Дирӯз буд. Аз гардиш ва варзиши пагоҳӣ баргашта, чашмам ба гӯшии телефони ҳамроҳ уфтод, ки занг хӯрда дар соъати 07:38. Наздикии саоъатҳои даҳ гӯширо ба даст гирифта, мутаваҷҷеҳ шудам, ки духтари писархолаам занг задааст. Нигарон шудам. Зеро медонистам, ки ҳар гоҳ агар агар дар зиндагиаш иттифоқе биуфтад: хоҳ говаш зоида ё ҳамсояаш даъвое карда ва ё ягон нафар аз пушти хонаи иқоматиаш гузашта, ҳарфе паст ё баланде гуфта ва ё писарашро барои хидмати сарбозӣ хостаанд “облава” кунанд (иттифоқан имсол дар 02.02.2023 ҳамин ҳолат рух дода буд) ҳатман занг мезанад ва кӯмак мехоҳад.

Ҳолам он қадр хуб набуд ва чанд рӯзи пайи ҳам касолат доштам, вале ноилоҷ барояш занг задам. Аз он сӯйи хат бароям гуфт:

-Наберадор шудам. Духтарча. Ягон номи хуб барояш гузоред.

-Муборак бод. Писарат аз хидмати сарбозӣ озод шуд. Умри набераат дароз бод. Беҳтар аст худат ба набераат ном гузорӣ, ман ҳозир фурсати номкобӣ надорам ва ҳавслаам ҳам сард шудааст…

Ёдам расид, ки ду рӯз пеш  писарам аз деҳа занг зада, боисрор хоҳиш кард, ки мабодо ба абераи писархолаам номе нагузорам, зеро тараф танҳо барои баҳонае аз ман ном дархост мекунанд, то пасон маро ба “ҷурме” айбдор кунанд…

Дар чунин вазъ боз барояш гуфтам:

-Худат ё бобокалонаш ном гузоранд. Ман ақабнишинӣ мекунам.

Вале тараф дастбардор набуд ва боисрор ва тавалло хоҳиш мекард, ки “ягон номи нағз гӯед”. Бадоҳатан дар зеҳнам номи зебои “Дурахшон” буруз кард. Аммо духтари писархолаам боз исрор дошт:

-Наход дар дунё фақат ҳамин “Дурахшон” бошад, боз панҷ-шаштои дигар ҳам номи зебо гӯед.

-Пас фурсат бидеҳ андеша кунам ва ҳар вақт, ки номҳои баргузида пайдо кардам, бароят занг мезанам ва мегӯям.

Ду соъат пас ба ӯ занг задам ва нуздаҳ номи сад дар сад миллӣ ва тоҷикиро (форсӣ) барояш пешниҳод кардам, ки дар як варақ бинависад ва интихоб кунад: кудом яке аз онҳо писанд аст.

Дами бегоҳ ҳамсари азизам, ки ҳар сухани маро бо таваҷҷӯҳ дунбол мекунад, бароям ёдовар шуд, ки аз номҳои баргузида барои духтарча-абераи писархолаам чӣ хабар. Барои таскини дили бечорагон маҷбур шудам, боз ба духтари писархолаам занг бизанам ва аз интихоби ном пусрон шавам. Эй кош занг намезадам ва ба сарам дард намеуфтод. Чунин ба назар мерасид, ки ман дар садаи бисту анд ва духтари писархолаам дар садри дини ислом қарор дорад:

-Ин номҳое, ки шумо пешниҳод кардед, мусалмонӣ нест. Агар мо яке аз онҳоро барои наберачаам гузорем, одамон механданд, масхара мекунанд…

Омода будам, ки ҳар ҳарфе аст, бишнавам, вале то ин андоза дар ҷаҳолат будани хешовандони худамро намедонистам. Лаҳзае хомӯш мондам ва пасон бо лаҳни ором барояш гуфтам:

-Ман хато кардам. Аслан номашро бо ҳарфҳои калон-калон дар Зоднома “халафбӣ, араббибӣ, қазоқбӣ, қирғизбӣ, ӯзбакбибӣ, паштунбибӣ ё пухтунбӣ, айша, урусбибӣ, ӯғулбӣ, ӯғулой, қӯлсун, ӯлсун, бӯлсун, басбӣ, хасбӣ, гурҷӣ, хӯрҷӣ, раҷаббӣ, аҷаббӣ, зоғнӯл ё шӯрнӯл” навис, ки ҳамааш сад дар сад мусалмонӣ аст. Агар дар идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ ба ин номҳо мухолифат пеш ояд, бароям хабар бидеҳ ман аз Кумитаи истилоҳот рухсат мегирам.

Дигар чизе нагуфтам ва гӯшии телефони ҳамроҳро хомӯш кардам.

Номҳое, ки ман барои духтарча пешниҳод кардам, аз ин қарор аст: Дурахшон, Тарона, Ҷовидона, Шодфар, Ориёнӯш, Оринбону, Офариндухт, Баландахтар, Тобондухт, Жола, Жило, Нурофарин, Навбаҳор (духтарча рӯзи 21.03.3023 соати 14:10 чашм бу дунё гушуда), Нӯшфар, Навгул, Ялдо, Нектоҷ, Некдил, Виро.

Мирбобои Мирраҳим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь