Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия қарор доранд, бояд дар давоми 3 моҳи оянда вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд ва ё ихтиёрӣ ин кишварро тарк кунанд. Ин барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад?

Дар соли 2024 ҳар шаҳрванди хориҷие, ки ба Русия омадааст, зодаи Тоҷикистон мебошад.

Русия – ин як бозори бузурги меҳнат, ки барои теъдоди зиёди хориҷиён дастрас аст. Мушкили норасоии қувваи корӣ, ки дар Русия ҷой дорад, рушди иқтисодиётро маҳдуд мекунад, аз ин рӯ, ин кишвар ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад. Муҳоҷират ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири мусбӣ мерасонад – ҳудуди 30%-и ММД-и миллӣ аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирон ташаккул меёбад. Барои шаҳрвандони мо Русия имрӯз ҷолибтарин макони муҳоҷирати корӣ маҳсуб меёбад – тибқи маълумотҳои расмӣ, дар ин кишвар 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, вале тибқи баъзе ҳисобҳо, дар Русия ҳудуди 3 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Сабаби чунин зиёд будани тоҷикон дар Русия маълум аст: аввалан, ин робитаҳои деринаи таърихии байни халқҳои мо, ки ҳанӯз аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ташаккул ёфтаанд. Кишварҳои мо дар фазои ягонаи иттилоотӣ зиндагӣ мекунанд, ҳувияти мардуми Русия ва тоҷикон дорои арзишҳо ва анъанаҳои фарҳангии якхела мебошад, илова бар ин, монеаи забонӣ қариб вуҷуд надорад (хеле кам аст), зеро аксари шаҳрвандони Тоҷикистон забони русиро медонанд.

Сониян, шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти шароити мусоид Русияро ҳамчун бозори меҳнат интихоб мекунанд: муҳоҷирони тоҷик баробари сокинони маҳаллӣ ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии якхела доранд, инчунин аз имтиёзу бартариҳое, ки барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешбинӣ шудаанд, бархӯрдор ҳастанд, гарчанде ки Тоҷикистон узви ин иттиҳод нест.

Вале кушода будани Русия барои нерӯи кории хориҷӣ ба амнияти кишвар хатар эҷод мекунад, зеро дар ҷараёни муҳоҷирони боинсоф як қисми муайяни унсурҳои ҷиноӣ ва ҳатто радикалиро дар бар мегирад. Ин мушкил махсусан пас аз ҳамлаи террористие, ки моҳи марти соли 2024 дар Крокус Сити Холл дар наздикии Маскав ба амал омад, аён гашт. Маълум гардид, ки иҷрокунандагон ва шахсони дар ин ҳамлаи террористӣ дастдошта, зодаи Тоҷикистонанд. Албатта, ин мақомоти Русияро водор кард, ки сиёсати муҳоҷиратии худро аз лиҳози пурзӯр кардани назорат аз нав дида барояд.

Меъёрҳои асосии будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия: пешниҳоди маълумоти биометрӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштан, шаҳодатномаи супурдани имтиҳон аз забон, таърих ва фарҳанги русӣ ва қарз надоштан.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов мегӯяд, “Русия раванди такмилдиҳии низоми бақайдгирӣ ва танзими будубоши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави худ идома медиҳад. Аз 1 январи соли 2025 фармони президенти Федератсияи Русия эътибор пайдо кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки маълумот дар бораи онҳо бояд ба феҳристи шахсони таҳти назорат қарордошта дохил карда шавад, бояд Русияро тарк кунанд, ё ин ки то 30 апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро дар кишвар ба танзим дароранд. Ин маънои онро дорад, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Федератсияи Русия қарор доранд, бояд аз як қатор расмиёт гузаранд, ин ба онҳо имкон медиҳад, ки мақоми қонунӣ ва расмии иқомат дар Русияро ба даст оранд.

Дар охири соли 2024 дар Федератсияи Русия қонуне қабул карда шуд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷии  бидуни раводид ба Русия воридшуда  метавонанд дар ин кишвар дар давоми як сол ҳамагӣ 90 рӯз будубош кунанд – ин ҳатто ба онҳое, ки ба меҳмонӣ ё бо мақсади сайёҳӣ ба ин кишвар меоянд, тааллуқ дорад. Онҳое, ки барои таҳсил ба Русия мераванд, дар худи донишгоҳҳо ба қайд гирифта мешаванд ва ҷавонон бидуни ягон мушкилот дар Русия иқомат ва таҳсил карда метавонанд.

Аз 30 июни соли 2025 то 30 июни соли 2026 барои ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки ба Русия ворид мешавад, профили рақамӣ тартиб дода мешавад – он ба як қатор низомҳои давлатӣ ворид карда шуда, барои муҳоҷирон дастрасӣ ба хидматрасониҳои гуногунро осон мегардонад.

То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳангоми сафар кардан ба Русия, бидуни қайдкунӣ ҳуқуқи то 15 рӯз будубош кардан дар ин кишварро доштанд. Аксар вақт ин ҳолат барои муҳоҷироне, ки натавонистанд сари вақт худро сабти ном кунанд, монеа мешуд: онҳо барои ҳалли ин мушкилот маҷбур мешуданд, ки ба миёнаравҳо  муроҷиат кунанд, вале дар асл ин як расмиёту ҳуҷҷаткунии сохтакорона (қалбакӣ) мебошад, ва шаҳрвандони мо худ бехабар қонунро нақз мекарданд, ин сабаби ихроҷ шудан аз Федератсияи Русия гардид.

Қарори нав маҳз ба танзими  ин мушкилот, ичунин фароҳам овардани имконият ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дидаву дониста ё бехабар қонунгузории Русияро нақз карданд,  барои ислоҳи вазъият ва танзими вазъи ҳуқуқии онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия равона карда шудааст. Барои ин то 30 апрели соли 2025 мӯҳлат дода шудааст».

Шаҳрванди Тоҷикистон барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия бояд чӣ кор кунад?

Коршинос Фаридун Усмонов тавзеҳ медиҳад: “Шаҳрвандони Тоҷикистон ба монанди шаҳрвандони дигар кишварҳо барои дар қаламрави Федератсияи Русия бидуни раводид иқомат кардан бояд аз як қатор расмиёт гузаранд. Аввалан, бояд маълумотҳои биометрии худро пешниҳод кунанд (сурат ва изи ангушт), ё ин ки аз  ташхиси биометрӣ гузаранд. Ин барои дар оянда омода кардани профили рақамии ҳар як шаҳрванди хориҷӣ зарур аст.

Дигар ин, ки шаҳрванди хориҷӣ барои муайян кардани як қатор бемориҳо бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад. Ин барои муайян кардани вазъи саломатии шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар қаламрави Федератсияи Русия кору зиндагӣ кунад, муҳим аст. Ин корро пеш аз додани дархост барои танзими вазъи ҳуқуқии худ анҷом додан муҳим аст.

Тирамоҳи соли 2024 дар минтақаҳои кишвар курсҳои мутобиқсозӣ барои муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ оғоз ёфт: дар давоми як лексия, ки 70 дақиқа давом карда, аз 11 навори аниматсионӣ иборат аст, қаҳрамон Тимур (ки 10 сол инҷониб дар Русия иқомат мекунад) дар бораи асосҳои қонунгузории Русия ва қоидаҳои рафтор дар ҷамъият нақл мекунад.

Чизи дигари муҳим – ин пешниҳоди санадҳои тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, донистани таърих ва асосҳои қонунгузории Русия дар сатҳи зарурӣ мебошад. Масъалаи донистани забони русӣ дар байни муҳоҷирон – яке аз масъалаҳои муҳим мебошад, тайи чанд соли охир онҳоро барои надонистани забони русӣ интиқод мекунанд ва ин боиси норозигии сокинони маҳаллӣ шудааст, зеро коргарони хориҷӣ аксар вақт бо сабаби надонистани забон ва муошират карда натавонистан бо мизоҷон сифати хизматрасониро дар сатҳи зарурӣ пешниҳод карда наметавонанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки барои будубоши фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия маҳдудият ҷорӣ карда шудааст – дар сурати надонистани забони русӣ қабули онҳо ба мактабҳо мушкил мешавад.

