Ватан вайрона аз ёр аст ё ағёр ё ҳарду?!
Мусибат аз мусулмонҳост ё куффор ё ҳарду?!
Ватанро аз хатар фикри вакилон мекунад эмин?
Ва ё сарнайзаи як лашкари ҷаррор ё ҳарду?!
Ба қавли сиёсатшиноси шинохтаю маъруфамон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Гулмаҳмад Зокиров: «дар ҳар давру замон инкишофи ҷомеа, рушду нумӯи раванду ҳаводиси гуногунро тақозо дорад… Дар давлатҳои демократӣ ба чунин раванду ҳодисаҳои муҳим интихобот низ ворид мешавад. Интихобот, ки унсури асосӣ ва зарурии сиёсат аст, дар инкишофи пайвастаи ҷомеа мақом ва нақши фаъол дорад”.
Оре, дар замони муосир интихобот дар ҳаёти ҷамъиятӣ нақши махсус дошта, он ба мисли муҳаррикест, ки пешрафти ҷомеаро таъмин мекунад. Интихобот василаест, ки бо воситаи он таҳкиму такмили сохторҳои ҷамъиятӣ таъмин мегардад. Моҳияту махсусиятҳои интихобот дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар нишон дода шудааст ва дар он омадааст: «Ҳар инсон ҳақ дорад, ки дар идораи корҳои кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад…»
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар соли 2019-ум таъкид шуда буд, ки: «Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».
Оре, то ҷое ҳамагон дар бораи интихобот маълумоте доранд ва хусусан дар ҳамин шабу рӯз, ки муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба охир мерасаду ҳамагон, дар арафаи Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо қарор дошта, тавассути ВАО маводи зарурӣ бештар пешниҳод мешавад. Ва дар ин чорабинии пураҳамияти сиёсӣ аз ҳама муҳим интихоби дурусти вакилон ба ҳисоб меравад.
Вакил… Барои мо аз гузаштаи хеле дур маҳз чунин шахси масъул дар бисёр корҳо муҳим боқӣ монда, вакил ва ё вакилон метавонистанд, ки дар ҳолати пурра ва сарбаландона иҷро кардани вазифаи ба онҳо додаи давлат ва ё халқ, на танҳо маҳбубу ба шахси иззатманде табдил ёбанд, балки илова бар он соҳаеро, самтеро дар сиёсату иқтисодиёт, иҷтимоиёту фарҳанг қавитар созанд ва дар маҷмуъ дар амалӣ шудани ормонҳои миллӣ нақши калидиро иҷро намоянд ва барои комёбиҳои нави Тоҷикистон ҳиссагузор бошанду ин диёрро ободтар созанд ва ваҳдатро қавитар гардонанд.
Эй бародар, ҳастии миллат зи Ваҳдат мешумар,
Зиндагӣ бе хориву зиллат зи Ваҳдат мешумар.
Иллати кишвар парешон гаштани халқаш бувад
Роҳи озодӣ аз ин иллат зи Ваҳдат мешумар.
Дар фарҳангу луғатҳо мехонем, ки вакил он шахсест, ки: «иҷрои коре аз тарафи касе, муассиса ё ҷамъияте ба ӯ супурда шудааст, вакил ин намоянда, гумошта ва фиристода ба ҳисоб рафта, рисолати бузургеро ба ӯҳда дорад». Онҳоро инчунин вакили анҷуман, вакили мӯътамад, ҳайати вакилони ҳукуматӣ; вакили мухтор, ҳатто намояндаи соҳибихтиёри давлати марказӣ дар вилояте, масалан дар солҳои аввали инқилоби Бухоро медонистанд.
