Аввали моҳи апрел дар Самарқанд нишасти «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» баргузор гардид, ки нахустин мулоқоти сатҳи баланд байни раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар мавриди мавзӯъҳои асосии баҳс ва он, ки аз ин дар амал бояд чиро интизор шуд, бо коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов сӯҳбат кардем.
Аврупо дер кард
“Аҳамияти нишасти “Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ”, ки дар Самарқанд баргузор гардид, дар он аст, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мулоқоти мустақим бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва муҳокимаи масъалаҳои барои кишварҳои минтақа муҳим имконият пайдо карданд”, – қайд мекунад коршинос. – Ин аввалин нишастест, ки дар чунин миқёс гузаронида шуд, ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Аврупо дар ин масъала аз дигар кишварҳо хеле ақиб мондааст, зеро қаблан кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин мулоқотҳоро бо ИМА, Русия, Чин ва дигар давлатҳо гузаронида буд. Дар рӯйхати (дар байни) кишварҳои барои ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдор Иттиҳоди Аврупо дар поин (дар қафо) меистад, аммо фикр мекунам, ин ба рақобати дохилии сиёсӣ дар Иттиҳоди Аврупо вобаста аст.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуруди сармоягузориҳои аврупоӣ ба инфрасохтор ва соҳаи энержӣ умед мебанданд, вале Иттиҳоди Аврупо метавонад захираҳоро ба ниёзҳои дохилии худ равона кунад.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди ҳамкориҳои амиқ ва ҳамаҷониба байни ду минтақа ба мувофиқа расиданд, ки бар асоси иҷрои пурраи созишномаҳои кунунӣ ва ояндаи дуҷониба оид ба шарикӣ ва ҳамкориҳои васеъ ба роҳ монда мешавад. Чунин созишномаҳо соли 2024 байни Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон ба имзо расида буданд, соли ҷорӣ имзои чунин созишнома бо Ӯзбекистон низ ба нақша гирифта шудааст ва дар ин бора дар соли 2026 бо Тоҷикистон низ тавофуқ ҳосил хоҳад шуд».
Одатан, дар чунин чорабиниҳо таваҷҷӯҳи асосӣ ба рӯзномаи иқтисодӣ равона карда мешавад. Нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” низ истисно набуд, вале дар масъалаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба дастовардҳои пештара тамаркуз карда, ба афзоиши гардиши мол байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо тӯли чанд соли охир таъкид карда шуд.
Имрӯз барои Осиёи Марказӣ яке аз саволҳои муҳим дар он аст, ки чӣ гуна сиёсати нави иқтисодии Аврупо ба содироти минтақа таъсир мерасонад. Зеро роҳбарони Аврупо бештар дар бораи «бастани» бозорҳои худ ва ҷавобан ба таҳримҳои Амрико ҷорӣ кардани боҷҳои калони воридотӣ ҳарф мезананд ва ин барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи мусоид намебошад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вуруди сармоягузориҳои аврупоӣ ба инфрасохтор ва соҳаи энержӣ умед мебанданд, вале Иттиҳоди Аврупо метавонад захираҳоро ба ниёзҳои дохилии худ равона кунад.
Ин бори аввал нест, ки сиёсатмадорони аврупоӣ қарорҳои бар хилофи манфиатҳои шаҳрвандони худ равонашударо қабул мекунанд, ин аллакай дар дастгирии онҳо аз таҳримҳои зидди Русия, ки ба иқтисодиёти кишварҳои Аврупо зарба заданд, зоҳир гардида буд. Хушбахтона, сиёсати раҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сиёсати ҳамтоёни аврупоии онҳо ба куллӣ фарқ мекунад ва ҳамкорие, ки ба рушди иқтисодиёт мусоидат намекунад, ба гумон аст, ки амалӣ шавад.
Дар ин ҳамоиш дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ чӣ пешниҳод карда шуд?
Масалан, ҷонибҳо дар бораи мунтазам гузарондани чорабиниҳои муштараки иқтисодӣ тавофуқ карданд. Аз ҳама ҷолибаш он аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар бораи дар доираи ташаббуси Global Gateway ҷудо кардани 12 миллиард евро барои рушди инфрасохтор ва таъмини рушди устувори иқтисодии минтақа эълон кард. Аммо бе шартномҳои мушаххас.
Коршинос Фаридун Усмонов қайд мекунад, ки иҷрои ин ваъдаҳо ҳамзамон бо мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ, ки имрӯз Аврупо бо он рӯбарӯ аст, печида аст.
“Мо шоҳиди вазъи ноороми иқтисодӣ дар ҷаҳон ҳастем, ки аз ҷумла бо амалҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ангехта шудааст. Дар чунин шароит, вақте ки иқтисодиёти як қатор кишварҳои асосии Иттиҳоди Аврупо аз ҷиҳати таъмини буҷет душворӣ мекашад ва тайи чанд соли охир коҳиши суръати афзоиш ба назар мерасад, дар бораи он, ки Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадориҳои эълондоштаи худро иҷро хоҳад кард, сухан гуфтан барвақт (бармаҳал) аст. Лоиҳаҳои сармоягузории инфрасохторӣ – ин ташаббусҳои захираталаб мебошанд ва хатари он вуҷуд дорад, ки то замони амалисозии онҳо ҳам авлавиятҳо ва ҳам рӯзномаи худи Иттиҳоди Аврупо метавонад тағир ёбад, ва ин дар навбати худ метавонад ба сармоягузориҳои ҳозира таъсири манфӣ расонад.
“Бо дарназардошти мушкилоти кунунии иқтисодҳои пешрафтаи Аврупо, наметавон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои эълондоштаи худро амалӣ карда метавонад.” Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов
Аз нигоҳи Тоҷикистон андешаҳое, ки дар ин ҳамоиш дар мавриди рушди равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ садо доданд, то ҳол самараи маҳдуд дода истодаанд ва кишвари мо дар ин самт аз Аврупо интизориҳои зиёд надорад. Дар маҷмӯъ, равобити тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи хеле паст қарор дорад».
“Бо дарназардошти мушкилоти кунунии иқтисодҳои пешрафтаи Аврупо, наметавон гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо ташаббусҳои эълондоштаи худро амалӣ карда метавонад.” – мегӯяд коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба ин нишаст мавзӯи доимии муқовимат ба саркашӣ аз таҳримҳои зидди Русияро пешниҳод карданд. Аммо дар ин бора ягон изҳорот ё санаде вуҷуд надорад, ки ин як нуқтаи қобили мулоҳиза аст: Осиёи Марказӣ мехоҳад ҳамчун як бозингари мустақил, ки на ҳамчун иттифоқчии як кишвар дар мубориза бо кишвари дигар, балки ба манфиати шукуфоии худ баромад кунад.
Ташаббусҳои инфрасохторӣ, ашьёи хомӣ ва энергетикӣ
Дар ин ҳамоиш ба рушди долони нақлиётии Транскаспий – масири алтернативии ҳамлу нақли мол байни Аврупо ва Осиё таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд. Аз 12 миллиард долларе, ки қаблан зикр гардида буд, қисми зиёдаш маҳз барои ҳамин мақсад ҷудо карда мешавад.
«Рушди долони нақлиётии Транс-Хазар барои Тоҷикистон он қадар аҳамияти калон надорад, зеро кишвари мо дар охири ин занҷир қарор дорад, ва гумон аст, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик аз ин долон фаъолона истифода барад, зеро иқтидори содиротии кишвар ба Иттиҳоди Аврупо маҳдуд аст. Яъне бо вуҷуди ҷой доштани тағйиротҳои мусбӣ дар ин самт, гардиши мол байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
Ба рушди долони нақлиётии Транс-Хазар Қазоқистон манфиатдор аст, зеро гардиши мол байни ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо хеле зиёд аст. Аммо на ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин лоиҳа авлавият медиҳанд, аз ҷумла барои Тоҷикистон ин сармоягузориҳо он қадар ҷолиб нестанд, зеро эҳтимолан дар ояндаи наздик ба кишвари мо самараи амалӣ нахоҳанд овард.
Долони нақлиётии Транс-Хазар аз бандари дарёии Чин оғоз ёфта, баъдан молҳо ба бандарҳои Қазоқистон расонида мешаванд. Сипас бо қатора ба Боку ва аз он ҷо тавассути баҳр ба бандарҳои Гурҷистон интиқол дода мешаванд. Аз он ҷо бо контейнерҳо тавассути баҳр ба бандарҳои Руминия, Булғористон ва мамлакатҳои Аврупои Ҷанубӣ интиқол дода мешаванд.
Долони нақлиётии Транс-Хазар аз бандари дарёии Чин оғоз ёфта, баъдан молҳо ба бандарҳои Қазоқистон расонида мешаванд. Сипас бо қатора ба Боку ва аз он ҷо тавассути баҳр ба бандарҳои Гурҷистон интиқол дода мешаванд. Аз он ҷо бо контейнерҳо тавассути баҳр ба бандарҳои Руминия, Булғористон ва мамлакатҳои Аврупои Ҷанубӣ интиқол дода мешаванд.
Осиёи Марказӣ масъалаи тақсими об ва тағйирёбии иқлимро матраҳ кард ва Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии дипломатияи обӣ ва конфронс оид ба пиряхҳо, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор мегардад, изҳори омодагӣ намуд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Барои Тоҷикистон дар ин ҳамоиш баррасии масоили амнияти обӣ махсусан муҳим буд. Таъкид гардид, ки истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои обӣ барои рушди минтақа бисёр муҳим аст. Ҳамчунин дар мавриди ҷорӣ кардани рафторҳои (равишҳои) инноватсионӣ дар ҳамкориҳои обиву энергетикӣ, ки ба мусоидат ба фаъолияти иҷтимоии муҳим оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ нигаронида шудаанд, тавофуқ ҳосил карда шуд. Барои Тоҷикистон ҳамчун самтҳои асосии ҳамкорӣ тавсеъаи лоиҳаҳо дар бахши об ва иҷрои ташаббусҳо дар бахши энержӣ боқӣ мемонад.
Инчунин масъалаи тавсеаи шарикӣ барои дастрасӣ ба ашёи хоми муҳим алоҳида баррасӣ карда шуд – барои Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дар ин масъала аҳамияти стратегӣ дорад. Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд”.
“Захираҳои Осиёи Марказӣ – ин як бочкаи асал барои бозингарони ҷаҳонӣ мебошанд. Ин боигариҳои табиӣ ҳамчун оби ҳаёт барои иқтисоди ҷаҳонии оянда хоҳанд буд”, гуфт раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен.
Коршинос таъкид мекунад, ки дар ин ҳамоиш масъалаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла ҳамкориҳо оид ба авзои Афғонистон баррасӣ карда шуданд.
“Ҷонибҳо хоҳиши умумиро барои мусоидат ба табдил додани Афғонистон ба як давлати амн, босубот ва шукуфони дорои системаи фарогири идоракунӣ, ки ба ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла занону духтарон, намояндагони гурӯҳҳои динӣ ва ақаллиятҳо эҳтиром гузошта, бо ҳамсоягони худ дар сулҳ зиндагӣ мекунад ва ӯҳдадориҳои байналмилалиро риоя мекунад, изҳор доштанд. Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар мавриди идома додани машваратҳо оид ба масъалаи Афғонистон бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишҳо барои беҳтар кардани вазъият дар ин кишвар ба мувофиқа расиданд.
Илова бар ин, дар рафти ҳамоиш ва имзои эъломияи ниҳоии муштарак ҷонибҳо бори дигар содиқ будани худро ба қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ таҳти №541 аз соли 1983 ва №550 аз соли 1984 оид ба мақоми Кипри Шимолӣ тасдиқ карданд. Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ин мавқеъи худро нишон доданд: кӯшишҳои Кипри Шимолӣ барои ба даст овардани қонуният, аз ҷумла тавассути Созмони кишварҳои туркӣ, ба қарорҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид мухолифат мекунанд ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қобили қабул нестанд”.
“Захираҳои Осиёи Марказӣ – ин як бочкаи асал барои бозингарони ҷаҳонӣ мебошанд. Ин боигариҳои табиӣ ҳамчун оби ҳаёт барои иқтисоди ҷаҳонии оянда хоҳанд буд.” Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен
Рӯзнома масъалаҳои Афғонистон, ҳуқуқи инсон ва эътироф накардани Кипри Шимолиро дарбар гирифта буд. Ҳамаи ин таъкид мекунад, ки Иттиҳоди Аврупо ба минтақаи мо на танҳо ба хотири рушди иқтисодиёт, балки барои пешбурди рӯзномаи худ меояд.
Нишасти “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, аз як тараф, хоҳиши ҷонибҳоро барои идомаи муколама нишон дод, аммо, аз тарафи дигар, онро метавон чунин тавсиф кард: гапҳои зиёд – амали кам.
Дар ҳоле ки амалҳои Иттиҳоди Аврупо танҳо бо ваъдаҳо маҳдуд мешаванд, кишварҳои минтақа эҳтиёткорона рафтор мекунанд ва барои сохтани нақшаҳои стратегӣ дар самти Аврупо шитоб намекунанд.
Матлуба Қ