Тавре сомонаи Samturinfo хабар додааст, дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки роҳбарони он ба бунёди роҳи оҳани дохилӣ шуруъ кардаанд.
Он дар масофаи 50 километр тӯл кашида, се ноҳияи вилоят – Ҷомбой, Тайлоқ ва Ургутро ба ҳам мепайвандад. Яке аз пойгоҳҳои роҳи оҳани нав дар сарҳад бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Қатораи аввалин бо роҳи оҳани нав охири соли равон ба ҳаракат даромада, тавассути он бор ва мусофиронкашонӣ ба роҳ монда мешавад.
Бобо Солеҳзода
Блоки рекламавӣ