ба дуриҳо расид. Хешу табор ва бародарон бо маслиҳати пешакӣ марги ӯро аз модар махфӣ нигоҳ доштанд. Ҳамон шабу рӯзҳо, ки айни авҷи КОВИД-19 буд, парвози тайёраҳо байни давлатҳо, аз он ҷумла ба Тоҷикистон қатъ гашта буд.

Аз хабари марги Носир апаву хоҳар ва хешу табор сахт андӯҳгин шуда буданд. Акнун онҳо дастаҷамъона ба хона омада наметавонистанд. Зеро ки бародари калонии Носир – Ҳошим қатъиян маън карда буд.

– Биёед – мегуфт Ҳошим – аммо бе ягон наҳваву нола то модар нафаҳмад.

Аммо қалби модар кайҳо як нохушии калонро ҳис намуда буд. “Чаро Носир вақтҳои охир тамоман занг намезадагӣ шудааст?”

Охир ӯ ягон рӯзро хато намекард, ба дигарон занг назанад, ҳам албатта аз ҳоли модар пурсон мешуд.

– Телефон мекунад, очаҷон, шуморо мепурсад, вақташ каму кораш бисёр – мегуфтанд ба ӯ. Вақтҳои охир Носирҷон тез-тез ба хоби модар медаромад. Бори охир модар хоб дид, ки Носир бо дӯстонаш дар як ҷойе ҳастанд, ки ҳавояш сарду барфин, ба замми ин шамоли сахт мевазад. Аз чӣ бошад барфу шамол якҷоя сару рӯи Носирро печонида гирифтаасту ӯ беҳаракат аст. Рафиқонаш бошанд айнан дар ҳамон барфу ҳамон шамол, вале беосеб ҳаракат доранд. Аммо касе ҷуръати писарашро аз он варта халос карданро надошт. Ҳама талошҳо барои овардани ҷасади Носир ба хонааш бенатиҷа буд. Аз сабаби эпидемияи КОВИД-19 маҳдудиятҳо хеле сахт шуданд. Ба ғайр аз ҳолатҳои фавқулодаи ҳарбӣ дигар ҳатто як қуттии гугирдро бурдану овардан манъ буд, ҳол он ки ин ҷасасди одам аст.

Албатта буданд ҳавобаланду даҳонкалонҳо, ки гӯё тақдири як диёр дар дасти онҳо бошад, ваъдаҳои хушку холӣ медоданд. Ҳол он, ки чунинҳоро ҳатто ба остонаи дари мақомотҳо роҳ намедоданд. Дар Тоҷикистон ҳам вазъият чунин буд. Ҳамон хел даҳонкалонҳо ваъдаҳои бардурӯғ медоданд, ки “ҳамааш ҳал шудагӣ, фалон рӯз албатта меоремаш.” Аммо ҳайҳот, ин ваъдае беш набуд.

Ҳамин тавр ин гиру монҳо қариб як моҳ тӯл кашид. Дар деҳа олимони дину шахсони аз вазъияти кунунӣ воқиф ба чунин хулоса омаданд: Муҳоҷирон як машварате ороста мурдаи Носирро дар Маскав ба хок супоранду дар ин ҷо ба модар ҳамаашро фаҳмонанд. Дигар илоҷ нест.

Аммо бародарӣ калонии Носир – Ҳошим якравӣ мекарду мегуфт:

 – Маслиҳатҳо шудагӣ, рӯзҳои наздик мурдаи додарамро меорем.

Раиси маҳалла, ки шахси хеле босавод буд ва вазъияти ҳамон шабу рӯзро хуб дарк мекард, аз Ҳошим суол кард: “Агар нашавад чӣ?”

– Агар нашавад, ҳамин тоқии охиринамро мефурушаму додарамро меорам.

Директори мактаб, ки ҳузур дошт ва тамоми моҷарои байни Носиру бародаронро медонист, бо истеҳзо худ ба худ гуфт: “Не бародар ту барои додарат шуда ҳатто ҳамин тоқии сафедатро намефурӯшӣ”.

Дар хонаашон бошад вазъият аз ин ҳам вазнин буд. Модар исрор мекард “ба Носирҷон занг занед то овози ширинашро шунавам.” Хонабудагон ҳазору як баҳона пеш меоварданд. Ҳатто бародарон як дафъа машварат карда ба чунин хулоса омаданд, ки яке аз бародарони овозаш ба овози Носир сахт монанд аст, аз дур рафта аз номи Носир бо модар гап занад. Лекин ҷиянаш ба хашм омада гуфт:

– Ин қадар азоби модарро мебинеду боз ӯро зиёдтар ғам доданиед. Қалби оташини модар кайҳо ҳис кардааст, ки Носираш аллакай нест.

Ҳамин тавр аз ҳарду ҷониб пурра умедҳоро канданд. Дар Маскав дар як рӯзи муайян Носирро ба хок супориданд. Дар хона бошад хабари марги Носирро ба модар фаҳмониданд то умедашро канад. Баъди шунидани ин хабари шум, худатон фикр кунед, ки модар ба чӣ ҳол гирифтор шуд. Ҳамин қадар, ки баъди марги Носир қалби модар зиёд бардошт накард. Аз миён муддати зиёде нагузашта модараш ҳам ин оламро тарк намуд.

Қудрати бузурги Аллоҳро бубинед, ки нафаре, ки ба даҳҳову садҳо нафар дасти ёриаш мерасид, худ бечора шуд. Нафаре, ки дар оила маҳбуби хонадон буд, дар охир хору залил ва беқадр гашт. Дар ҷойе, ки хурсандӣ ҳаст мусибат ҳам мешавад, дар ҷойе ки айшу нӯш ҳаст, оқибаташ фалокат бор меорад.

Нафаре ки садҳо ҷасади ҳамшаҳриҳояшро ба Ватан интиқол медод, мурдаи худаш хору залил қариб як моҳ дар сардхонаи Маскав хобид ва касе ҷасадашро ба Ватан интиқол карда натавонист. Ҳама бечора буданд. Дар охир ӯро дар яке аз оромгоҳҳои вилояти Маскав ба хок супурданд. Худаш ғариб буд, мурдааш ҳам ғариб шуд.

 Назарали ШАРИПОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь