Интерфакс бо истинод ба телевизиони NBC News хабар медиҳад, ки президенти ИМА Доналд Трамп фармони таҳияи системаи зиддимушакии «Гунбади оҳанӣ»-ро имзо кардааст.

Ин як навъ системест, ки дар Исроил сохта шудааст ва васеъ истифода мешавад. Трамп ба Пит Ҳегсет, раиси Пентагон, дастур додааст, ки тарҳ ва нақшаи истиқрори системаи нави дифои зиддимушакиро дар тӯли 60 рӯз пешниҳод кунад, хабар медиҳад Коммерсант.

Интизор меравад, ки системаи нави дифои зиддимушакӣ Иёлоти Муттаҳидаро аз мушакҳои баллистикӣ, сареъ ва пешрафта, инчунин дигар таҳдидҳои ҳавоӣ муҳофизат кунад. Лоиҳа таҳияи системаҳои пешрафтаи кайҳонӣ, ки мушакҳои ба самти Иёлоти Муттаҳида партобшударо пайгирӣ мекунанд, дар бар мегирад.

Трамп бар ин назар аст, ки тайи 40 соли охир таҳдиди истифодаи силоҳҳои стратегии насли оянда, аз ҷумла баллистикї, гиперсадої, болдор афзудааст. Барои “бо зӯрӣ ба сулҳ расидан” Иёлоти Муттаҳидаро мебояд “бо истинод ва нигоҳдории сипари зиддимушакии насли оянда” дифои шаҳрвандони худро таъмин кунад ва он ҳамчунин бояд ҳифзи зерсохтори муҳимро аз ҳама гуна ҳамлаҳои хориҷӣ таъмин кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь