Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар санаи баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзи 21-уми март тасдиқ карда шуд. Дар ин бора сардори Муассисаи давлатии коммуналӣ, чароғонкунӣ ва ороиши шаҳри Бохтар Ёрмаҳмад Назарзода иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ айни ҳол омодагии МИҲД-шаҳр ба Наврӯз хуб буда, ду рамзи наврӯзӣ, шиору овезаҳои инъикоскунандаи Наврӯз, гулҳои ороишӣ ва дигар омодагиҳо идома доранд.
– Намоишгоҳи Наврӯзӣ дар майдони 70-солагии азхудкунии Водии Вахш баргузор гашта, барномаи театрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар бо иштироки беҳтарин ҳунармандон гузаронида мешавад.
Блоки рекламавӣ