Раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷапаров шароити танзими марзи Қирғизистону Тоҷикистонро шарҳ дода, дар бораи сарнавишти хонаҳое, ки сокинонашон дар он тарафи марз ба сар мебаранд, суҳбат кард.

Ӯ қайд кард, ки «масъалаи марз амалан ҳалли худро ёфта, айни замон корҳои дуҷонибаи ҳуҷҷатгузорӣ идома доранд». «Пас аз анҷоми ин корҳо аз ҷониби комиссияҳои байниҳукуматӣ ва баъд аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ имзо гузошта мешавад. Пас аз анҷоми ин ҳама расмиёт созишнома аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар ба тасвиб мерасад. Ва танҳо пас аз 1-2 соли дигар корҳои марзӣ анҷом хоҳанд шуд”, – гуфт Ҷапаров дар суҳбат бо хабаргузории “Кабар”.

Вай таъкид кард, ки дар бисёре аз манотиқи марз манотиқи баҳсбарангез вуҷуд доранд. Деҳаҳои наздимарзӣ ҳастанд, ки дар онҳо хонаҳо наздики ҳам ҷойгир шудаанд. Ин масъала тавре ҳал хоҳад шуд, ки агар дар тарафи Қирғизистон хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мавҷуд бошад, онҳоро ҷониби Тоҷикистон кӯч медиҳад.

Ҳамин тавр, сокинони қирғиз низ дар сурати ба қаламрави Тоҷикистон мондани онҳо кӯчонида мешаванд. Барои одамон дар ҷойҳои дигар бо назардошти андозаи замини онҳо хонаҳои нав сохта мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь