Замоне ба раъду барқ чун як падидаи табиат хусусан дар баҳорон он қадар таваҷҷӯҳ надоштам, охир дар ин мавридҳо аз дасти ман чӣ ҳам меомад?! Албатта дар вақти борони шиддатнок гаҳ-гаҳ аз боми ларзонаки бибиям ёд мекардаму ба хотир меовардам, ки дар ин ҳолатҳо бечора зери ҳар як чак-чаки борони баҳорӣ зарфҳои зиёде мисли косаю табақ ва пиёлаҳоро монда, интизори баромадани офтобу вафои ваъдаҳои ман мешуд… Бечора, дилам ба ҳолаш месӯзаду илоҷе надорам, зеро кисаи ман ҳам аранге сӯрох ҳасту он пулу пайсае, ки медарояд надонам чаро зуд мебарояд…Раъду барқ… Тундар…
Аммо гап ҳоло сари дигар чӣ меравад… аниқтараш сари ҳодисае… дар хона, дар курсӣ бепарво рӯзномахонон нишаста будам, ки… ҳа гуфтагӣ барин занам наменамуд, одатан ё ба бозор рафта буд ё ба аёдати хешу таборамон ё ба маҷлиси модарон-модарон (мани падар хушу вақт надорам) ба мактаб ва ё ба омада-омади иди худашон омодагӣ мегирифт ва ё умуман… ба ростӣ дар ин самт низ бепарво будам…
Тундар… сахт аланга заду ҳамаҷоро лаҳзае торикӣ пахш кард… як дилам таҳ фаромаду… об нӯшидам, ки боз мӯътадил гашт… баъди чанде дар назди хона садои нақлиётеро шунида, андаке гӯш ба қимор шудам, марди хилъатсафеде бе тақ-тақ даромаду:
-Муаллим шумо?
-Ҳа ман
-Ин зани шумо?
Нигоҳам ба бемор афтод, ҳа, охир ин занами ман-ку?
-Ҳа чӣ гап?
-Хайрият бахтатон баландӣ карду шумо аз ҳамсару фарзандонатон аз модар…
-Ҳой-ҳой, бе шаф-шаф, шафтолуи гапро занед! Ҳа ин зани ман! Ягон гап доштед?
-Муаллим вазнин шавед, ман гуфтанӣ ки оилаатон навакак дар зери раъду барқ монда, хайрият зинда монданд, хайрият табақи чӯби болои сараш муҳофизат кард, вагарна…
-Чӣ? Табақ?! Табақ куҷост?!
-Сӯхта бо гандуми дарунаш хокистар шуд!
-Ээээ войе! Ҳайфи табақи меросӣ…
-Хай шукр гӯед, ки занатон зинда монд!
-Э коше ин хокистар мешуду он бутун боқӣ мемонд!
-Вазнин шавед, ба ростӣ парешонҳол гаштед! Як масъалаи дигар ҷой дорад, ногуфта намонад, ки ба зани шумо ҳодисаи ғайримуқаррарӣ рух дод!
-Маро талхакаф накунед!
-Тинҷӣ-тинҷӣ, сад шукр гӯед, вале гап сари он меравад, ки занатон хотираашро қисман аз даст додааст!
-Чӣ хел?!
-Масалан ному насаби худу фарзандон ва шуморо медонад…
-Пас чӣ хел хотираашро гум кардааст? О, ҳама чизро медонад-ку?
-Не, не охир, масалан зиндагии пешину имрӯзро қариб намедонад, ё дар ёд надорад, камгап шудааст ва дар ин маврид…
-Духтурҷон сад ташаккуру ҳазорон шукр! Саломат бошед, ҳолатро фаҳмидам. Майлаш шумо аз пайи сиҳатии мардум шавед. Дигар вақтатонро намегирам. Хайр!
Духтурро тез гусел кардам… Ба хона назди занам наздиктар омада, рост ба чашмонаш назар кардам, онҳо мисли шиша… ким-чӣ хел маҳзун, шалпару лакот менамуданд. Ба ростӣ, он қадар ҳоло ҳам бовариам намеомад, ки… охир ин хелашро солҳои қаблӣ дар силсилафилмҳои мексикою испонӣ ва ҳоло дар киноҳои туркӣ мебинам… наход мӯъҷизае рух дода бошад?! Боз дар ҳаёти воқеии ман! Аҷабо!!!
Барои санҷиш саволе додам: «Рӯзи таваллудат?»
-7-уми март!
О, бало зад! Ёд дорад-ку?! Охир ҳар сол бо як азоб рӯзи зодрӯзу рӯзи бонувонро пас аз як рӯзи дигари он таҷлил карда, ана баъд… моҳе бепул саёқ-саёқ мегардам, имсол ҳам чунин мешуда бошад?! Боз барои санҷиш: «Соли гузашта чӣ тӯҳфа гирифта будӣ?»
-Хуб дар хотирам нест…шояд ягон тӯҳфаи…
-Олиҷаноб! Аҷаб кори завқовар! Ессс!
-Чӣ олиҷаноб?!
-Ҳа азизакам, тӯҳфаҳои олиҷанобе гирифта будӣ! Ширинию чанд дастпонаю гушвори тиллоӣ ва чанд газ матоҳои замонавӣ! (албатта ин ҳам бофтаи худам буду дар асл ман ғайр як даста гул дигар чизи кирое надода будам, вале фурсат мувофиқ!)
