Роберт Бриҷер, раиси кумитаи низомии Иттиҳодияи Аврупо, гуфт, дар ҳоле, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, барои харидани ин ҷазира, ки бахше аз Дания аст, иқдом кардааст, зарурати эъзоми нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Гренландия ба миён омадааст.

Вай ба рӯзномаи олмонии Welt am Sonntag гуфт: “На танҳо сарбозони амрикоӣ, чуноне ки то ҳол буд, балки дар оянда истиқрори сарбозони Иттиҳодияи Аврупо низ дар он ҷо ба таври комил одилона хоҳад буд”. Вай гуфт, чунин иқдом “ҳушдорҳои қавӣ хоҳад дод ва метавонад ба субот дар минтақа мусоидат кунад”.

Генерал афзуд, ҳатто агар Гренландия ҳамчун ҳудуди бурунмарзии Дания бахше аз Иттиҳодияи Аврупо набошад ҳам, Аврупо ба мисли ИМА ба далели ашёи хом ва мавқеи стратегӣ ба он таваҷҷуҳ дорад. Чунин иқдом тасмими сиёсиро тақозо мекунад, зеро барои фиристодани нерӯҳо иҷозаи ҳукуматҳои миллӣ лозим аст.

Рӯзи 7-уми январ Трамп гуфт, ки Гренландия бояд ба Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳ шавад. Роҳбари Амрико барои «таъмини бехатарии миллӣ ва озодии тамоми ҷаҳон» зери назорат гирифтани Гренландияро «комилан зарур» номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь