Дар сохтори кунунии ҷаҳонӣ, ки талош барои тавозуни қувваҳо дар сатҳи байналмилалӣ башиддат ҷараён дорад, Амрико, руқабои ҷиддие дорад, ки дар як меҳвари нохоста, барои тавозуни қувваҳо дар баробари ин кишвар қарор гирифта ва талош мекунанд назми амрикоиро ба самти матлуби хеш савқ диҳанд. Аз ин ҷост, ки мегӯям, меҳвари Шарқ дар талош аст то рақибе шавад дар баробари Амрико. Ин меҳвар шомили кишварҳои Чин, Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ мешавад ва дар як талоши ҳамоҳанг ва созмондеҳишуда барои тазъифи назми ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико ҳастанд. Аммо набояд ин талошҳоро дар қолаби тафаккури тағйири низоми байналмилал талаққӣ кард. Баин талошҳо, ки умдатан аз ҷониби Чину Русия думбол мешавад, бар мабнои имтиёзгирӣ, истифода аз ниҳодҳои либерал ва талош барои густариши нуфуз сурат мегирад. Тавре ки ҳарду қудрати осиёӣ талош доранд то бидуни таҳаммули ҳазинаҳои иқтисодӣ ва амниятӣ, аҳдофи роҳбурдии худро ба даст оваранд.

Вақте аз талошҳои ҳамоҳанги Чин, Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ, ки ҳама дар як масир ба хостҳое, ки бунмояи тафаккури амрикоӣ доранд, таваҷҷуҳ кунем, дармеёбем, ки ин заъф, худбузургбинӣ ва зиёдаталабиҳои Амрико буд, ки натавонист пас аз фурӯрехти низоми дуқутбӣ, ин кишварҳоро дар сохтори амрикоимеҳвар дар низоми байналмилал ҷазб кунад. Ба беэътиноӣ ва бузургманишӣ ба хостҳои ҳаётии онҳо дасти рад зад ва заминаро барои ташкили чунин меҳваре фароҳам овард.

Ба ин манзур агар ибтидо Чинро дар назар гирем, ин кишвар бузургтарин чолиши баландмуддат барои манофеъи Иёлоти Муттаҳида аст ва Амрико ниёз ба сармоягузории ҷиддӣ дорад то битавонад фаъолиятҳои зиёдаталабонаи иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии ин кишварро маҳор кунад ва аз таҷассуми воқеии он дар майдони рақобат дар арсаи байналмилал, ҷилавгирӣ кунад.

Ҳоло, ки дер шуда ва замони бештаре аз даст рафтааст, Амрико дар талош аст то ибтидо ин иттиҳоди нимбанди Шарқро дар баробари гегемонияи амрикоӣ, аз байн бибарад. Ин рӯйкард ба асоси стратегияи эҷоди шикоф дар иттиҳод миёни қудратҳои шарқӣ, бештар намудор пайдо мекунад. Аммо ба назар мерасад, ки Амрико масири иштибоҳро мепаймояд. Авлавиятбахшӣ ба Чин ба қимати чашмпӯшӣ аз Украина иштибоҳ аст; Пирӯзии Русия таҳдидоти ҷаҳониро ташдид мекунад. Амрико ба ин тафаккур аст, ки метавон бо музокира ва ҷӯромад, Русияро аз канори Чин дур сохт ва бо итминон аз нигоҳи русҳо дар қиболи масоили ҷаҳонӣ ва мавқеияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба роҳатӣ думболи Чин рафт. Аммо русҳо фаротар аз Украинаро дар зеҳн доранд, ки ба содагӣ қобили музокира нест. Русҳо мардумони ғайри қобили санҷише ҳастанд. Аз кӯчактарин мавқеият ва фурсат барои зиёдахоҳӣ истифода мекунанд. Дар гузашта ҳам собит шудааст, ки рӯйкарди музокира ва тафоҳум бо Русия, натоиҷи хубе надоштааст. Иқдомоти заифи Обама дар қиболи таҷовузоти Русия дар Гурҷистону Украина, Путинро ҷасуртар кард. Ҳоло бо тасбити мавқеияти русҳо дар низоъи Украина кишварҳои Балтика дар маърази таҳдиди бузург қарор хоҳанд гирифт.