Азизакам, аслан дигар нашудаӣ ва кирои ғамгину рӯҳафтода гаштан нест, баръакс зиндагиро аз нав сар мекунем, он бароят мисли коғази сафед ҳасту бо ҳарфҳои заррин рӯзгорро оро хоҳем дод! Ва… як-ду нуктаро дар хотир гирифтанат аз рӯзгори пешин ба фикрам хеле хубу ба маврид аст, зеро зиндагии солимро, ки пеша намудаӣ, донистан ба фоидаи ҳамагон аст.
Мардҳои азиз! Чӣ гӯям, ки дар ин маврид чӣ хел хушҳол будам, нақшаҳое, ки аз сарам нагузашт… ваъдаҳои пешинро пурра хат задаму ба ваъда…не-не, ба амалӣ кардани нақшаҳои нав сар кардам. Бечора то замоне, ки дар ин ҳолат қарор дорад, эъ…кошкӣ як умр ҳамин хел монад, мисли рӯзҳои аввали ба ҳавлии бобоям омадан камсухан, чеҳракушода, ботамкин ва… албатта каме ғамгин, лекин ин ҳеҷ гап не!!!
Боз ба ӯ рӯ оварда:
-Азизакам бояд донӣ, ки мою туро дар ин гузар ҳамсояҳо Маҷнуну Лайлӣ гумон мекунанд…
-Чаро?!
-Ана калла! Охир боре ҳам гапамон нагурехта, боре ҳам ту гапу амр ва фармонҳои маро рад накардаӣ, бо масъулияти баланд аз пайи корӣ! Зеро аз рашку ҳасад ҳамсояҳо метавонанд овозаҳои бардурӯғ… масалан дар бораи ман гӯянд, вале ту ҳамоно мисли санги вазнин сархамона аз пайи кори худат бош!
Боз барои санҷиш: Азизам мою ту ҳамин ду-се рӯз пеш ба як қароре омада будем, дар хотират ҳаст ё?
-Не, дар ёдам умуман чизе нест…
-Ҳа, ин нағз!!!
-Чӣ нағз?
-Ҳа, ҳамон қарорамон хеле нағз буд ва бори дигар ёдрас шуда, тибқи он амал мекунем, майлаш?!
-Чӣ хеле Шумо фармоеду дастур диҳед…
-Ана ин боз нағз, фақат ба ман ё ҳазратам ё азизу меҳрубонам ва ё ҳамсари ягонаам, яъне мисли пешин (куҷо пешин, ин ҳама тахаюлоти хуши худам!!!) муроҷиат кун! Ва биё сари қарордод меоем. Ман намедонам, ки чаро ба ин иқдом даст задӣ?!
-Чӣ хел?!
-Ман ҳам дар тааҷҷуб, шояд аз он хотир бошад, ки аз тӯҳфаҳои зиёду сабабд-сабад гул ва зиндагии хуш як навъ дилгир шудӣ, масалан мувофиқи ҳамон қародод, ки аслан муаллифи пешкораш худат будӣ, ба қароре омадӣ, ки дигар ба ту савғоие надиҳам, зеро ту хеле сахт хафа мешавӣ! Дигар аз баҳри гӯшт, ғизое аз маҳсулоти гӯштӣ, равған, ҳасибу моҳӣ, ширинию каллапочаи ҳайвон даст кашида, паҳрезӣ мекунӣ, надонам, ки чаро аз аёдати хешу ақрабои худат, аҷаб он ҳаст, ки аз меҳмондории хешу пайвандонат баромада, гӯшанишинӣ мекунӣ ва боз ҳам ҳайронам, ки ба ман як қатор вазифа ё ӯҳдадориро вогузор кардаӣ! Агар не гӯям ё даст кашам ончунон хафа мешавӣ, ки… хайр ман то дараҷае корро албатта боинсофона иҷро намуда, аз пайи иҷроиши он бандҳои қарордод мешавам, масалан метавонам то поси шаб бо дӯстон, ҳатто бо чанд паривашу бонуҳои зебо бошам, метавонам баъзе шабҳо ба хона наоям, маошамро пурра сарфи айшу ишрати худам кунам. Боз як таклифи ту маро тамоман лол намудааст!
-Кадомаш?!
-Ҳамоне, ки баъзан-баъзан бадани тани ту ба дарде меояду бояд ман… дар ин маврид мушту ҳақорати хешро дареғ надорам, ҳа гуфтагӣ барин ҳамин як ҳафта пеш чунин ҳолат рух дод, ҳоло ҳам ба ростӣ муштонам дард карда истодааст…
-Азизам ин корро дар хотир дорӣ?
-Не, умуман дар ёдам нест…
-Хайрият… Пас ман ҳоло андаке кор дорам, ҳа, ҳамон савғои имсолаю дар омодагии хуби иди Шумо, шояд бегоҳу шаб наоям, о, ин ҳам тибқи қарордод-ку?!
Ба кӯча баромадам, ҳаво абрнок буда, як-то нимто борон меомад, аз дур садои раъду барқро мешунавам… тундар… оқибаташ ба хайр бошад! Ҳар чӣ шавад таваккал мекунам ва ба сӯи тарабхона меравам… Дӯстону… интизоранд… Наъраи тундар баландтар мешуд. Дилам як таҳ кашиду… Ба хайр бошад!
Сабзаалӣ Асозода