Вакил ва ё намоянда бояд шахси кордон, таҷрибадор ва забондоне бошад, ки дар ҳар ҳолат аз ӯҳдаи кор баромада, дар ягон печидагию мушкилот оҷиз намонад. Тавре медонем барои халқи мо аз оғоз вакил шахсеро интихоб мекарданд, ки масъулияти хешро самимона иҷро менамуд. Чуноне дар асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, дар қисмати «Достони Фаридун ва писарони ӯ» омадааст, ки баъди сарнагун кардани Заҳҳоки бадкеш Фаридун дар сари моҳи Меҳр тоҷ ба сар гузошта, подшоҳ шуд. Халқ ӯро ҳамчун сарнагункунандаи шоҳи ситамгар ва озодкунанда аз салтанати бегонагон дониста, сари қудрат омаданашро фоли нек медонистанд. Баъди оиладор шуданаш Фаридун се писар ёфт ва вақте онҳо ба воя расиданду ҳама ҷавонмардони зеби тахту тоҷ шуданд, барои онҳо ҳамсарони муносиб лозим буд. Ана дар ҳамин вақт шоҳ Фаридун аз хизматгорони худ шахси ҳушмандеро бо номи Ҷандал ба сифати вакил интихоб кард, на дигар касро. Зеро Ҷандал ба фармудаи пири Тӯсӣ:
Ки бедордил буду покизамағз,
Забончарбу шоистаи кори нағз!
Яъне, дар симои Ҷандал шоҳ вакили муносиберо пайдо кард ва маҳз ӯ гирди ҷаҳон гашта, аз нажоди меҳтарон се духтареро аз хонадони ҳокими Яман, шоҳ Сарв дарёфт ва корҳоро ба хубӣ анҷом дода, дар имтиҳони ҷиддӣ шоҳзодагонро кӯмак карда, бо шодию хурсандӣ ба Эронзамин баргаштанд. Ҷашни арӯсии бузургу хотирмоне барпо шуд!
Яъне гуфтанист, ки як вакил ҳатто дар сиёсати хориҷӣ метавонад, ки бо комёбӣ кори давлатро ба сомон расонад ва чунин мисолҳо дар гузашта, кам набуда, яке аз манбаи муътамад ва раҳнамои бузург дар ин кор барои мо ҳамоно «Шоҳнома» бо даҳҳо қиссаю достонҳои ибратбахшаш боқӣ мемонад.
Шоҳнома сухан аст, сухани бемаргӣ,
Шоҳнома рӯҳ аст, ба тани бемаргӣ!
Маҳз вакилони ҳақиқӣ, яъне онҳое, ки ба ваъдаҳои қабл аз интихобии хеш вафо карда, дар фикри пешрафти ҷомеа ва ҳал кардани мушкилоти халқ мебошанд, метавонанд дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, бо иҷрои корҳои арзанда бовариҳои зиёдро соҳиб шаванд. Худи рисолати вакил чун қоида пешниҳоди манфиати интихобкунандагонаш ба сохторҳои ҳокимият буда, ҳамчунин вакилон бояд ҳуқуқҳои интихобкунандагонро ҳимоя карда, аз ҷиҳати қонунӣ талабу дархости онҳоро қонеъ гардонанд.
Маъмулан на ҳар шахс метавонад номзадии худро ба вакилӣ пешниҳод намояд ва қариб дар тамоми давлатҳо ҳар касе, ки вакил интихоб мегардаду ин мақоми арзандаро соҳиб мешавад ҳуқуқу имтиёзеро дар сатҳи давлатӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва маҳаллӣ ба даст меорад, масалан ҳуқуқи дахолатнопазирӣ, яъне ҳуқуқи ҳифз аз ҳар гуна таъқибот. Вакил намояндаи мардум буда, аз номи халқ метавонад баромад карда, хостаҳои онҳоро дар пояҳои қонунӣ амалӣ намояд. Ҳамчунин дар навбати худ вакил аз байни омма шахсе мебошад, ки бо сифатҳои ҳамидааш аз аксарият фарқ мекунад. Яъне вакил бояд дорои хусусиятҳои некӯи ҳамидаи футувват, ҷавонмардию ростқавлӣ, мардию мардонагӣ, сухандонию одобу порсоӣ, олиҳимматӣ, дурандешию шуҷоатмандӣ ва инсонгарию инсондӯстӣ бошад. Вакил бояд фарзанди ватандӯсту меҳанпарасти Тоҷикистон бошаду вакил яъне:
Сухангӯю равшандилу покдин,
Ба коре пеш оядаш, пешбин!
Вакилону нобасомониҳо…
Тавре Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар соли 2019-ум ишора карда буданд: «Мо хуб медонем, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид…».
Бале, маҳз дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ мутассифона дар кишвар он айём на сарварони оқилу тавоно рӯйи кор буданд ва на вакилони ватанпараст, ки пеш аз ҳама амнияту оромӣ ва пешрафти Тоҷикистонро ҳимоя кунанд. Ин буд, ки ҳар вакиле, ҳар сарваре, ҳар ҳокиме, ҳар яроқбадасте худро дар ягон гӯшаи кишвари он вақт аллакай пароканда шахси асосӣ дониста, сари минбарҳо баромада, ваъдаҳои подарҳавое, ба зудӣ бунёди давлати пешқадаме, дастархону пурнозу пуре ва дигару дигар ваъдаҳои хомро дода, аслан кори худро, манфиати хешро аз ҳама боло донистаю диёрро зиёдтар ба вартаи ҳалокат бурда, мушкилотро бештар намуданд.
Замона бенизом шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Ҳалолҳо ҳаром шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Хазинаҳо тамом шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Ватан ба коми вом шуд, баҳона чист? Номи халқ!
Хушбахтона абрҳои сиёҳу зоғҳои бадмур диёрро тарк карда, Офтоб боз ба ин кишвар рӯшноӣ бахшиду фарзандони содиқ ва дар ҳақиқат вакилони диловар ба мисли лочину уқобони озодихоҳ парвози баланд намуда, аз ҳалокат моро раҳо карданд.
Дар ин замон лозим аст, ки ҳар як шаҳрванд бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар интихобот иштирок карда, вакилони сазоворро интихоб намоянд. Аз ҷониби дигар вакилонро мебояд, ки боз ҳам хубтар кор карда, бо масъулият рисолати хешро иҷро кунанд, дар амалӣ намудани ваъдаю нақшаҳои додааш бошанд. Фаромӯш накунанд, ки ҳатто мардум-интихобкунандагони як деҳи кӯчаки ҷумҳурӣ, як маҳаллаю ҷамоати на чандон сернуфус аз онҳо умеди калон дошта, бо умед онҳоро интихоб мекунанд ва набояд ноумед шаванд. Нашавад, ки вакиле баъди интихоб шуданаш ҳамаро фаромӯш карда, фақат гоҳ-гоҳе ҳисоботи бардурӯғ диҳаду бештар дар ғами худ бошад. Ғурури беҳудаю худписандӣ вакилонро нашояду пайрави дурӯғгӯю бевафо бояд нашаванд, вагарна ба қавли шоир:
Шайтон зи аҷаб ноқису малъуну тар аст,
Ҳар кас, ки аҷаб кард зи иблис бадтар аст.
Тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда дар кишвар ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилӣ мебошанд, ҳамчунин, шаҳрвандони алоҳида, ки барои соҳиб шудан ба мақоми вакилӣ талош меварзанд, ӯҳдадор ҳастанд, ки фаъолияти худро танҳо дар доираи Конститутсия ва қонунҳои мавҷуда амалӣ намоянд. Аз тарафи дигар ба мақомоти намояндагӣ мардум бояд шахсони ҳушманду вафодор, соҳибмаърифат, пуртаҷриба ва меҳандӯсту поквиҷдонро интихоб кунанд, ки аз онҳо ба ҳама манфиате расад.
Ҳамагон мебинем ва медонем, ки ҳоло дар фазои озоду ободи Тоҷикистон қонунан чанд ҳизб фаъолият дошта, намояндагони худро ба вакилӣ пешниҳод мекунанд. Вале вакил шахсе бояд интихоб шавад, ки аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон бохабар буда, тавонад, ки дар пешравиҳо ҳиссагузор шуда, ҷойгоҳи худро ба сифати вакили воқеӣ дар байни аҳолӣ устувор намояд. Онҳо танҳо бештар ба хотири ободкориву созандагии мамлакат ва барои рушди устувори ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Чун бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 2-юми марти соли 2025 таъин гардидаю интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо ҳуқуқи истисноии интихобкунандагон мебошад, пас боварӣ дорем, ки интихоботи дарпешистода тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гашта, интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб менамоянду дар он мардум дастаҷамъона иштирок карда, вакилони арзандаи хешро интихоб мекунанду комёбиҳои нав дар иттиҳоду ваҳдат дар ин давлати соҳибистиқлол меафзояд.
Сабзаалӣ АСОЗОДА