Ба ин асос, мавқеияти Амрико бамаротиб шиканандатар, заифтар ва пур аз чолиш аст. Трамп дар даври дувумми раёсатиҷумҳуриаш ҷаҳони бамаротиб хасмонатар аз гузаштаро ба ирс хоҳад бурд. Он тавре ки вай изъон мекунад, ки метавонад ба содагӣ масъалаи Украинаро ҳал кунад ва ба низоъи Ғарбу Шарқ дар ин кишвар поён диҳад, ба он мизон ин кор содда нест. Ҳанӯз чолишҳои ҷиддие ҳаммонанди Русия, Эрон, Чин, БРИКС, издиёди конунҳои низоъ дар чанд қора, ҳамзамон ин кишварро даргири як дипломатияи фарсоишӣ ва душворе сохтааст. Дар ин миён, маълум мешавад, ки сиёсатҳои давлати Байден бар мабнои таомулу созиш, заъфи Амрикоро намоён кардааст. Ҳоло Трамп бо маддиназардошти шикасту рехтҳои ҷомеаи Амрико, сайри нузулии қудрату гегемонияи он, талош дорад то ибтидо дар сохтори зиддиамрикоӣ дар Шарқ шикофе эҷод кунад ва баъдан бо истифода аз шикофи мавҷуд, халои нуфузи аз даст рафтаи худро пур намояд. Аз тараф дигар, қудратҳои таҷдиди назарталаб, монанди Чин, Русия, Эрон ва сохторҳои зиддиамрикоӣ дар чаҳор қора – Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё, аз ақибнишинии Амрико нерӯ мегиранд ва барои гегемонияи ҷаҳонӣ талош мекунанд. Аммо бисёр душвор аст то қабул кунем, ки ба ин зудиҳо Амрико дигар қудрате дар арсаи низоми байналмилал нест. Аммо заъфи мавҷуд дар наҳваи эъмоли хостҳои гегемонӣ ва шавоҳиди майдонӣ нишон аз уфули қудрате дорад, ки бист соли қабл дошт.

Бо он ҳам ба қудрат расидани Трамп барои Амрикои ҷадид паёме дорад. Барои Амрикои таҳти раҳбарии Трамп ва ба асоси андешаҳои тими вай, ибтидо Амрико бо манофеъаш, ки барои ҳифзи ҷойгоҳи он дар арсаи низоми байналмилал кӯмак кунад, бояд мадди назар гирифта шавад, баъдан муттаҳидоне, ки бори масъулиятҳои амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро худ ба дӯш бикашанд ва баъдан дунёе, ки барои Амрико, ҳадди ақал 10 сол қабл ҳоизи аҳамият буд. Зеро амрикоиҳо ба хубӣ медонанд, ки бо андак ғафлат ва ё идомаи масири иштибоҳи сиёсатҳои демократҳо дар давраи Байден, Обама ва Клинтон, бо маддиназардошти тағйир дар моҳияти тавзеъи қудрат, тавонмандиҳои қудратҳои рақиб ва эҷоди фазои амрикоситезӣ ин кишвар ба содагӣ қодир нахоҳад буд то ҷойгоҳи аз даст рафтаашро дубора эҳё кунад.

Ба ин асос тавсияи стратегистҳои амрикоӣ ба идораи ҷадиди Амрико ин аст, ки Иёлоти Муттаҳида набояд аз рақобат дар Аврупо, Осиё ё Ховари Миёна ғофил шавад, зеро душманони Амрико халоҳои ношӣ аз заъфи мудирияти Амрико дар умури ҷаҳониро басуръат пур хоҳанд кард. Аммо барои Трамп, ки идеяҳои ғайримутаорифе дар сар дорад, ин масоил ҳанӯз натавониста аҳамияти дубора пайдо кунад. Бахше аз ин паёми стратегистҳои амрикоӣ барои ҳифзу густариши қудрати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин аст, ки Амрико бояд технологияҳои дифоъии худро бо муттаҳидонаш ба иштирок бигузорад то тавонмандиҳои муштарак тақвият шавад. Ин яъне, тақвияти ҳисси ҳамгироии сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодӣ ва қивоми девори дифоъии Амрико ва муттаҳидонаш дар баробари хостҳои зиёдаталбона ва мамлув аз уқдаҳои таърихии Шарқи таҳаввулталаб.

Аммо барои Трамп қудрати Амрико танҳо дар дастони худи амрикоиҳо арзиш ва мафҳум хоҳад дошт. Трамп ба мушорикати стратегӣ ҳеҷ арзише қоил нест ва ин мафҳумро аз назари замонӣ ва ниёзҳои фаврии Амрико дар ҷаҳон фоқиди аҳамияти фаврӣ медонад. Вай бо хислати мунҳасир ба фарде, ки дорад, дар ҳар муомила суди аксарӣ металабад. Ин рӯйкард барои Амрико, дунёи либерали Ғарб, паймони НАТО ва мафҳуми иттиҳоди стратегии Амрико бо ҳампаймононаш, ба мафҳуми тағйири моҳияти иттиҳоди Ғарб дар баробари Шарқ аст.

