Яке аз нишонаҳои пойдории давлат ва миллат ин мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳе, ки дорои қудрат ва имконоти ҳимояи истиқлолияти Ватан, марзу бум ва суботи саросарии кишвар аст, маҳсуб меёбад. Ҳанӯз файласуфи бузурги аврупоӣ Томас Гобсс (1588-1679) таъкид карда буд, ки “нерӯе, ки бояд халқро ҳимоя кунад ин қувваҳои мусаллаҳ аст, қудрати вай дар иттиҳод ва ягонагӣ буда, бояд таҳти фармонравоии як шахс қарор дошта бошад. Ба ҳукумат ва қувваҳои мусаллаҳ танҳо шахси соҳибдавлат метавонад фармон диҳад, зеро ҳадаф аз ин ҳимояи Ватан аст. Новобаста аз он, ки соҳибдавлат қаблан фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ буд ё на, вай дорои қудрати мустақил буда, сарфармондеҳи артиш ба шумор меравад”.

Ин масъала ба хусус дар даврони гузариш аз як низоми давлатдорӣ ба низоми давлатдории дигар аҳмияти бунёди касб менамояд. Мисоли равшани ин инқилоби англис, ҷанги солҳои 1776-1783 дар Америка ба хотири ба даст овардани истиқлолият ва Инқилоби Фаронса шуда метавонанд. Дар робита ба ин раванди таърихӣ дар кишварҳои мазкур масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ё қонунии истифодаи қувваҳои мусаллаҳ ба вуҷуд омада, бояд муносибати онҳо бо давлат муайян карда мешуд. Агар инқилобҳои Англия ва Фаронса сабаби зуҳури диктатураи ҳарбии Оливер Кромвел ва Наполеон Бонопарт гардида бошад, озодихоиҳои амрикоиҳо ба таъсиси низоми сиёсие овард, ки дар он қувваҳои мусаллаҳ таҳти роҳбарии низоми сиёсии давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёд қарор гирифта, дар таърихи башарият падидаи наверо рӯйи кор овард. Аз он давра ба баъд усули таҳти нуфузи қудрати сиёсӣ қарор гирифтани артиш, яке аз рукнҳои бунёдии кишварҳои демократияи муосир гардид.

Яке аз саромадони назарияи ҷанг Карл фон Клаузевитс (1780-1831) дар асари классикии худ “Доир ба ҷанг” он андешаеро, ки чаро сиёсат дар раванди ҷанг бояд таъсири ҳалкунанда дошта бошад, таъкид сохтааст, ки воқеан ҳам ҷанг давоми ҳамон сиёсат аз тариқи усули дигар мебошад. Ба қавли вай “таҳти таъсири ҷанг қарор доштани сиёсат ин ба дараҷаи сафсата расонидани он аст, зеро сиёсат сабаби ҷанг мебошад. Сиёсат худ ақлу хирад ва ҷанг бошад восита ва усул аст. Аз ин рӯ, зарурати воқеӣ дар он зоҳир мегардад, ки назарияи ҷангро бояд таҳти андешаи сиёсӣ қарор дод”.

Бо ибораи дигар усули авлавият доштани сиёсат нисбат ба ҷангро метавон тавассути ақлу андеша асоснок намуд, зеро ҷанг худ ба худ ҳадаф шуда наметавонад, балки вай воситаи сиёсат ба шумор меравад.

Агар ба таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як назар андозем, он низ дар саргаҳи ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ, бархурди андешаҳои мухталиф, раванди ҷанги шаҳрвандӣ, пирӯзии хираду фарҳанг ба ҷаҳолат, сулҳ бар ҷанг арзи вуҷуд намуд, зеро кишвари мо роҳи демократияро пеш гирифт. Ҷангу хунрезӣ зери таъсиру фишори ақлу хирад, сиёсату фарҳанг қарор гирифту аз байн рафт. Ин худ пирӯзии миллати тоҷик ва хиради азалии вай буд.

Ҳамин роҳу равиш ва усули дипломатияи сиёсӣ ва мардумӣ буд, ки Тоҷикистон ба давлати ҳуқуқбунёд табдил ёфт. 18-уми декабри сои 1992 Қарори Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии муттамарказ ва сафарбаркунии нерӯҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ ба мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид. Ба тасвиб расидани ин қарор заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллие, ки бояд таҳти андеша ва қудрати ягонаи сиёсӣ қарор мегирифт, фароҳам овард.

Инак, 32 сол мешавад, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмону таҳкими минбаъдаи давлати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ нақши муҳим мебозанд. Фаъолияту дастовардҳои Артиши миллии мамлакатро дар ин давра метавон натиҷаи пурсамар ва пирузии сиёсати сулҳ бар ҷанг қаламдод кард, ки дар он нақши Сарвари давлатамон беназир ва шоиста аст.

Дар як муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ Қувваҳои мусаллаҳи нерӯманд, ки барои ҳифзи Ватану миллат ба камол расид, имрӯз дар баробари нерӯҳои ҳарбии тамоми давлатҳои ҳамсоя дорои таҷрибаи бою ғанӣ ва бузурги ҷангӣ мебошад.

Дар шароити муосири густариши раванди ҷаҳонишавӣ аҳамияти Қувваҳои мусаллаҳ ба хотири ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии марзу буми Ватан, таъмини амнияти шаҳрвандон ба маротиб афзоиш ёфта, зарурати профессионализм ва ё касбиятро ба вуҷуд овардааст.

Тахассусияти ҳарбӣ ин танҳо имконоти касбии шахси низомӣ набуда, балки ҳувият ва зеҳнияти хоси низомӣ мебошад, ки он худ дарк ва шинохти арзишҳои волои умумиинсониро дар бар мегирад. Тахассуси ҳарбӣ ин худ хидмат ба Ватан ва давлат аст. Артиши миллӣ бояд ҳамчун ниҳоди бузургу нерӯманди сиёсати давлатӣ шинохта шавад. Дар иртибот ба ин Артиши миллӣ бояд дорои касбияти олии низомӣ бошад ва бо ҷомеаи имрӯза дар робитаи мутақобила қарор дошта, мақоми арзанда дошта бошад. Қувваҳои мусаллаҳ имконоти фаровоне дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили саҳм гузоштан дар рушду пешрафти иқтисодиёт, таҳкими авзои сиёсии кишвар ва ғайра низ доранд. Аз нигоҳи мутахассисон чунин дарки нақши қувваҳои мусаллаҳ дар марҳилаи муосири раванди ҷаҳонишавӣ маъно ва моҳияту хусусияти нав пайдо мекунанд.

Ба қавли футурологҳо, яъне ояндашиносон, тағйироте, ки дар даҳ соли оянда ба амал меоянд, ба маротиб зиёд хоҳанд буд. Оянда нишон хоҳад дод, ки ин пешгӯйии футурологҳо то чӣ андоза дақиқ ва дуруст аст, аммо бо итминони комил метавон гуфт, ки тағйироти бузург ва назаррасе дар пеш қарор доранд. Зеро дигаргуниҳои бунёдии иҷтимоию фарҳангӣ, илмию технологӣ ва иттилоотию коммуникатсионӣ, ки дар охири асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХ1 дар ҷаҳон ба амал омаданд, бо сароҳат нишон медиҳанд, ки воситаи муҳимтарини ҳамоҳангсози рушди муосири байни фарҳангҳо ва гуфтугӯйи тамаддунҳо илм ва кашфиётҳои илмӣ мебошанд. Ҳамин раванд аст, ки дар назди олимон ва муҳаққиқони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, масъалаҳои наверо гузоштаанд, ки онҳо аз матн ва муҳтавои проблемаҳои глобалӣ, тамаддуни технологӣ ва тағйирёбии бунёдӣ дар ҷараёни рушду тараққиёти ҷомеаи башарӣ ба вуҷуд омадаанд. Ин даврони зуҳури арзишҳои нав ва саросар пуртаззод дар назди олимон мақсад гузоштааст, то модели дурнамои ташаккули ҷомеаи нав, ки появу бунёди он тамаддуни техногенӣ ва иттилоотӣ мебошад, тарҳрезӣ карда шавад. Ин худ яке аз масъалаҳои меҳварӣ ва стратегие мебошад, ки ҳадаф аз он ҳифз ва солим нигоҳ доштани инсон ва тамаддуни башарӣ, инчунин таъмини амният мебошад. Дар ин самт нақши Қувваҳои Мусаллаҳ хеле бориз буд, зеро ҷанг, ба қавли файласуфи фаронсавӣ Ж.Ж.Руссо “ин муносибати мутақобилаи байни одамон набуда, балки муносибати бевоситаи байни давлатҳо ба ҳисоб меравад ва инсонҳо дар раванди ин ҷанг тасодуфан душмани якдигар мешаванд”. Ҳақ бар ҷониби ин файласуф аст, ки на қавму миллатҳо, балки сиёсатмадорон ва давлатҳо бо ҳам меҷанганд, чунки дар масъалаи ҷанг то имрӯз диди ягона вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амният дар сайёраи мо ҳамеша бо сабаби набудани назарияи воҳид ва ягонаи гузариш ба ҳолати муттасовии қувваҳои мусаллаҳ ба миён омадаанд.

