Мо феълан дар арафаи ҳодисаи муҳимми сиёсӣ қарор дорем, ки он интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад.
То баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ муҳлати хеле кам боқӣ мондааст ва иттиҳодия ва аҳзоби сиёсӣ саъю талош меварзанд, ки дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ фаъолона ширкат намоянд. Минбар ва майдони тарғибот ва таблиғоти интихоботӣ ба тамоми аҳзоби сиёсӣ ва довталабони курсиҳои парлумонӣ омода аст ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояту шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз фурсати муносиб истифода бурда, бо мардуми минтақаҳо мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ доир менамоянд.
Аз ҷониби дигар, гурӯҳҳои фурсатталаб ва тавтеасоз, ки дар хориҷ аз кишвар худро бешармона “мухолифин”-и Ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, ҳангомасозию иғвопароканиро вусъат бахшида, тавассути расонаҳо, сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба рафти омодагии интихоботи парлумонии кишвар ҳуҷум доранд. Ин гурӯҳ ва ташкилаҳои ғайриқонуние, ки дар хориҷ аз кишвар таҳти пушиши баъзе созмононҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ба хотири халал ворид сохтан ба ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва ҳамчунин аз вуҷуду ҳузури худ дарак додан ҷави сиёсиро ба даст гирифтан мехоҳанд. Ин аст, ки дар арафаи интихоботи парлумонӣ ҳангомасозиву тафриқаандозӣ ва иғвогарию иттиҳомзаниро ҳадафмандона идома медиҳанд. Дар чанд рӯзи ахир СЭ “Гурӯҳи 24”, ТТЭ ҲНИ ва ба ном ПМТ, ки ҳамон созмони ифротии наҳзатӣ аст, раванди барномарезиҳояшонро тақвият медиҳанд. Онҳо тарғиботи зиддимиллии худро ба воситаи расонаҳои манфиатҷӯйи бурунмарзӣ ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилии мустақил, ки қисмати зиёдашон мамнуъ шудаанд, анҷом медиҳанд.
Ин бадхоҳони ҷиноятпеша дар матлабу баёнияҳои худ масъалагузорӣ ва нуктагириҳои бепояеро пиромуни интихоботи дарпешистода ба миён гузошта, нишон додан мехоҳанд, ки гуё Ҳукумати ҷумҳурӣ ба раванди интихобот бо назардошти манофеи худ дахолат карда, барои дар сатҳи зарурӣ ва озодонаву шаффоф баргузор шудани он мусоидат нахоҳад кард.
Бояд таъкид кард, ки баёнияҳои ҳангомаҷӯёнаи наҳзатиҳо ва “Гурӯҳи 24” ба воқеияти рӯзи кишвар ва давлати мо созгор набуда, даъвати тахриботии онҳо аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар мавриди. Интихобот як амали ҷиноятию душманист.
Новобаста аз он ки созмонҳо ва ташкилаҳои муғризи сиёсӣ чӣ мегӯянд ва чӣ мепарокананд, рӯзи дуюми марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ доир мегардад. Тавре ки масъулини Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ иттилоъ додаанд, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи парлумонӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, аҳзоби сиёсӣ ва умуман, мардуми кишвар ба интихобот омодагӣ гирифтаанд. Ҳамчунин барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати раъйдиҳии иддае аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ ва фаъолият мекунанд ва ҳуқуқи овоз доданро доранд, ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Тибқи маълумотҳои расмӣ, барои таъмини шаффофияти раванди интихобот, ба ҷуз намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ҳамчунин даҳҳо гурӯҳҳои коршиносони дохилӣ, нозирони байналмилалӣ ва теъдоди зиёди рӯзноманигорону намояндагони васоити ахбори оммаи дохилу хориҷи кишвар низ ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат карда, дар бораи чигунагии баргузории ин чорабинии сиёсӣ ва сатҳи шаффофияти он изҳори назар хоҳанд кард.
Ҳамчунин, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ иттилоъ дода, аз ҷумла ишора кардааст, ки мушоҳидону нозирони зиёди байналхалқӣ ва намояндагони кишварҳои ҷаҳон дархост барои иштирок дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудаанд, ки ҳамаи онҳо пазируфта шудаанд.
Аммо, новобаста ба омодагии сатҳи зарурӣ террористони наҳзатӣ ва гурӯҳҳои ба он наздик, ки дар хориҷ аз кишвар ба даъвигарию даъвифурӯшӣ машғуланд, алайҳи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қад алам карда, носазогӯйӣ ва иғвопароканӣ мекунанд. Онҳо иддаои беасосу аблаҳона мекунанд. Магар метавон ин навъ иддаоҳои пучу бемаъниро, ки реша дар нотавонбиниҳо ва кинаю адовати ин тудаи бадхоҳ дорад, мунсифона арзёбӣ кард? Афзун бар ин, магар метавон бо ҳузури нозирони байналмилалӣ ва нозирони аҳзоби сиёсиву номзадҳои вакилони МН МО ҶТ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки ҷараёни интихоботро дар тамоми ҳавзаву участкаҳои интихоботии мамлакат назорат мекунанд, ба туҳматпарокании мухолифон бовар кард? Албатта, не. Ин дурӯғбофиҳову ҳангомасозиҳои онҳо ба хотири он аст, ки онҳо мехоҳанд натиҷаҳои интихоботро аз қабл зери шубҳа қарор дода, ба ин тариқ аз назари ҷомеа дур афтодан ва беэътибор шудани худро дар назди мардум ҷуброн кунанд. Ба сухани дигар, онҳо вонамуд кардан мехоҳанд, ки дар миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва маданӣ тарафдорони зиёд доранд, аммо мақомот бо тақаллубкорӣ раъйи ба онҳо додашудаи мардумро аз они худ мекунад.
Муҳимтар аз ҳама, насли миёнсол ва солманди ҷомеаи тоҷик ҳаргиз фаромӯш накардааст, ки оқибати қудратталабии ифротгароёни наҳзатӣ, сиёсисозии дин ва мансабталошиҳои рӯҳониёни худхоҳу беҳувият ибтидои солҳои навадуми садаи бист чӣ бало ва паёмадҳои шуме ба сари мардум овард?!
Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута амал мекунанд, ки барои танзими раванди интихоботӣ ба тасвиб расидаанд ва бар асоси қавонини мавҷуда интихобкунандагон ба ҷонибдории шахсони арзанда ва аҳзоби сиёсии лоиқ овоз медиҳанд. Шаффофияти интихоботро Президент ва қонунҳои марбута кафолат медиҳанд. Мутмаинем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дуюми марти соли ҷорӣ ҳар нафари интихобкунанда ва интихобшаванда дар маъракаи интихоботӣ фаъолона ва озодона ширкат варзида, дар таъйини сарнавишти ниҳоди муассири парлумонӣ саҳми муносиб мегузорад.
Шуҳрат Шамсуддинов,
сиёсатшинос