Ҳамчунон таҳлилгарони амрикоӣ, ки дар арсаи моҳияти иттиҳоди роҳбурдии Амрикову НАТО пажӯҳишҳое анҷом медиҳанд, ба ин назаранд, ки Трамп бояд фарояндҳои хариди аслиҳаро тавассути муттаҳидонаш соддасозӣ кунад ва захоири бештаре барои содироти он ба ин муттаҳидонаш эҷод кунад. Дидгоҳҳои инзивогароёна дар мавриди ҳазинаҳои низомӣ иштибоҳ ҳастанд ва аҳамияти бартарии низомии Амрикоро коҳиш медиҳанд. Дар ҳоле ки Трамп бо диди инзивогароёна ва бо канор гузоштани рӯйкарди либерали ниҳодигароӣ дар қолаби доктринаи сулҳи амрикоӣ дар масири мутафовите равон аст.

Бо ин ҳол, он тавре ки ин заъфи бунёдӣ дар тарзи тафаккури Амрикои таҳти раҳбарии Трамп мушоҳида мешавад, руқабои Амрико, монанди Чину Русия бо дарки ин тафаккури Трамп ва заъфи Амрико дар мудирияти масоили ҷаҳонӣ, дар ҳоли сармоягузорӣ дар қобилиятҳои номутақорин барои муқобила бо бартарии низомии Иёлоти Муттаҳида ҳастанд. Талоши ҳарду қудрати осиёӣ барои дар амон мондан аз зиёдаталабиҳоест, ки Амрико ба таври суннатӣ ба он хӯ гирифтааст. Ин ду қудрати осиёӣ ба ин масъала нигоҳе роҳбурдӣ ва дурандешона доранд, ки агар Амрико аз муттаҳидони худ дар Ховари Миёна даст бикашад, дар ниҳоят ба нафъи Чину Русия хоҳад буд ва ин дарвоқеъ ба маънои бурди стратегӣ барои ин қудратҳо ҳисоб хоҳад шуд.

Бар илова, бо афзоиши нуфузи Чину Русия дар ин манотиқ барои ҳифз иттиҳод бо муттаҳидони суннатии Амрико дар Ховари Миёна ва соири нуқоти дигари ҷаҳон, ки баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, ба як сиёсати расмии давлати Амрико мубаддал шудааст, рангу хислати дигаре мегирад. Бо ин ҳама, ҳанӯз ҳам ба дурустӣ маълум нест, ки Амрикои таҳти раҳбарии Трамп, чӣ масир ва сиёсатеро дар баробари ин муттаҳидон дар пеш хоҳад гирифт. Оё сиёсати ҳифзи иттиҳод бо онҳо камокон дар дастури кор қарор хоҳад дошт ва ё ин ки ҳамонанди фарзияи дувум, ин муттаҳидони Амрико ба домани Русияву Чин хоҳанд афтид?

Руқабои Амрико ин масъаларо ба дурустӣ медонанд, ки Трамп аз саховати давлатҳои пешини Амрико дар баробари муттаҳидонаш башиддат мутанаффир аст. Аммо Трамп тасмим дорад то ин тарҳро иҷроӣ бисозад, ки Амрико барои ҳифзи ҷойгоҳаш ҳар кори мумкинеро анҷом хоҳад дод. Ба ин манзур, он чӣ, ки аз вазъият маълум мешавад, ин аст, ки Амрико таҳти раҳбарии Трамп барои ҳифзи бартарии низомии Иёлоти Муттаҳида бояд ба стратегияҳои баландмуддат ва сармоягузориҳои бештар дар заминаи дифоъӣ мутааҳҳид бошад. Чизе, ки Трамп аз оғози кораш минҳайси раисҷумҳури Амрико ба он тааҳҳуди халалнопазире нишон додааст. Иқдомоти ғайримутадовили Трамп дар баробари будҷаҳои кӯмакии Амрико дар берун аз марзҳои ин кишвар нишон аз ин дорад, ки Иёлоти Муттаҳида ниёз ба бозсозии авлавиятҳои молӣ дорад то аз ҳазинаҳои ғайризарурӣ ҷилавгирӣ ва будҷаи дифоъиро тақвият кунад. Зеро Амрико медонад, ки ҳазинаҳои дифоъи Амрико кофӣ нест ва бояд ба таври қобили таваҷҷӯҳе афзоиш ёбад то бо таҳдидоти ҷаҳонӣ муқобила кунад.

Барои Амрикои Трамп Чин муҳимтарин ва ҷиддитарин таҳдид аст. Эъломи ҷанги тиҷорӣ бо Чин бо вазъи таърифаҳои газоф бар содироти чинӣ нишон медиҳад, ки Трамп бояд тарҳҳои бадилеро барои ҷойгузинии масири тиҷорат бо шарикони тиҷориаш ёфта бошад. Аз тарафи дигар, масъалаи рақобатҳои таслиҳотӣ, низомӣ ва дифоъӣ миёни Амрико ва Чин як масъалаи ҷиддӣ аст.

Чин солона 711 миллиард доллар барои тақвияти артиши худ ҳазина мекунад ва дар ҳоле, ки Амрико бо коҳиши будҷаи низомӣ мувоҷеҳ аст, Чин ҳамчунон дар ҳоли афзоиши ҳазинаҳои низомӣ аст. Ҳаҷми афзоиши сармоягузориҳои Чин бар нерӯҳои низомиаш дар муқоиса бо талошҳои Амрико дар ин арса хелеҳо дурушт аст. Чин бо иноят аз пешрафти фановарӣ, ҳуши маснуӣ ва абзорҳои ҷангиву низомии электроникӣ ва кампютерӣ, дар талош аст то дар рақобати оянда ва бо маддиназардошти шикасти Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар мусобиқоти низомӣ ва таслиҳотӣ бо Амрико барандаи ин рақобатҳо бошад.

Дар айни замон дастовардҳои Путин дар шарқи Аврупо ва эҷоди чолишҳо дар аксари нуқоти ҷаҳон дар баробари гегемонияи суннатии Амрико нишон медиҳад, ки замони сиёсату дипломатия бо рӯйкардҳои нуфузи нарм ва эҷоди занҷираи гегемонии амрикоӣ бояд ба охири хат расида бошад. Мумкин дар ояндаи наздик ҷои онро мусобиқоти таслиҳотӣ ва истифода аз қудрати сахт дар баробари афзунталабиҳои Амрико бигирад. Ба ин лиҳоз ниёз аст то дар рӯйкардҳои низомӣ ва чашмандози бузурги амниятиаш таҳаввулеро таҷриба кунад. Дар ин арса Амрико ба нерӯи низомӣ ниёз дорад, ки тавони муқобила бо таҳдидоти ҳамоҳанг ва мутааддидро дошта бошад. Таҳдидоте аз ҷумла амнияти сайберӣ гирифта то мусобиқоти таслиҳотӣ, аз иқтисод ва талош барои эҷод занҷираи гегемонӣ то пиёдасозии идеяҳои амрикоӣ.

Қудратҳои осиёӣ тамоми ин мавзуъотро ба дурустӣ медонанд ва аз заъфҳои Амрико дар ташхиси ин таҳдидҳо, эҷоди занҷираи тасмимгирӣ, ки ношӣ аз системи бюрократии он аст, огоҳ ҳастанд. Дар ҳоле ки фароянди тасмимгирӣ дар Осиё бисёр мутафовиту содда аст ва ниёз ба замони зиёд надорад. Русияву Чин бо вуҷуди ихтилофоти асосӣ дар наҳваи тафаккури идеологӣ нисбат ба ҷаҳони пасоамрико доду ситади иқтисодӣ бо дунёи Ғарб рақобати номаръие дар соири қораҳое, ки дар гузашта тасаллути Амрико ба он машҳуд буд, боз ҳам дар муқобила бо Амрикои эҳёшуда тафоҳум ва мушорикати роҳбурдӣ доранд. Аммо мушкил аз куҷо маншаъ мегирад, ки ин ду қудрати осиёӣ то ҳанӯз натавонистаанд то идеологияи бадили Амрикоиро ба муаррифи гиранд? Биноан талошҳои онҳо дар арсаи рақобат дар низоми байналмилал ва муқобила бо амрикогароӣ, кадом ҳадафи роҳбурдиро нишон нагирифта ва чандон машҳуд нест.

Чин бо такя ба қавоиди либерал, бозори озод ва тиҷорату иқтисод барои судҳои бузурги молӣ, ҳеҷ гуна тамоюле барои тақобул бо Амрико намебинад. Ба моҳияти аслии роҳбурди чинӣ дар муқобила бо амрикогароӣ эҷоди пули тафоҳум ва рӯидастгирии гузораҳоест, ки битавонад манфиати иқтисодии Чинро дар канори Амрико бидуни низоъ ва кашмакаш, тазмин кунад.

Бо ин ҳол, меҳвари Шарқ ва Амрико ба имзои мафоди конфронси Ялта барои бори дигар ниёз доранд то кашмакашҳои ҷориро ба гунаи мусолиматомез ҳал намоянд. Ин ҳадди ақал сулҳомез роҳ барои рафъи ибҳом ва сардаргумӣ дар масири таҳлили анархизми ҷории байналмилалӣ дар ҷиҳати савқи он ба ҷаҳони пасоқутбӣ аст. Дида шавад, ки қудратҳои осиёӣ ва Амрикову муттаҳидонаш кадом масирро барои ҳаллу фасли ин буҳрони ҳодди байналмилалӣ, интихоб хоҳанд кард?

Абдуносир НУРЗОД,

пажӯҳишгари амнияту геополитика

Сангар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь