Имрӯз дар шаҳри Бангкоки Тайланд Чемпионати ҷудои Осиё шуруъ шуд, ки то 27-уми апрел идома мекунад.

Дар ин мусобиқа 13 паҳлавон, 9 мард ва 4 зан, Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавонони тоҷик се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Паҳлавони тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал озод буда, рақобатро дар даври дуюм муқобили Ҷетсакадорн Суксай аз Тайланд оғоз карда, дастболо шуд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Шерзод Давлатов аз Қазоқистон мағлуб шуда, дар рақобати тасаллобахш намояндаи Баҳрайн Руслан Портулатскийро шикаст дод ва барои нишони биринҷӣ бар Нуродил Алжан аз Қазоқистон пиорӯз шуд.

Ҷудокори соҳибноми тоҷик Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Тойлу Муродов аз Туркманистон зафар ёфт. Дар даври баъдӣ Эмомалӣ бар Абулфазл Маҳмудӣ аз Эрон дастболо шуд ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Эмомалӣ аз Замоншаҳрӣ Бекмуродов аз Ӯзбекистон мағлуб шуда, барои нишони биринҷӣ Йержан Йеренкаюпови қазоқистониро шикаст дод.

Ҷудокори номвари тоҷик Обид Ҷебов дар вазни 66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Гарвит Гарвит аз Ҳиндустон зафар ёфт. Дар даври баъдӣ Ҷебов мағлуби Замоншаҳрӣ Бекмуродов аз Ӯзбекистон шуда, дар рақобати тасаллобахш бар Абулфазл Маҳмудӣ аз Эрон зафар ёфт. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Ҷебов бо Ҳаянг Жанг аз Чин гӯштин гирифта, пирӯзӣ ба даст овард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь