Имрӯз, 13-уми март, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар суҳбат бо хабаргузории қирғизии АКИpress изҳор дошт, ки масъалаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра ба манфиати ҳарду миллат ҳал шудааст.
Pressa.tj менависда, ба гуфтаи ӯ, интиқод дар чунин масъалаҳо як амри табиӣ аст, аммо муҳим он аст, ки манфиатҳои ду давлат ҳалли худро ёфтанд. «Дар Тоҷикистон низ моро дар ин маврид танқид мекунанд. Аммо ин чизи асосӣ нест. Муҳим он аст, ки акнун муносибатҳо бародарона ва таърихӣ хоҳанд буд. Онҳо бояд мисли бародарони ҳақиқӣ бошанд. Масъалаи боз кардани тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба таври қатъӣ ҳал шудааст. Нахуст, ду гузаргоҳ расман боз мешаванд ва сипас ҳамаи гузаргоҳҳои боқимонда,» – таъкид кард Ятимов.
Ҳамзамон, имрӯз президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи марзии ду кишварро имзо карданд.
Дар вилояти Бодканд расман гузаргоҳҳои марзии “Қизил-Бел” ва “Қайрағоч” дубора кушода шуданд.