Воқеан, донистани забони русӣ ҳам барои худи муҳоҷирон ва ҳам барои аҳли хонаводаи онҳо ҳатмӣ гардида истодааст. Аз ин рӯ, ҳукумати мо бояд имрӯз ба ин масъала бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Аммо, бояд гуфт, ки сарвари давлатамон борҳо дар бораи зарурияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони кишварамон таъкид намуда, бахусус ба муҳим будани омӯзиши забони русӣ ишора кардааст. Кор то ҷое расид, ки Президенти кишварамон дастур доданд, ки барои кормандони мақомотҳои маҳаллии минтақаҳои кишвар курсҳои забони русӣ ташкил карда шавад. Дар кишвари мо ба омӯзиши забони русӣ талаботи калон вуҷуд дорад ва ман боварӣ дорам, ки дар солҳои наздик ин талабот торафт меафзояд, бинобар ин, бояд аз худи ҳозир тамоми саъю кӯшишҳоямонро ба харҷ дода, дар ин самт корбарӣ кунем.

Як иқдоми дигари зарурӣ барои муҳоҷирони корӣ дар Русия – пардохти  ихтиёрии қарзҳои мавҷуда аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ва тибқи қонунгузории Русия мебошад. Муҳоҷирон бояд тамоми қарзҳои худро то пешниҳоди ариза барои танзими вазъи ҳуқуқии худ пардохт намоянд, зеро мавҷудияти қарз барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонад сабаби манъи будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ва қабули қарор дар бораи ихроҷ аз кишвар гардад.

Инчунин барои муҳоҷирони меҳнатӣ ҳалли масъалаҳои бо шуғл (пайдо кардани кор) вобастабуда низ муҳим аст, яъне барои пайдо кардани имконият барои фаъолияти меҳнатӣ ва гирифтани патент бояд бо корфармо шартномаи меҳнатӣ банданд. Ёдовар мешавам, ки барои анҷоми тамоми расмиёти зарурӣ 3 моҳ боқӣ мондааст ва ин як муддати хеле кӯтоҳ аст, аз ин рӯ муҳоҷирон бояд аз худи ҳозир ин корҳоро анҷом диҳанд. Маълум аст, ки дар оянда теъдоди санҷишҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдор торафт зиёд шуда, нисбати муҳоҷироне, ки вазъи ҳуқуқии худро дар Русия ба танзим наоварданд, андешидани чораҳои зарурӣ ва ҳатто ихроҷкунӣ оғоз мегардад, ки эҳтимоли зиёд аз ҳисоби худи муҳоҷир сурат мегирад».

«Агар мо ба кишвари дигар барои кор равем, бояд қонунҳои ин кишварро риоя кунем, фарҳанг ва анъанаҳои маҳаллиро эҳтиром кунем, забонро дар сатҳи барои анҷом додани фаъолияти корӣ зарурӣ донем, маълумот ва тахассуси мувофиқ дошта бошем, пас аз ворид шудан ба қаламрави ин кишвар дар мӯҳлати кӯтоҳтарин вазъи ҳуқуқии худро бо роҳи қонунӣ ба танзим дарорем» – коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Тавре коршинос қайд мекунад, ин муқаррарот барои ба низом даровардани тамоми расмиёти бо муҳоҷирони корӣ вобастабуда равона карда шудааст ва бояд ба талаботҳои ҷомеаи Русия ҷавобгӯ бошад.

«Ин чораҳо барои беҳтар ва хубтар ташкил кардани тартиби қайди шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Русия мусоидат мекунанд. Маълум аст, ки аз нуқтаи  назари шаҳрвандони мо, аз як тараф, ин ташвишҳо, вақт ва пули зиёдатӣ талаб мекунад, вале аз тарафи дигар, ин имконияти гирифтани мақоми ҳуқуқӣ ҳатто дар ҳолати қаблан вайрон кардани қонунгузории муҳоҷиратӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мебошад. Инро метавон ҳамчун авф барои муҳоҷирони корӣ арзёбӣ кард, аммо бояд дарк кард, ки ин тартиб ҳамасола такрор намешавад. Шаҳрвандони мо бояд дарк кунанд, ки дар қаламрави давлати дигар қоидаву талаботҳои дигар амал мекунанд. Риояи тамоми шартҳо ба шаҳрвандони мо имконият медиҳад, ки дар Русия фаъолияти меҳнатӣ бурда, барои таъмини зиндагии худ ва аҳли оилаи худ пул кор кунанд, ва бо ин ба пешрафти иқтисодиёти кишварамон мусоидат кунанд, аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки муҳоҷирони тоҷик сари вақт аз расмиёти зарурӣ гузашта, тибқи муқаррароти фармони нави президенти Федератсияи Русия амал  кунанд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь