24 апрели соли равон дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони озмуни “20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ин озмун бо ибтикори Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар соҳаи бонкдорӣ, тақвияти иштирок ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар арзёбӣ мегардад.
Ба гуфтаи масъулон, озмун бо номинатсияҳои зерин ҷамъбаст гардид: “Корманди қарзии беҳтарин”, “Корманди беҳтарини кор бо амонат, пасандоз ва кортҳои бонкӣ”, “Корманди беҳтарини роҳбарикунанда”, “Корманди беҳтарини соҳаи иттилооти технологии бонкӣ” ва “Корманди беҳтарин Идораи фаръӣ”.
Сафарзода Рукмина, муовини раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, барои фаъолияти шоиста ва саҳми назарраси худ дар рушди соҳаи бонкдорӣ бо унвони “Бонуи муваффақи соҳаи бонкдории Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
Инчунин, дар номинатсияи “Корманди қарзии беҳтарин” Исмоилова Шаҳноз – муовини директори департаменти қарздиҳии “Амонатбонк” ғолиб дониста шуда, бо дипломи Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ба иттилои баргузоркунандагон, ғолибон бо назардошти фаъолияти намунавӣ, таҷрибаи касбӣ, саҳмгузорӣ дар рушди соҳа, ҳамчунин иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангию иҷтимоӣ интихоб шудаанд.
Масъулони Ассотсиатсияи ташкилотҳои молиявии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки чунин озмунҳо дар баланд бардоштани завқи касбии бонувон ва ҷалби бештари онҳо ба бахши бонкдорӣ мусоидат намуда, дар таҳкими мавқеи занон дар арсаи иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозанд.
Шаҳзода Дилшодзода