Ҳамин ҳолати ҳузнангез боиси он гаштааст, ки дар ҷаҳони муосир ҷангҳои психологӣ (равонӣ), кибернетикӣ-иттилоотӣ ва ғайра сар зада, ҷомеаи башариро ба ташвиш овардаанд.

Ин низоъҳо ва ҷангҳое, ки дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ сурат мегиранд дорои сабабҳои мухталиф буда, онҳо танҳо тавассути қувва ва бо истифодаи силоҳҳое, ки дар доираи кашфиётҳои илмҳои инноватсионӣ, аз қабили нанотехнология, наноинжинерия, физикаи квантӣ, механикаи квантӣ, конвергенсияи технологӣ, нанофотоника, нанохимия, нанобиотехнология ва ғайра амалӣ мешаванд. Зеро артиш ва Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз фармоишгарони асосии технологияи ҷадид ва кашфиётҳои нави илмӣ мебошанд. Истифодаи ин кашфиётҳо тавассути технологияи нав қувваҳои мусаллаҳро барои беҳтар намудани низоми мухобирот (алоқа) ва навигатсия, эҷоди силоҳи навтарин, тайёраҳо ва киштиҳои зериобии бесарнишин, истифодаи ҳамаҷонибаи роботҳо, зеҳни маснуъӣ ва дигар коркардҳои инноватсионӣ водор месозад.

Қувваҳои Мусаллаҳ технологияи навинро аслан ба мақсади иҷрои вазифаҳои худ, ки тавассути сиёсати ҳарбии давлат муайян карда шудаанд, ҳамаҷониба истифода мебаранд. Артиши миллии имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бидуни техника ва технологияи навин тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ба хотири кӯмак ва дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифаи касбӣ ва ихтисосии кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва хидмати ватанпарастонаи онҳо дар шароити пуртаззоди ҷомеаи башарӣ ва бозиҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ ва геостратегии абарқудратон аз он иборат аст, ки ҳар як институт аз рӯйи тахассуси худ дар ин масъала саҳмгузор бошад. Ҷойи шакку шубҳа нест, ки чунин кашфиётҳо маблағҳои ҳангуфтро талаб менамоянд. Масалан, Россия танҳо дар соли 2023 барои рушди нанотехнология 84 миллиард рубл ҷудо кард. Япония барои коркарди имконоти нави “зеҳни маснуӣ” дар соли 2025 640 миллиард доллар маблағгузорӣ намуд.

Бо сароҳат метавон гуфт, ки истифодаи технологияи пешқадам ва инноватсонӣ дар бахши саноати ҳарбӣ имконият медиҳад, ки силоҳҳои нав ва пурқудрате ихтироъ гарданд, то барои даврони муосир ва таъмини амнияту сулҳ дар фазои кишвар хидмати босазо карда тавонанд.

Дар ин самт бояд олимони насли навро, ки бо номи “насли рақамӣ” ва ё “насли ҳафт экран”, ки бо компютер, ноутбук, планшет, смартфон, соатҳои интелектуалӣ ва ғайра кор доранд, ҷалб намуд, то таҳти роҳбарии олимони кордида барои ҳамгироии бомуваффақият ба бозори муосири меҳнат ва талаботи ҷаҳони муосир дар роҳи пешрафти илми муосири тоҷик хидмат намоянд.

 Абдулвоҳид ШАМОЛОВ,

доктори илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь